Манижа Сангин
Манижа Далеровна Ҳамроева | |
Иттилооти асосӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд | тоҷикӣ: Манижа Далеровна Ҳамроева |
Таърихи таваллуд | 8 июл 1991 (33 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе Тоҷикистон |
Солҳои фаъолият | 2003 — то ҳоло |
Кишвар | Русия |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Сабк |
этни-поп соул R'n'B |
Номи мустаъор |
РуКола Манижа Сангин Manizha |
Гурӯҳ | Krip De Shin |
Ҳамкорӣ |
Ассаи Laska Omnia |
manizh.me | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Манижа Сангин (Ҳамроева Манижа Далеровна, тав. 8 июли 1991, Душанбе, Тоҷикистон) — овозхони тоҷиктабори Русия, мусиқидони мустақил, муаллиф ва иҷрокунандаи сурудҳо, коргардони видеоклипҳои мусиқӣ, ходими ҷамъиятӣ дар самти мубориза алайҳи зуроварӣ дар оила, иштирокчии озмуни «Евровижн-2021», амбассадори фонди хайриявии «Подари жизнь» (аз декабри соли 2019), аввалин сафири Русия дар Агентии СММ оид ба гурезаҳо (аз декабри соли 2020).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Манижа Ҳамроева соли 1991 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ набераи Тоҷӣ Усмон, яке аз нависандагони машҳури тоҷик аст.
Факултаи равоншиносии Донишгоҳи давлатию гуманитарии Русияро хатм кардааст.[1]
Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ тарона мехонад, ҳоло дар Маскав зиндагонӣ ва фаъолият дорад. Аввал бо тахаллуси «РуКола», ҳоло бо номҳои мустаъор; Манижа Сангин, Manizha дар баромадҳои ҳунарӣ, сабтҳои фиттаҳои видеоӣ ва овозӣ ба мухлисон маълум аст.
Соли 2007 Манижа Ҳамроева дар озмуни байналмилалии мусиқӣ дар кишварҳои ИДМ «Панҷ ситора. Интервидение» бомуваффақият иштирок намудааст.
2 декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе консерти Манижа Сангин баргузор гардид. Дар ин бора дар саҳифаи расмиаш, дар Instagram сабт шудааст.
6 сентябри соли 2022 бо коргардони гурҷию укроинтабор Ладо Кватания хонадор шуд.[2]
Бинобар иттилоъи РБК, моҳи июли соли 2023 онҳо духтарчае бо номи Оливия тавлид кардаанд.
Фаъолияти сарояндагӣ ва ҷамъиятӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Овозхони тоҷиктабори Русия Манижа Сангин навозандаи мустақил, муаллиф ва сароянда, коргардони клипҳо, ходими ҷамъиятӣ дар мубориза бо хушунатҳои хонаводагӣ, аз соли 2019 сафири бунёди “Ҳаёт эҳдо бикун”, аз соли 2020 — сафири иродаи неки СММ дар умури паноҳандагон мебошад. Сароянда соли гузашта сафири иродаи неки Русия дар Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) интихоб шуд. Дар ин бора созмон 14 декабри соли 2020 — дар рӯзи 70-солагии худ эълом дошт. Пештар Агентии СММ оид ба паноҳандагон сафири иродаи нек аз Русия надошт.[3]
Соли 2022 дар филми коргарон Ладо Кватания «Ҳукми қатл» (русӣ «Казнь»), дар нақши модари Исо нақш офари кардааст.[4]
Ғолиби Озмуни Евровижн дар Русия
[вироиш | вироиши манбаъ]Озмуни Евровижн аз соли 1956 ба ин тараф ҳар сол баргузор мешавад ва дар зоти худ яке аз машҳуртарин чорабиниҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар қоидаҳои озмун омадааст, ки ҳар ҳунарманд сарфи назар аз миллаташ метавонад аз ҳар кишвар намояндагӣ кунад. Танҳо ҳамзамон ду кишварро муаррифӣ намудан манъ аст. Солҳои охир дар марҳилаи ниҳоии озмун реҷаи гузашти мукаммали парчамҳои ҳамаи давлатҳои ширкаткунанда, ки ба финал роҳ ёфтаанд, баргузор мешавад.
