Рафоатхон Самадова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рафоатхон Самадова
Рафоатхон Ахунбабаевна Самадова
Таърихи таваллуд 25 август 1938(1938-08-25) (85 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд , вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер ДДОЛ ба номи С.М.Киров

Рафоатхон Ахунбабаевна Самадова (тав. 25.08.1938 ) шаҳри Хуҷанд , вилояти Суғд) — олим, омӯзгор, доктори илмҳои педагогӣ, Аз соли 2001 профессори кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1963 Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Ихтисос омӯзгори забон ва адабиёти рус.

Солҳои 1965 – 1967 — Омӯзгори кафедраи методикаи таълими забони русӣ ДДОЛ ба номи С.М.Киров

Солҳои1967- 1971 — Омӯзгори кафедраи забони русӣ дар гурӯҳҳои тоҷикӣ ва узбекӣ ДДОЛ ба номи С.М.Киров

Соли 1971 — Омӯзгори калони кафедраи забони русӣ ДДОЛ ба номи С.М.Киров

Аз сентябри соли 1971 - 1975 — аспиранти ДДТ ба номи В.И. Ленин Солҳои 1975-1976 — Омӯзгори кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ ДДОЛ ба номи С.М.Киров

Солҳои 1976 - 1980 — Сармуаллими кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ ДДОЛ ба номи С.М.Киров

Солҳои 1980 - 1985 — Дотсент, мудири кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ ДДОЛ ба номи С.М.Киров

Солҳои 1985 -1993 — Мудири кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Соли 1993 — Корманди калони илмӣ дар назди ДИТ забон ва адабиёти АИ ҶТ

Солҳои1993 -1994 — Дотсенти кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Соли 1994 — сармутахассиси калони илмӣ дар назди ДИТ забон ва адабиёти АИ ҶТ

Аз соли 2001 то ҳол — Профессори кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]