Реал Мадрид (бошгоҳи футбол)
Реал Мадрид | ||||
Номи пурра | Real Madrid Club de Fútbol[1] | |||
Лақаб | Los Blancos (Сафедҳо) Los Galácticos (Каҳкашониҳо) Los Merengues (Хомаиҳо) Los Vikingos (Викингҳо) La Casa Blanca (Кохи сафед) | |||
Таъсис | 06.03.1902 | |||
---|---|---|---|---|
Майдон | «Сантияго Бернабеу», Мадрид | |||
Ғунҷоиш | 81 044[2] | |||
Президент | Флорентино Перес | |||
Мураббӣ | Карло Анчелотти | |||
Капитан | Начо | |||
Рейтинг | ҷойи 5-ум дар раддабандии УЕФА[3] | |||
Сарпараст | Fly Emirates | |||
Сайт | realmadrid.com | |||
Мусобиқа | Ла Лига | |||
2023/24 | Қаҳрамон | |||
| ||||
2022/2023 |
«Реал Мадрид» (исп. Real Madrid Club de Fútbol, талаффузи испонӣ: [reˈal maˈðɾið ˈkluβ ðe ˈfuðβol]) — яке аз дурахшонтарин бошгоҳи футболи испонӣ, ки дар шаҳри Мадрид – пойтахти Испониё қарор дорад. Аз ҷониби ФИФА беҳтарин бошгоҳи футболи асри XX эътироф шудааст. «Реал Мадрид» яке аз се дастаест, ки дар қатори тимҳои «Барселона» ва «Атлетик Билбао» ҳеч гоҳ дивизиони олии Испониёро тарк накардааст[4]. Яке аз бошгоҳҳои серҷомтарин дар футболи Испониё ба ҳисоб меравад. Дар тӯли фаъолият бошгоҳи «Реал Мадрид» 68 ҷоизаи миллиро соҳиб шудааст: 35 – қаҳрамони Ла Лига, 20 – Ҷоми Испониё, 12 – Суперҷоми Испониё ва 1 – Ҷоми Ла Лига[5]. Аз рӯи шумораи ҷом ва гол дар Лигаи қаҳрамонҳои Урупо натиҷаи рекордӣ (14 – ҷом, 5 маротиба пайиҳам) дорад.
«Реал Мадрид» яке аз арзишмандтарин бошгоҳҳои варзишии ҷаҳон аст. Тибқи маълумоти «Deloitte», дар мавсими 2022/23, бошгоҳ бо даромади солонаи 713,8 миллион евро дар ҷои дуюм аст[6]. Дар соли 2023 бо арзиши умумии 6,07 миллиард доллар арзишмандтарин бошгоҳи футбол эътироф гардид[7].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Бунёд
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1897 дастаи «Sky Football» таъсис дода шуд, ки нахустин нишона аз бошгоҳи мадридӣ аст. Вале расман санаи 6 марти соли 1902 ҳамчун рӯзи таъсисёбии бошгоҳи Madrid Football Club аз тарафи Хулиан Паласиос ва бародарон Падросҳо ба ҳисоб меравад. 29 июни соли 1920, шоҳи Испониё Алфонси XIII ба даста унвони Шоҳона (исп. Real)-ро гузошт. Аз ин рӯ номи муосири бошгоҳ Real Madrid аст.
Аз ҳамон лаҳзаи таъсис, бошгоҳ шурӯъ ба иддаои раҳбарӣ дар футболи Испониё кард: аллакай дар соли 1903 ба финали Ҷоми Испониё роҳ ёфт ва дар он аз «Атлетик Билбао» мағлуб шуд. Чанд сол баъд ин Ҷоми ифтихорӣ, муддати тӯлонӣ ба пойтахт кӯчид: футболбозони «Реал Мадрид» чор бор пайиҳам ғолиби Ҷоми Испониё шуданд. Чемпионати Испониё шурӯъ аз фасли 1928/29 баргузор мешавад, то он дам тимҳои қавитаринро бар асоси минтақа муайян мекарданд. «Мадрид» (аз соли 1920 — «Реал Мадрид») дар ин муддат 16 бор дар минтақаи пойтахт музаффар шудааст.
