Лутфӣ Саид
| |
Таърихи таваллуд: | 11 март 1917 |
Зодгоҳ: | Исфара, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 2001 |
Маҳалли даргузашт: | Исфара, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Солҳои эҷод: | 1938-2000 |
Жанр: | ҳикоя, роман |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Лутфӣ Саид (11 марти 1917, Исфара — 3 сентябри 2001, ҳамонҷо) — нависандаи тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Лутфӣ Саид 11 марти соли 1917 дар Исфара дар оилаи рӯҳонӣ — Домулло Мирсаиди Аълам таваллуд шудааст. Фаъолияти кориро бармаҳал сар карда, чанде коргари роҳи оҳан ва сардори бригадаи ангиштканон дар Шӯроб будааст. Техникуми молияи Ленинобод ва дорулмуллимини тоҷикии Тошкандро хатм намудааст. Пас аз хатми дорулмуаллимин, соли 1941 ӯро барои кор ба ноҳияи Ҳисор фиристодаанд. Дар мактабҳои маҳаллӣ зиёда аз 30 сол аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст. Дар рӯзномаҳои “Пионери Тоҷикистон”(1947), “Газетаи муаллимон”(1953) дар вазифаҳои ходими адабӣ, котиби масъул кор кардааст. Соли 2001 аз олам чашм пӯшидааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Оғози фаъолияти эҷодияш ба соли 1938 рост меояд, ки аз ҳамон сол аввалин ҳикояаш бо номи «Дарди чашми Бибиоиша» дар маҷаллаи «Роҳи ленинӣ» чоп шуд. Хикояҳояш дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» ба табъ расидаанд, ки аз онҳо «Дар сари гулхан»(1952), «Дар як рӯзи борон»(1957), «Базм дар хонаи Худо»(1959), «Ҷомаи ҷамъиятӣ» (1959), «Фарзанди ҳазрати Одам» (1961), «Содиқпаҳлавон» (1962), «Кадуи шариатпаноҳ» (1962) ва ғ. ниҳоят хотирнишинанд. Онҳо аз тарафи тарҷумони маъруф Эммонуил Муллоқандов, нависандагон Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҳошим, Пӯлод Толис, Солеҳ Салоҳ, мунаққид Аскар Ҳаким баҳои баланд гирифтанд.
Соли 1963 китоби нахустини китоби ӯ бо номи «Дар назди гулхан» бо пешгуфтори Ҷалол Икромӣ ба нашр расид. Ва соли 1965 бо тавсияи Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҳошим, ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуд. Мунаққидону хонандагон Лутфӣ Саидро чун нависандаи ҳикояҳои таърихӣ мешиносанд. Китобҳои «Асрори саҳро», «Қиссаҳои Хуршед», «Сояи мурғи ҳумо», баъдан романҳои «Дар рӯзҳои тӯфон», «Ғуруби кӯҳи Сепоя» пешкаши хонандагон гардидаанд. Ба муносибати 90 солагии нависанда, маҷмӯаи мақолаҳо, хотирот ва мукотибаву асноди Лутфӣ Саид бо номи «Бозомади хуршед» (Мураттибон Абдувалӣ Давронов ва Субҳони Аъзамзод) соли 2007 дар Душанбе ба нашр расид. Романи се қисмаи Лутфӣ Саид бо номи «Фарзандони замон» дар бораи рӯйдодҳои Бухорои Шарқӣ, пайдо шудани болшевикон дар ин сарзамин, муборизаи муҷоҳиддин… нақл мекунад, ҳоло пурра ба чоп нарасидааст.[1]
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Дар назди гулхан»(1963)
- «Асрори саҳро» (1972)
- «Қиссаҳои Хуршед» (1984)
- «Сояи мурғи ҳумо» (1985)
- «Дар рӯзҳои тӯфон» (1989)
- «Ғуруби кӯҳи Сепоя» (1998)
- «Бозомади хуршед» (2007)
- «Фарзандони замон» - роман дар се қисм, қисми 1 (2017)
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муаллими шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1964)
Некдошт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дар шаҳри Исфара кӯчае бо номи Лутфӣ Саид гузошта шудааст.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе: «Адиб», 2014. — С. 206 ISBN 978-99947-2-379-9