Меркантилизм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Як наққошӣ аз як бандари Фаронса дар соли 1638 дар авҷи Меркантализм

Мактаби Меркантилизм (итол. il mercante, савдогар аз лот. mercanti, тиҷорат) — яке аз мактабҳои хело маъмул ва яке аз зинаҳои аввали пайдоиши афкори иқтисодии ҷамъият мебошад. Ин мактаби иқтисодӣ аввалин мактабест, ки афкори иқтисодии ҷамъиятро дар шакли як илм махсус ба вуҷуд овардааст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайдоиши мактаби савдогарӣ ба якчанд заминаҳои иқтисод асри XVI вобаста мебошад. Меркантилизм дар асри XVI дар Итолиё, Португалия, Фаронса, ва Испания ба вуҷуд омадааст. Мувофиқи ақидаи бештари олимон сабаби асоси пайдоиши ин мактаб ва хусусиятҳои ин мактаб аз он иборат аст, ки дар охирҳои асри XVI ва аввалҳои асри XVII барои иқтисодии ин давлатҳо кашф намудани ҷазираҳои Амрикои Шимолӣ таъсири калон расониданд.
Мактаби Меркантилизм cоли 1650 аввалин маротиба аз ҷониби яке аз намояндагони ин мактаб олими фаронсавӣ Антуан Монкретсон афкори иқтисодии ҷамъият дар шакли илми муайяни иқтисодӣ бо номи «Иқтисоди сиёсӣ» ба вуҷуд омад.
Намояндаи асосии ин мактаб Томас Мэн мебошад, ки ӯ дар тараққиёти ин мактаб саҳми беандоза дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]