Даврони авҷи бошгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар миёнаи солҳои 50-уми қарни гузашта, замоне ки тасмим ба таъсиси як созмони футболи қораӣ гирифта шуд, то мусобиқаҳои мунтазамро барои бошгоҳҳо ва тимҳои миллӣ фароҳам орад, «Реал Мадрид» дар Испониё садрнишини асосӣ набуд. Бо вуҷуди ин, маҳз «Реал Мадрид» дар мавсими 1954/55 қаҳрамони Лигбартари Испониё шуд ва аввалин роҳхатро миёни бошгоҳҳои испонӣ барои ширкат дар Ҷоми Қаҳрамонони Урупо мушарраф гашт. Аз он лаҳза, «Реал Мадрид» тӯли 5 сол рӯйиҳам ин ҷомро ба номи худ мӯҳр зад. Дастовардҳои тим дар арсаи байналмилалро пирӯзиҳо дар Ла Лига ҳамқадам буданд, онҳо аз соли 1954 то 1969 тавонистанд 12 маротиба қаҳрамони Лигбартар шаванд. Давоми зиёда аз даҳ сол тавре шуда буд, ки агар мадридиҳо имкони қаҳрамонӣ дар чемпионати дохилиро аз даст медоданд, ҳатман соҳиби Ҷоми қаҳрамонҳо мешуданд. Ҳамин тариқ, 15 сол пайиҳам дар бонуфузтарин мусобиқаи Урупо иштирок карданд ва бори аввал соли 1970 бинобар ишғоли ҷои 6-ум дар Ла Лига аз он бенасиб шуданд. Дар он даврони тиллоии «Реал Мадрид», Алфредо Ди Стефанои аргентинӣ (беҳтарин футболбози Урупо дар солҳои 1957 ва 1959), Раймон Копаи фаронсавӣ (ҷоизадори «Тӯби тиллоӣ» дар соли 1958), Ференс Пушкаши маҷорӣ (футболбози рақами дуи Урупо дар соли 1960), Франсиско Хенто - барандаи шашкаратаи Ҷоми қаҳрамонҳо бозигарони калидӣ буданд. Дар миёнаи солҳои 60-ум Хентои бузургро Хосе Сантамария, Амансио, Пиррӣ, Мигел Анхел ҳамроҳӣ мекарданд.
Ба рафтани футболбозони кӯҳантаҷриба, анъанаҳои фотеҳонаи бошгоҳи «Шоҳона» дар Урупо тадриҷан аз байн рафт. Ҳаводорони мадридӣ рушди навбатии тимро қариби бист сол мунтазир шуданд, замоне ки насли ҷадид бо раҳбарии Эмилио Бутрагенйо ва наздиктарин ҳамдастаҳояш Мишел, Ҳуго Санчез, «Маноло» Санчис, Мартин Васкес ва Мигел Пардеса омаданд. Онҳо ду маротиба қаҳрамони Ҷоми УЕФА ва панҷ маротиба дар чемпионати Испониё пайдарпай ғолиб шуданд.
