Назрулло Каримов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Назрулло Каримов
Таърихи таваллуд 15 сентябр 1976(1976-09-15) (47 сол)
Зодгоҳ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология[d] (2013)

Каримов Назрулло Салимович (зод. 15 сентябр 1976, Советобод, ноҳияи Ҳамадонӣ) — забоншинос, муаллими калон (2007), номзади илмҳои филология (2013).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Назрулло Каримов 15 сентябри соли 1976 дар деҳаи Советободи ноҳияи Москва ба дунё омадааст. Дар соли 2000-ум факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии милии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2000 муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи забони муосири ДМТ, аспиранти шуъбаи ғоибона (2002­-2005), солҳои 2004—2007 ба сифати мушовири ноиби аввали ректори ДМТ фаъолият намудааст. Аз соли 2007 ба сифати муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намудааст[1].

Рисолаи номзадияшро таҳти унвони «Хусусиятҳои луғавию маъноии забони ғазалиёти Лоҳутӣ» соли 2013 ҳимоя намудааст. Муаллифи зиёда аз 20 асару мақолаҳои илмӣ-методӣ ва оммавӣ мебошад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Силлабус аз фанни алифбои ниёгон барои донишҷӯёни ихтисосҳои ғайрифилологӣ. — Душанбе: ЭР-Граф, 2010;
  • Дастури таълимии «Маҷмӯаи саволу ҷавобҳои тестӣ аз фанни алифбои ниёгон». — Душанбе: ЭР-Граф, 2010 (ҳаммуаллиф).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]