Паоло Веронезе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Паоло Веронезе
итол. Paolo Veronese
Суратҳо
Таърихи таваллуд 1528[1][2][3]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 19 апрел 1588(1588-04-19)[4][5] ё 9 апрел 1588(1588-04-09)[6]
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр такчеҳра[2], нигоргарии сурат[d][7], наққошии таърихӣ[d][7][2], allegory[d][2] ва religious art[d][2]
Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Паоло Каляри (итол. Paolo Caliari), бештар маъруф ба Веронезе (итол. Veronese; 1528[1][2][3], Верона[d], Veneto[d][2]19 апрел 1588[4][5] ё 9 апрел 1588[6], Венетсия[2]) — рассоми итолиёӣ, намояндаи Эҳёи баъдӣ ва мактаби Венетсия.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Верона таваллуд шудааст (лақабаш ҳам аз ҳамин ҷост), аз оилаи аҷдодии сангтарошон ва ҳаккокони рӯйи санг. Дар назди рассоми маҳаллӣ А. Бадиле таълим гирифтааст. Асарҳои Рафаэл, А. Дюрер, Луки Лейденскийро нусхабардорӣ менамуд. Дар манзараҳои пештар тасвиркардааш таъсири дигар устодон: Корреҷо, Титсиан, Ф. Пармиҷанино Я. Тинторетто, Микеланҷело низ мушоҳида мешавад. Соли 1553 ӯро барои наққошии Қасри Дожҳо, бинои асосии маъмурии шаҳр, рамзи давлатдории Венетсия, даъват намуданд. Веронезе дар гурӯҳе, ки ин супоришро иҷро менамуданд, зуд роҳбари бадеӣ шуд. Веронезе дар нақшунигори Қасри Дожҳо аз усули фреска (рангҳои обие, ки дар рӯи андоваи тар кашида мешуданд) даст кашида, бо ранги равғанин ба катоне, ки дар чорчӯбҳо барои ороиши хона бо шаклҳои меъморӣ сохта шуда буданд, навиштанро афзал шуморид. Ба ин корҳои ӯ ҳамзамононаш баҳои баланд доданд. Нақшунигорҳои сақфи калисои Себастяни Муқаддас (1555) бештар шуҳратёр шуданд. Веронезе намоя, нақшунигор ва деворнигораҳои худро дар дурнамои мураккаб бо дар назар доштани таносуби бандубастии наққошӣ бо меъморӣ дақиқ ҳисоб кардааст. Асарҳои дар давраҳои охир дар ин бахш эҷодкардаи Веронезе низ машҳуранд: намояи нави Қасри Дожҳо, деворнигораҳои чорбоғи берунишаҳрии оилаи Барбаро-Волпи дар Мазер (тақр. 1565, меъмор А. Палладио, ҳайкалтарош А. Виттория) ва ғ. Веронезе ҳамчун рангшиноси беҳамто, устоди аржангҳои нуқрафом, муаллифи композитсияҳои бузург, ки сужетҳои Библияро дар заминаи меъморӣ ҳамчун манзараи бисёрсимо, идона ва дунявӣ намоиш медиҳанд, машҳур гардид. Мусаввараҳои дастгоҳии Веронезе дар мавзӯъҳои динӣ ва дунявӣ (аз ҷумла атиқа) низ дар ҳамин услуб эҷод шудаанд: «Ҷашни арӯсӣ дар Кана Галилей» (намояи ҳаҷмаш 6,6 ба 9,9 м, ки 136 симоро тасвир мекунад; онро Веронезе дар 15 моҳ кашидааст); «Хонаводаи Доро дар пеши пойи Искандар» (тақр. 1570), «Зиёфат дар хонаи Симон Фарисей» (1570); «Зиёфат дар хонаи Левий» (1573, дар ҳақиқат манзараи бузурги ҳаҷмаш 5,5 ба 13 м бо композитсияи мураккаб ва хислатҳои ниҳоят мухталифи тасвиршудагон касро ба ҳайрат мегузорад); «Рабудани Аврупо», 1580). Таъсири мусаввараҳои Веронезеро рассомони аҳдҳои гуногун ва равияҳои мухталиф: П. П. Рубенс, Н. Пуссен, Д. Веласкес, Ҷ. Б. Теполо, А. Ватто, Э. Делакруа, Г. Курбе ва бисёр дигарон эҳсос кардаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]