Солҳои 1970-1990
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар нимаи солҳои 70-ум «Реал Мадрид» дар мавсими 1973/1974 дар бозии финалӣ рақиби сарсахташ бошгоҳи «Барселона»-ро бо ҳисоби (4:0) мағлуб намуда, соҳиби Ҷоми Испониё шуд. Соли 1978 дастаи «Реал Мадрид» Улрих Штилике ва Хуаниторо харидорӣ кард. Бархилофи тафовут дар сабки бозӣ, онҳо барои солҳои тулонӣ қаҳрамони ҳаводорони мадридӣ хоҳанд монд. 4 июни соли 1980 мадридиҳо дар бозии ниҳоии Ҷоми мамлакат бар «Кастиля» бо ҳисоби 6:1 ғолиб шуданд. Соли баъд «Реал Мадрид» дубора бо расидан ба финали Ҷоми қаҳрамонҳо аз худ дар Урупо дарак дод. Дар ин набарди шадид бошгоҳи «Ливерпул» таҳти раҳбарии Боб Пейслӣ бар дастаи мадридӣ ва сармураббӣ Вуядин Бошков бо ҳисоби минималии 1:0 зафар ёфт. Голи ягонаи бозиро дар дақиқаи 82-юм ҳимоягари хатти чапи мерсисайдиҳо Алан Кеннедӣ зад. Алфредо Ди Стефано моҳи декабри соли 1983 ба вазифаи сармураббии «Реал Мадрид» таъйин шуда, бозигарон Мартин Васкес, Мишел, «Маноло» Санчис ва Эмилио Бутрагенйоро аз ҳайати ҷавонон ба дастаи асосӣ шомил намуд. Эмилио Бутрагенйои ҷавон дар бозии якуми худ бо пироҳани бошгоҳи «Шоҳона» дар муқобили «Кадис», ба задани ду гол даст ёфт ва ба мадридиҳо ғалаба овард. Дар пайи чунин талошҳо, ҳаводорон ӯро хеле зуд ҳамчун яке аз рамзҳои даста пазируфтанд.
24 майи соли 1985 Рамон Мендоса курсии президентии бошгоҳи «Реал Мадрид»-ро ишғол намуда ба беҳтар шудани натиҷаҳои даста саҳм гузошт. Дар солҳои 1985 ва 1986 бо мағлуб намудани бошгоҳҳои «Видеотон» ва «Кёлн» дар бозиҳои финалӣ, мадридиҳо ҷоизадори 2 Ҷоми УЕФА шуданд. Он солҳо футболбозони «Реал Мадрид» дар варзишгоҳи худ бо илҳоми хос майдондорӣ мекарданд: ба назар чунин менамуд, ки баъди бохт бо ҳар ҳисобе, онҳо натиҷаи лозимияшонро метавонанд бозпас гиранд. Боре барояшон муяссар шуд, ки кори куллан боварнакарданиро анҷом диҳанд: бозии аввалро дар шаҳри Дӯсселдорф бар «Боруссия М» бо ҳисоби 1:5 бохта, дар бозии ҷавобӣ дар «Сантияго Бернабеу» чор туби беҷавоб зада, ба даври дигар баромаданд.
Баъди чанд мавсими нисбатан номуваффақ вазифаи сармураббии «Реал Мадрид»-ро Хорхе Валдано, ки то он лаҳза дар бошгоҳи «Тенерифе» кори пурсамаре анҷом дода буд, ба ӯҳда гирифт. Ӯ ба Редондо, Лаудруп, Амависка ва Кике Флорес мавқеи доимӣ дар ҳайати асосиро бовар намуд.
8 январи соли 1995 шогирдони Валдано рақибони асосии худ «Барселона»-ро бо ҳисоби бузурги 5:0 мағлуб карда, дар охир мақоми аввали Ла Лигаро соҳиб шуданд. Аммо, мавсими оянда нокомии бошгоҳи «Реал Мадрид» дар Ла Лига ва Лигаи Қаҳрамонҳо сабаби барканор шудани Валдано ва моҳи июли соли 1996 таъйин шудани мураббии машҳури итолиёвӣ Фабио Капелло гашт. Ӯ таркиби тимро ба таври назаррас навсозӣ намуда, ба он Кларенс Зеедорф, Предраг Миятович ва Роберто Карлосро шомил кард. Барои дастаи Капелло як мавсим кофӣ буд, то қаҳрамон шавад. Моҳи майи соли 1998 «Реал Мадрид» таҳти идораи сармураббӣ Юпп Ҳайнкес дар бозии ҳалкунанда бар Ювентус (1:0) ғолиб омада, бори ҳафтум Лигаи Қаҳрамонҳоро ба даст овард. «Реал» бо мураббии дигар Гуус Ҳиддинк пас аз чанд моҳ, бошгоҳи «Васко да Гама»-ро дар бозии ниҳоӣ шикаст дода, Ҷоми байниқораиро низ ба Мадрид интиқол дод.
