Нарзуллоҳи Латиф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Нарзуллоҳи Латиф
Нарзуллоҳи Латиф
Таърихи таваллуд 1952
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон

Нарзуллоҳи Латиф - соли 1952 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, пас аз хатми Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон ДДМТ дар расонаҳои мухталифи кишвар ва идораҳои давлатӣ ифои вазифа кардааст.

Дар солҳои гуногун ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва сармуҳаррири нашрияҳои "Футбол", "Варзиш – Спорт" буда, чандин сол боз раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон мебошад.

Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буда, бо унвон ва нишонҳои баланди фахрии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Аз соли 2002 шореҳи варзиши радиои Озодӣ мебошад[1].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. http://www.ozodi.org/author/15080.html Нарзуллоҳи Латиф - Радиои Озодӣ