Масҷиди Қарамиршикор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Масҷид
Масҷиди Қарамиршикор
Кишвар
Сабки меъморӣ Меъмории исломӣ

Масҷиди Қарамиршикор — яке аз масҷидҳои куҳани шаҳри Душанбе, дар маҳаллаи Қарамиршикор ҷой­гир буда, бо номи маҳаллаи мазкур маъруф буд.

Солҳои 1947—1950 ҳамчун масҷиди панҷвақта амал мекард. Аз соли 1950 — масҷиди ҷомеъ. Аз ибодатгоҳ ва айвонҳои паҳлуӣ иборат аст. Чаҳор сутуни кандакорӣ дорад. Болои меҳроб бо нақшҳои росткунҷаву нимдоира музайян аст. Сутун­ҳои айвони шарқӣ кандакорӣ шудаанд. Охири солҳои 80 бо мақсади васеъ кардани масҷид аз тарафи девори ғар­бии он боз як ибодатгоҳи 4­сутуна бино карда, дар кун­ҷаш минбар сохтаанд. Сутунҳои иморати нав кан да корӣ шудаанд. Ду сутунбоша дошта, танаашон дар шакли «кӯ­за» ва «мадохил» тарошида шудаанд. Сақфи бино пуро­роиш аст. Кодокҳо бо ҳошияҳои кандакорӣ ва нақшҳо оро дода, деворҳо гаҷкорӣ шудаанд. Дарвозахона дар қисмати ҷанубу ғарбии бинои асосӣ ҷойгир буда, дар болояш гун­бади калон сохта шудааст.

Масҷиди Қарамиршикор дар Вазорати фарҳанги Ҷум­ҳурии Тоҷикистон 10 ноябри 2009 таҳти № 02/42 аз қайди баҳисобгирӣ гузаронида шуда, расман амал мекунад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]