Пас аз бебарории мавсими 1998/1999, роҳбарияти «Реал Мадрид» тасмим гирифт вазифаи сармураббигариро ба Висенте Дел Боске супорад ва хато накард: даста дар бозии финалӣ бар «Валенсия» (3:0) пирӯз шуда, бори ҳаштум Лигаи Қаҳрамонҳоро ба даст овард. Раул голи сеюми бозиро зада, дар қатори Ривалдо ва Марио Жардел бо 10 гол дар қатори голзанҳои беҳтарини Лигаи Қаҳрамонҳо номи худро сабт кард. Соли 2001, «Реал Мадрид» 28-ум унвони қаҳрамонии Испониёро ноил шуд.
Президентии Флорентино Перес
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо интихоб шудан ба мансаби президентӣ Флорентино Переси ҳадафманд тасмим гирифт, ки ҳама футболбозони беҳтарини сайёраро дар «Реал Мадрид» ҷамъ оварад. Перес фаъолияти худро бо хариди Луиш Фигуи портуғолӣ аз бошгоҳи «Барселона» ба маблағи рекордии 71 миллион евро оғоз кард[8]. Як сол баъд Зайниддин Зидон ба сафи «Реал Мадрид» пайваст, ки барои ӯ ба «Ювентус» боз ҳам зиёдтар - 75 миллион евро пардохт кард. Пас аз як сол, Роналдоро аз бошгоҳи «Интер», тобистони соли 2003 - Дэвид Бекҳэмро аз «Манчестер Юнайтед», ва соли 2004 ҳамлагари бошгоҳи Ливерпул Майкл Овенро ба даста овард. Ҳамин тариқ, дар мавсими 2004/05 чаҳор бозигар, ки ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» доштанд: Роналдо (беҳтарин футболбози ҷаҳон дар солҳои 1997 ва 2002), Зидон (1998), Фигу (2000), Овен (2001) якҷоя дар ҳайати тими «Шоҳона» бозӣ карданд. Ин ҷамъи ситораҳои футбол ба номи «Галактикос» маъруф шуд. Дар тӯли зиёда аз панҷ соли ҳукмронии Перес (моҳи феврали соли 2006 истеъфо дод) «Реал Мадрид» ду маротиба қаҳрамони Испониё ва як маротиба ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳо (дар мавсими 2001/02) шуд.
