Миралӣ Раҷабзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Миралӣ Раҷабзода
Таърихи таваллуд: 17 октябр 1959(1959-10-17) (64 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Орҷонкидзеобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Институти давлатии педагогии Душанбе, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

Миралӣ Раҷабзода (17 октябри 1959, ноҳияи Орҷонкидзеобод) — агроном, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Миралӣ Раҷабзода 17 октябри соли 1959 дар хонадони тоҷик дар ноҳияи Орҷонкидзеобод таваллуд шудааст. Соли 1982 Институти давлатии педагогии Душанбе ва соли 2001 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ихтисос: биология-химия, агрономия.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1976—1982 — мудири китобхонаи Ҷамоати Туғмазори шаҳри Норак; Солҳои 1982-1989-омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 47-и ноҳияи Кофарниҳон;
  • 1989—1990 — мудири шуъбаи кадрҳои совхози «Гули Сурх»-и ноҳияи Кофарниҳон;
  • 1990—1993 — мудири хоҷагии совхози «Гули Сурх»-и ноҳияи Кофарниҳон;
  • Соли 1993 — раиси Кумитаи Иттифоқи касабаи совхози «Гули Сурх»-и ноҳияи Кофарниҳон;
  • 1993—1996 — директори совхози «Шӯҳрат»-и ноҳияи Кофарниҳон;
  • 1996—2000 — раиси колхози «Боғпарвар»-и шаҳри Норак;
  • 2000—2005 — раиси Шӯрои ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии «Боғпарвар»-и шаҳри Норак;
  • 2005—2008 — раиси кумитаи заминсозии шаҳри Норак;
  • 2008—2011 — муовини раиси шаҳри Норак;
  • 2011—2013 — муовини якуми раиси шаҳри Норак;
  • 2013−2015 — раиси шаҳри Норак;
  • 2015—2021 — Раиси ноҳияи Файзобод.

Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.[1]

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2013 бо медали Хидмати шоиста сарфароз гардонида шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Раҷабзода Миралӣ(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.