Нарзулло Дӯстов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нарзулло Дӯстов
Нарзулло Дӯстов
Таърихи таваллуд: 1940(1940)
Зодгоҳ: ноҳияи Дарвоз
Таърихи даргузашт: 00.11.2023
Маҳалли даргузашт: Тошканд
Шаҳрвандӣ: Тоҷикистон
Навъи фаъолият: сиёсатмадор

Нарзулло Дӯстовсиёсатмадор, собиқ муовини президенти Тоҷикистон (декабри 1991 - майи 1992), вазири нақлиёти Тоҷикистон (1992-1994) буд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Нарзулло Дӯстов соли 1940 ба дунё омада, дар солҳои 80-ум ба мақоми раиси автобаза расида буд. Ӯ соли 1989 вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд ва аз ҷумлаи вакилони фаъоли он ҳайъати порлумон ба ҳисоб мерафт. Дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 1991 Нарзулло Дӯстов ба ҳайси номзад ба ноиби президент дар командаи Раҳмон Набиев буд ва бо пирӯзии Набиев дар интихобот ба мақоми ноибии ӯ расид. Аммо дар моҳи майи соли 1992 таҳти фишори тарафдорони мухолифин, ки дар майдони Шаҳидон дар маркази Душанбе хайма зада буданд, Дӯстов аз мақоми ноиби президент барканор карда шуд. Моҳи декабри соли 1992 бо пирӯзии Фронти халқӣ Дӯстов боз ба ҳукумат баргашт. Ӯ як замон вазифаи вазири нақлиёти Тоҷикистонро бар зимма дошт. Соли 1994 Дӯстов аз ин мақом барканор шуд ва чанд соли дигар дар мақоми муовини вазири нақлиёт фаъолият кардааст.[1].

Тарки Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Нарзулло Дӯстов дар соли 1998 баъди ошуби полковник Маҳмуд Худойбердиев Тоҷикистонро тарк кард. Нарзулло Дӯстов аз соли 1998 ба ин тараф дар Узбекистон ба сар мебурд ва ӯро аз ҳамроҳони полковники ошӯбгар, Маҳмуд Худойбердиев, медонанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ӯро ба гумони талоши табаддулоти давлатӣ, сарнагунии ҳокимият ва ошӯби мусаллаҳона ҷустуҷӯ мекард.[2].

Иштирок дар ошуби мусаллаҳона зидди ҳокимият[вироиш | вироиши манбаъ]

Баҳром Шомиров, муфаттиши додситонии Хатлон, дар соли 1998 гуфта буд, ки

"шаби 3 ба 4-уми ноябри соли 1998 ин гурӯҳ аз тарафи Худойбердиев М. ва Нарзулло Дӯстов бо яроқҳои оташфишон муҷаҳазонида шуда, тахминан соатҳои 2 ба 3-и шаб ба вилояти Суғди Тоҷикистон бо мақсади ғасби ҳокимият ҳуҷуми мусаллаҳона карда, тахминан муддати 3 шабонарӯз ҳамаи иншоот ва идораҳои дорои аҳамияти стратегӣ доштаи ин минтақаи ҷумҳуриро зери назорати худ қарор медиҳанд.»

[3].

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «гурӯҳи Дӯстов ва Худойбердиевро» ба ғасби биноҳои давлатӣ муттаҳам карда буданд. Он замон мақомот гуфта буданд, ки ин гурӯҳ дар Ӯзбекистон паноҳ бурдаанд. Баъдан, дар расонаҳо хабар нашр шуд, ки Маҳмуд Худойбердиев, полковники ошубгар дар Ӯзбекистон як воҳиди низомиро раҳбарӣ мекунад. Маълум набуд, ки Дӯстов то охир ҳамроҳӣ Маҳмуд буд ё не. Сарнавишти Маҳмуд Худойбердиев номаълум аст.[4].

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Собиқ ноиби президенти Тоҷикистон дар замони Раҳмон Набиев – Нарзулло Дӯстовро дар шаҳри Тошканд ба хок супоридаанд. Ӯ 82 сол дошта, солҳои охир дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон зиндагӣ мекард. Ҳарчанд ки Нарзулло Дӯстов моҳи ноябр бар асари бемории саратон даргузаштааст, вале аввали моҳи декабр хабари маргаш расонаӣ шуд.[5].

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. www.pressa.tj. Даргузашти ноиби Раҳмон Набиев. Нарзулло Дӯстов кист?(тоҷ.) (2 Декабри 2022). 22 Декабри 2022 санҷида шуд.
  2. www.rfe.pangea-cms.com. Ноиби собиқи президенти Тоҷикистонро дар Тошканд дафн кардаанд(тоҷ.) (1 Декабри 2022). 22 Декабри 2022 санҷида шуд.
  3. www.rfe.pangea-cms.com. Ноиби собиқи президенти Тоҷикистонро дар Тошканд дафн кардаанд(тоҷ.) (1 Декабри 2022). 22 Декабри 2022 санҷида шуд.
  4. www.rfe.pangea-cms.com. Ноиби собиқи президенти Тоҷикистонро дар Тошканд дафн кардаанд(тоҷ.) (1 Декабри 2022). 22 Декабри 2022 санҷида шуд.
  5. www.pressa.tj. Даргузашти ноиби Раҳмон Набиев. Нарзулло Дӯстов кист?(тоҷ.) (2 Декабри 2022). 22 Декабри 2022 санҷида шуд.