Интихоби иштирокчӣ аз Русия соли 2021 аз тариқи овоздиҳии тамошобинон мустақиман дар Шабакаи якуми Телевизиони Русия 8 марти соли 2021 сурат гирифт. Манижа соли 2021 дар ин озмун Русияро бо суруди Russian Woman муаррифӣ кард, ки матни он боиси мавҷи танқидҳои зиёд шуда буд. Ба гуфтаи худи овозхон, «Зани рус» — ин сурудест дар бораи тағйирёбии худшиносии зан дар тӯли чанд садсолаи охир дар Русия.[3]
65-умин озмуни ҷашнӣ аз 18 то 20 майи соли 2021 дар толори консертии «Ahoy» шаҳри Роттердам, давлати (Ҳолланд) таҳти шиори «Open Up» (“Боз шав”) баргузор шуд. 18 майи соли 2021 аввалин нимфинали Евровижн баргузоршуд, ки дар он Манижа баромад кард ва ба финал роҳ ёфт. Дар ин рӯз аз 41 навозанда ва гурӯҳҳои барои ширкат дар «Евровижн-2020» эълоншуда, 18 нафар кишварҳояшонро муаррифӣ карданд. Нимфинали дуюм 20 майи соли 2021 гузаронида шуд. Аз кишварҳои собиқ ИҶШС дар озмун Арманистон, Латвия, Литва, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Украина ва Эстония ширкат карданд. Манижа дар даври финал, 22 майи соли 2021 бо 204 хол дар байни иштирокчиёни озмун ҷои нуҳумро ишғол намуд.[3]
Табрикоти Сафири Русия
[вироиш | вироиши манбаъ]Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов овозхон Манижа Сангинро барои ба нимфинали Озмуни байналмилалии «Евровидение-2021» баромаданаш табрик намуда, ба вай барори кор таманно кард.
Овозхони русу тоҷик, сафири иродаи неки Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон Манижа Сангинро, ки 8 март дар барномаи мустақими Шабакаи аввал ғолиби интихоби миллӣ ҷиҳати иштирок дар озмуни сурудҳои «Евровидение-2021» гардид, табрик менамоем. Ин ки тамошобинони Россия сарояндаи боистеъдодро дастгирӣ карданд, бори дигар аз равобити мустаҳками дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳои мо шаҳодат медиҳад. Ба Манижа дар озмун комёбиҳо таманно дорем ва бесаброна умедвори пирӯзии ӯ мебошем! Сафири Россия дар Тоҷикистон И. С. Лякин-Фролов— [3]
Машҳуртарин навори видеоии Манижа дар YouTube
[вироиш | вироиши манбаъ]Навори видеоии Манижа ба суруди Russian Woman, ки бо он Русияро дар 65-умин Озмуни Евровижн-2021 дар шаҳри Роттердам, давлати Ҳолланд муаррифӣ кард, дар шабакаи расмии ҳунарнамоӣ дар YouTube миёни 39 клипи иштирокчиёни намоиши соли 2021 аллакай беш аз 10 миллион тамошобин пайдо карда, байни онҳо машҳуртарин шуда буд.[5]
Арзёбиҳои баъзе шореҳони Русия аз ғолибияти Манижа
[вироиш | вироиши манбаъ]1 апрели соли 2021 сиёсатшинос ва рӯзноманигори рус, собиқ муовини сармуҳаррир ва сардабири рӯзномаи «Известия» Георгий Бовт дар мавҷи радиои Business FM чунин гуфт:
«Нармии сиёсӣ — ин ҳоло барои мо нест. Аз «пирӯзии зани тоҷик» барои иштирок дар озмуни сурудҳо огоҳӣ ёфта, «фатводиҳандагон» ва «ифшогарон» аз ҳама тарқишҳо сар берун бароварданд. Шарм надошта, дар бораи миллаташ ҳам гуфтанд. Масалан, Владимир Жириновский гуфт: “Ман мутмаин нестам, ки ин барои баланд бардоштани эътибори зани рус ва дар маҷмӯъ Россия хуб аст. Кӣ ӯро интихоб кардааст?.. Чунин суруд ба кӣ лозим аст?». Мусиқинавоз Юрий Лоза изҳори андеша кардааст, ки суруди Russian Woman ба фарҳанги русӣ робита надорад. Публитсистҳои православӣ ба хашм омаданд ва суханони онҳоро беҳтараш иқтибос наоварем… »— [6]
.