Президентии Рамон Калдерон
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз Флорентино Перес, Рамон Калдерон президенти «Реал Мадрид» интихоб шуд, ки сабки роҳбарии ӯ аз Перес хеле фарқ мекард. Калдерон ҳадафи харидани беҳтарин футболбозонро надошт. Пеш аз ҳама, президенти нав ба тозакунӣ ва ҷавонсозии таркиби даста, ки он замон рӯзҳои сахтеро аз сар мегузаронд, пардохт. Дар давраи ҳукмронии Калдерон, Бекҳэм, Роберто Карлос, Робиню ва Роналдо яъне тамоми «мерос»-и Перес фурӯхта шуданд. Дар ивази ин Калдерон бозигарони машҳур Ван Нистелрой, Каннаваро, Ҳигуаин, Снейдер ва Пеперо ба тими «Шоҳона» овард. Вале тағйироти асосӣ иваз намудани сармураббӣ буд. Фабио Капелло, мутахассиси қавӣ ва мустақил, дубора ба даста баргардонда шуд. Мавсими аввал «Каҳкашониҳо» дар Ла Лига қаҳрамон шуданд, аммо дар даври 1/8-ниҳоии Лигаи Қаҳрамонҳо аз дастаи олмонии «Бавария» дар маҷмӯъ (ҳисоби умумӣ 4:4) шикаст хӯрданд. Дар поёни фасли нахуст сарфи назар аз унвони қаҳрамони Испониё, ки аввалин бор дар тӯли чор соли охир буд, роҳбарияти «Реал Мадрид» мураббии итолиёвиро ба сабаби ҷорӣ кардани "бозии дилгиркунандаи даставӣ" аз кор озод кард. Мансаби сармураббигарӣ ба мутахассиси олмонӣ ва мураббии «Хетафе» Бернд Шустер вогузошта шуд. Бо мураббии олмонӣ, «сафедпӯшҳо» Суперҷом ва қаҳрамонии Испониёро пеш аз мӯҳлат ба даст оварданд. Аз ин рӯ, дар Эл-Класико (ҳисоб – 4:1), ки дар варзишгоҳи «Сантияго Бернабеу» баргузор шуд, футболбозони «Барселона» тибқи анъанаи испонӣ “роҳрави қаҳрамонӣ” ташкил карда, мадридиҳоро бо кафкӯбӣ истиқбол намуданд. Бо вуҷуди ин, дар Лигаи Қаҳрамонҳо пешравӣ ба чашм намерасид. Дар даври 1/8-ниҳоӣ «Реал Мадрид»-ро бошгоҳи «Рум»-и итолиёвӣ (ҳисоби умумӣ – 2:4) аз мусобиқот берун кард. Новобаста аз усули хос доштанаш Рамон Калдерон дар барномаи пешазинтихоботии дуюм қавл дод, ки Криштиану Роналду, Кака ва Фабрегасро барои даста харидорӣ хоҳад кард. Соли 2009 Рамон Калдерон ба далели моҷарои тақаллуб дар интихоботи соли 2006 истеъфо дод. Дар тӯли дуюним соли президентии Калдерон «Реал Мадрид» ду маротиба пайиҳам қаҳрамони Испониё ва як маротиба Суперҷоми Испониёро соҳиб шуд.
Бозгашти дубораи Перес
[вироиш | вироиши манбаъ]Қабл аз интихобот ҳама рақибон номзадии худро пас гирифтанд ва Флорентино Перес 1-уми июн соли 2009, бидуни овоздиҳӣ боз президенти «Реал Мадрид» шуд[9]. Пас аз бозгашт Перес ба ташкил кардани “галактикос”-и комилан нав шурӯъ кард. Ибтидо, дар даста тағйироти раҳбарӣ сурат гирифт: Зайниддин Зидон бозикуни собиқи «Реал Мадрид» мушовири президент шуд. Рӯзи 9-уми июн пас аз музокироти тӯлонӣ ва сару садоҳои мухталиф миёнмайдони дастаи «Милан»-и Итолиё ва тими миллии Брозил Кака ба маблағи 68 миллион евро ба «Реал Мадрид» гузашт. Ӯ бо даста қарордоди шашсола имзо кард ва пас аз бозгашти Перес ситораи аввалин шуд. Пас аз он бо беҳтарин бозигари ҷаҳон дар соли 2008 Криштиану Роналду, ки дер боз орзуи пӯшидани пироҳани “бланкос”-ро дошт, шартнома ба имзо расид. Перес барои ситораи портуғолӣ 80 миллион фунт стерлинг (93,4 миллион евро) пардохт кард. Рӯзҳои 25-уми июн ва 1-уми июл, Раул Албиол аз «Валенсия» ва Карим Бензема аз «Олимпик Лион» ба арзиши 15 миллион ва 35 миллион евро ба «Реал Мадрид» гузариш намуданд. Миёнмайдон Эстебан Гранеро аз бошгоҳи «Хетафе», муҳофиз Алваро Арбелоа ва миёнмайдони такягоҳӣ Шаби Алонсо ҳарду аз бошгоҳи «Ливерпул» ба ҳайати тими «Реал Мадрид» ҳамроҳ шуданд. Мадридиҳо барои интиқоли Арбелоа 4 миллион евро ва барои Алонсо 30 миллион фунт стерлинг харҷ намуданд [10].
