Озод Аминзода
Озод Аминзода | |
Таърихи таваллуд: | 1 октябр 1933 |
Зодгоҳ: | Хуҷанд |
Таърихи даргузашт: | 7 июл 2009 (75 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Хуҷанд , Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, Нависанда |
Озод Аминзода — шоир, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1965)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Озод Аминзода (Аминова Озод) 1 октябри соли 1933 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонадони шоир ва тарҷумони моҳир Муҳиддин Аминзода, чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1958, баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров соле чанд (1958-1970) дар мактаби №49 ноҳияи Хуҷанд аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст. Солҳои 1971-1987 дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» мудири шуъба, аз соли 1987 то давраи ба нафақа баромаданаш раиси шуъбаи Ленинободи Бунёди фарҳанги Тоҷикистон будааст. Фаъолияти эҷодиаш аз солҳои донишҷӯӣ (1957) оғоз ёфта, дар тӯли умраш чандин маҷмӯаи шеърашро пешкаши хонандагон гардондааст. Дар ҳайъати нависандагони СССР ба аксари ҷамоҳири шӯравӣ ва бисёр мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Фаронса, Олмон, Булғория, Арабистон ва Эрон сафар кардааст. Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Озод Аминзода 7 июни соли 2009 аз олам даргузашт.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Мавзӯи эҷоди шоира набзу рӯҳи замона буда, армонҳои наҷиби давлатдорӣ, рисолати пешвоёни замона ва характери мардуми одиро моҳирона баён кардааст. Тасвири зебоиҳои диёр, урфу одати муҳассани мардум ва падидаҳои хуҷастаи зиндагӣ дар осораш мақоми асосӣ доранд. Китобҳои шоира «Сатрҳои нахустин», «Бо ёди ту», «Чашми бедор», «Дилбари саҳро», «Пайроҳаи сабз», «Сипос», «Ёди ширин», «Неспящие глаза» ва «Зелёная тропинка» (Маскав) мақбули ҳама гардидаанд. Соли 2003, ба муносибати 70-солагии зодрӯзи шоира, китоби ашъори ӯ «Дунёи дил» интишор ёфтааст, ки нуқли офаридаҳояшро дар бар дорад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон (1982);
- Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (1996);
- Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон;
- Медали «Барои меҳнати шоён»;
- Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 38 ISBN 978-99947-2-379-9
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 1 октябр
- Зодагони соли 1933
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Хуҷанд
- Даргузаштагони 7 июл
- Даргузаштагони соли 2009
- Даргузаштагони шаҳри Хуҷанд
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Шоирони тоҷик
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Занон-нависандаҳои асри XX-и Тоҷикистон