Владимир Жириновский зикр карда буд, ки арзёбии зани рус дар суруди Манижа барои муаррифии кишвари мо дар озмуни байналмилалии суруд мувофиқ нест. Раиси ҲЛДР исрор меварзад, ки дар суруд набояд калимаҳое вуҷуд дошта бошанд, ки шаъну эътибори зани русро паст бизананд. Сипас, Владимир Жириновский шарҳ дод, ки интиқоди ӯ аз композитсияи «Зани рус», ки бо он сароянда Манижа, зодаи Душанбе дар озмуни сурудҳои “Евровидение” аз Россия намояндагӣ хоҳад кард, ба миллати сароянда иртибот надорад. Дар ин бора «РИА Новости» хабар додааст.
«Аз арзёбиҳои баъзе шореҳон, аз ҷумла сиёсатшинос Георгий Бовт, ки танқиди моро ба миллати сароянда рабт медиҳанд, ҳайронем. Сухан дар бораи ин намеравад. Шахсан ман вақте ки дар бораи суруд суҳбат мекардам, танҳо матни онро дар назар доштам»
, — навиштааст Жириновский дар Телеграм — канали шахсиаш.[6]
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Албомҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- РуКола «Пренебрегаю» (2008)[7]
- РуКола «Второй» (2010)
- Krip De Shin «Krip De Shin» (EP, 2012)[8]
- Manizha «Manuscript» (2017)[9]
- Manizha «#ЯIAM» (2018)
Manizha
[вироиш | вироиши манбаъ]- Manizha feat. Escome «Waiting» (2012)[10]
- Manizha «Люстра» (2016)[11]
- Manizha «I miss him» (2016)
- Manizha «Иногда» (2017)
- Manizha «Изумруд» (2017)
Мукофотҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамчун овозхони беҳтарини Русия дар соли 2020 ҷоизаи MTV Europe Music Awards-ро соҳиб шуд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Биография Рукола
- Алена Снежинская. РуКола: Нежный колокольчик хранит целомудрие // «DailyShow.Ru» 30.01.2008 17:36(рус.)
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- manizh.me — вебгоҳи расмии Manizha
- Manizha дар вебгоҳи Instagram
- Саҳифаи расмии Manizha дар шабакаи иҷтимоии Facebook
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ https://m.sobaka.ru/entertainment/music/46942
- ↑ https://ru.m.wikipedia.org/wiki/%D0%9A%D0%B2%D0%B0%D1%82%D0%B0%D0%BD%D0%B8%D1%8F,_%D0%9B%D0%B0%D0%B4%D0%BE#%D0%9B%D0%B8%D1%87%D0%BD%D0%B0%D1%8F_%D0%B6%D0%B8%D0%B7%D0%BD%D1%8C
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 «УМЕДВОРИ ПИРӮЗИИ Ӯ МЕБОШЕМ!». Сафири Россия ба Манижа дар «Евровидение» муваффақият таманно кард(тоҷ.). www.khovar.tj. 8 апрели 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 апрели 2021.
- ↑ https://ru.m.wikipedia.org/wiki/%D0%9A%D0%B0%D0%B7%D0%BD%D1%8C_(%D1%84%D0%B8%D0%BB%D1%8C%D0%BC)
- ↑ «Навори видеоии Манижа дар шабакаи «Евровижн» миёни иштирокчиёни соли 2021 аз ҳама бештар машҳур шуд(тоҷ.). www.khovar.tj. 8 апрели 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 май 2021.
- ↑ 6.0 6.1 «Жириновский гуфт, ки интиқоди ӯ аз композитсияи «Зани рус» ба матни суруд дахл дорад, на ба миллати овозхон Манижа(тоҷ.). www.khovar.tj. 8 апрели 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 апрели 2021.
- ↑ Выиграй дебютный альбом РуКолы!. 15 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 Декабри 2017.
- ↑ Krip De Shin
- ↑ Manuscript
- ↑ Манижа — Waiting (feat. Escome)
- ↑ Manizha — Люстра