Венетсия

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи


Венетсия
Collage Venezia.jpg
НишонCoA Città di Venezia.png ПарчамFlag of Most Serene Republic of Venice.svg}
Кишвар: Итолиё
Вилоят:
Ноҳия: Венето
Замони таъсис:
Марказ:
Координатаҳо:
Иқлим:
Масоҳат (га): 412 км²
Паҳноӣ(км):
Дарозӣ (км):
Аҳолӣ, ҳазор нафар: 270 439
Коди телефонӣ: +39 41
Нишонаи почта: 30100
Вақт: UTC +1 тобистон UTC +2
Map of comune of Venice (province of Venice, region Veneto, Italy).svg

Вене́тсия (итолиёвӣ Venezia, — шаҳрест, ки дар қисми шимолии Итолиё назди соҳили баҳри Адриатикӣ қарор дорад. Пеш аз ҳама таърих ва фарҳанги бой дорад ва бо мавқеъи ҷуғрофии худ, ки дар ҷазираҳо ва каналҳо қарор дорад, маъруф аст. Дар асрҳои миёна Венетсия маркази Ҷумҳурии Венетсия буда яке аз давлатҳои мӯҳимтарини атрофи баҳри Миёназамин ба ҳисоб мерафт. Дарҳол маркази калонтарини туристӣ (ҷаҳонгардӣ) ва пойтахти яке аз ноҳияҳои Итолиё, Венето мебошад. Аҳолиаш — 270 400 нафар (2009).

Мавқеъи ҷуғрофӣ[вироиш]

Аз ҳама канали калонтарин дар Венетсия

Бандаргоҳ дар Баҳри Адриатӣ (миқдори борҳои кашондашуда зиёда аз 21 млн тонн дар як сол); Фурудгоҳи Байналмиллалӣ ба номи Марко Поло. Маркази таърихӣ ва бисёр марказҳои рассомӣ, ҳайкалтарошӣ дар 118 ҷазираҳои Венетсия қарор доранд ки ба воситаи қариб 400 пул (купрук) (ин чунин Риалто ва пули Нафас, ки дар охири асри XVI сохта шудааст) пайванд ҳастанд.

Қисми саноати - бандаргоҳии Венетсия (Местре) қитъагӣ мебошад. Киштисозӣ ва таъмири онҳо, металлургияи ранга, коркарди нефт ва маҳсулоти химиёвӣ, саноати сабук. Истеҳсоли маҳсулоти шишагини бадеӣ (ҷазираи Мурано; осорхона), маҳсулоти турӣ (ҷазираи Бурано), кошинкорӣ. Донишкада, консерватория (1916). Осорхона (ин чунин Нигористони Академияи санъат). Якумин театри опера ба ҳама дастрас «Фениче» (1792) дар ҳамин ҷо қарор доранд.

Иқлим[вироиш]

Венетсия — шаҳри ҷанубӣ мебошад ва ба арзҳои хати устувои Қрим наздик аст. Баро Венетсия тобистони дуру-дарози гарм хос аст ва ҳарорати миёнаи тобистон тақрибан ба +23° гармӣ дар моҳи июл рост меояд. Дар зимистон, хусусан дар моҳи январ ҳарорати миёна +2,5°-ро ташкил мекунад. Баъзе вақт дар зимистон барфборӣ мешавад.

Таърих[вироиш]

Пули Реалто яке аз нишонаҳои рамзии Венетсия мебошад[1]

Номи шаҳр аз номи вилояти Венетия бар меояд, ки аз номи қабилаи венетҳо гирифта шудааст. Ин қабила аз давраи Рими Қадим дар ҳамин ҷо сукунат мекарданд. Аммо он вақт маҳаллаҳои шаҳристонӣ мавҷуд набуд. Сукунати одамон пас аз тохтутози вестготҳо, ҳунҳои Аттила ва лангобардҳо, ки асрҳои V—VI милодӣ тамоми шаҳрҳои Аврупоро хароб карданд, ибтидо гирифт. Сохтумони шаҳристонҳо дар ҷазираҳои Венетсия дар нимаи асри VI сар шуд. Аз аввал марказҳои аҳолинишин Маламокко ва Торчелло қарор доштанд, сипас аз асри VIII сар карда ба мавқеъи имрӯза омад. Дар асри VII ҷазираҳо бо ташаббуси Рум дар иттиҳоди як ҳоким дохил шуданд (доҷ). Якум доҷ Паоло Лучио Анафесто дар соли 697 интихоб шуд, ки ҳуҷатҳое ки инро тасдиқ карда метавонад мавҷуд надоранд ва ӯ сипаҳсолори Румиро Magister militum-ро иваз карда тамоми ноҳияро зери итоати худ мегардонад. Аз байни асри VIII саркарда доҷро дар Венетсия интихоб мекарданд ва дар тасдиқ кардани сипаҳсолори Румӣ дигар ҳоҷат набуд. Якум сарчашмае ки интихоботи доҷҳоро тасдиқ мекунад аз соли 727 баргузор гашт ва ҳамагӣ дар таърихи шаҳр 120 доҷ интихоб шуда буд. Охирин доҷ Лодовико Манин, дар соли 1797 аз ҳукмронӣ рӯй мегардонад.

Сарчашма[вироиш]

  1. www.italyproject.ru


Шаҳрҳои Итолиё Flag of Italy.svg

Рим | Милан | Неапол | Турин | Палермо | Генуя | Болоня | Флорентсия | Бари | Катания | Венетсия | Верона | Мессина | Падуя | Триест | Таранто | Брешиа | Реҷо-ди-Калабрия | Прато | Модена | Парма | Перуҷа | Реҷо-Эмилия | Ливорно | Каляри | Равенна | Фоҷа | Салерно | Римини | Феррара | Сассари | Сиракуза | Пескара | Монса | Латина | Бергамо | Форли | Виченса | Ҷуляно-ин-Кампаня | Тренто | Терни | Новара | Анкона | Болсано | Пяченса |