Лариса Додхудоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лариса Додхудоева
Лариса Назаровна Додхудоева
Таърихи таваллуд 1958(1958)
Зодгоҳ Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих,
Ҷойҳои кор Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади ДонишАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Алма-матер Институти рассомӣ, ҳайкалтароши ва меъмории ба номи И.Е. Репини Академияи ҳунарҳои СССР дар ш. Санкт-Петербург(1970) ДДТ ба номи В.И.Ленин
Ҷоизаҳо «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Лариса Назаровна Додхудоева (тав. 1958, ноҳияи Рушон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) – олим, муаррих, доктори илмҳои таърих, «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Лариса Додхудоева хатмкардаи факултети ҳунаршиносии Институти рассомӣ, ҳайкалтароши ва меъмории ба номи И.Е. Репини Академияи ҳунарҳои СССР дар ш. Санкт-Петербург(1970). Ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи Шарқшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (1970-1991); мудири шуъбаи Осиёи Марказӣ (1993-1996) ва ҷонишини директори Пажуҳишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмиллалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (1996-2000); ходими калони илмӣ ( 2000-2008) ва мудири шуъбаи мардумшиносии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади ДонишАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2008- то ҳол)

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Лариса Додхудоева муаллифи зиёда аз 500 китоб, албом, рисола ва мақолаҳои илмӣ, ки дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар нашр шудаанд. Нахустин тадқиқотчие, ки расмҳои миниатюраҳои Шарқро аз хазинаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пурра омӯхта, дастраси илми ҷахон гардонидааст. Фарҳангии миллии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар фаъолона ташвиқу тарғиб намудааст: дар Осорхонаи Ҳиндустон (Берлин,с. 2011); Донишкадаи мутараққии тадқиқотҳо (Принстон, Нйю Джерси, ИМА с. 2004- 2005); дар Макотиби олии тадқиқотҳои иҷтимои (Порис,с. 2007) ; Донишгоҳи Ратгерс (ИМА, с. 2008); Донишгоҳи Колгейт (ИМА,с. 2011) лексия хонда, намоиши ҳунарҳои мардумии Тоҷикистонро ташкил кардааст. Яке аз тадқиқотчиёни асосӣ дар соҳаи ҳунарҳои муосир ва яке аз муаллифони китоби тараққиёти ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон шинохта шудааст.[1]

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Албоми аксҳои "Хӯрокҳои тоҷикон" дар доираи барномаи IEARN TAJIKISTAN "Фотожурналистика 2014: Мерос, гуруснагӣ ва амнияти озуқаворӣ", ки аз ҷониби Шабакаи Байналмилалии Маориф ва Захираҳои Тоҷикистон наш шудааст. Душанбе, 2014 (бо ҳаммуаллифӣ).
  • Таърихи фарҳанги таббахии халқи. Муҳаррир Л. Додхудоева. Душанбе, 2015.
  • Тоҷикистон. Тадқиқоти этнографии саҳроӣ 2013. Душанбе, 2014. (ҳаммуаллифӣ)
  • Тоҷикистон: Зарафшани боло: Тадқиқоти саҳрои этнографии соли 2014. Душанбе, 2017.
  • Тоҷикистон. Нуробод ва Роғун: Тадқиқотҳои саҳрои этнографӣ. Душанбе,2018
  • Истеҳсолоти ҳунармандии Тоҷикистон (дар асоси маводи таҳқиқотии саҳроии солҳои 2013-2017)./ Мураттиб Н.К. Убайдулло, муаллифон-мураттибон Л.Додхудоева, З. Юсуфбекова, М. Шовалиева. Душанбе, 2019.[2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Лариса Назаровна Додхудоева(тоҷ.). www.institute-history.tj (2020). 15 августи 2023 санҷида шуд.
  2. Лариса Назаровна Додхудоева(тоҷ.). www.institute-history.tj (2020). 15 августи 2023 санҷида шуд.