Сарфи назар аз харидҳои муҳим, даста он мавсим натавонист ҳадди ақалл ҷомеро соҳиб шавад. Дар чемпионати Испониё «Реал» баъд аз тими «Барселона» дар ҷои дуюм қарор гирифт. Бошгоҳ дар Лигаи Қаҳрамонҳо низ шаҳди нокомӣ чашид ва шашумин бор пайиҳам дар марҳилаи 1/8-ниҳоӣ аз мусобиқот берун шуд. Дар Ҷоми Испониё бошад, даста дар марҳилаи аввал аз дастаи дивизиони сеюми Испониё «Алкоркон» шикаст хӯрда аз мубориза хориҷ шуд. Дар поёни мавсим сармураббӣ Мануел Пеллегрини барои натиҷаҳои ғайриқаноатбахш аз мақомаш барканор шуд. Ҷозе Моуринё ки бо бошгоҳи итолиёвии «Интер» «ҳет-трики тиллоӣ» анҷом дода буд, пас аз гуфтушунидҳои кӯтоҳ сармураббии «Реал Мадрид» таъйин карда шуд[11][12].
Гузариши тобистона дар ҳадди соли пеш пуровоза набуд, ҳарчанд бидуни одатҳои маъмулӣ нагузашт. Барои харидорӣ беш аз 70 миллион евро харҷ шуд ва дастаро ботаҷрибатарин муҳофизатгари портуғолӣ Рикарду Карвалё, миёнмайдонҳои ҷавони испонӣ - Педро Леон ва Серхио Каналес, намояндагони насли нави футболи олмонӣ - Сами Хедира ва Масъуд Озил, инчунин ҳуҷумкори аргентинӣ Анхел Ди Мария пурра карданд.
«Реал Мадрид» мавсими 2010/11-ро хеле бомуваффақият оғоз кард ва нишон дод, ки омодаи мубориза барои унвони қаҳрамонӣ аст, вале дар ниҳоят дар ҷои дуюм қарор гирифт. Дар Ҷоми Испониё корҳо хеле бобарор буданд. Даста дилпурона ба финал баромад ва он ҷо онҳоро рақиби азалӣ «Барселона» интизор буд. «Реал Мадрид» дар бозии барои ҳарду даста душвор тавонист пирӯз шавад: Голи Криштиану Роналду, ки дар вақти изофӣ зада шуд, ҷоми деринтизорро барои даста ба армуғон овард. Дар Лигаи Қаҳрамонҳо «Реал Мадрид» ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт, ки дар як бозии пуртаниш ва баҳсбарангези доварон дар ҷамъи ду бозӣ аз «Барселона» шикаст хӯрд.
Тобистони соли 2011, бошгоҳ барои таҳкими ҳайат ҳимоятгарон Рафаел Варан, Фабио Коентрао, миёнмайдонҳо Нури Шоҳин, Ҳамид Алтинтоп ва ҳамлагар Хосе Калехонро ба даста овард. Илова бар ин, бошгоҳ 22-юми июн расман аз васеъ кардани салоҳиятҳои сармураббии даста ва вогузор кардани вазифаи мудири варзишӣ ба Ҷозе Моуринё хабар дод[13]. Ба ин тартиб «Реал Мадрид» ба модели инглисии идоракунии даста гузашт.
Шогирдони Моуринё дар мавсими 2011/12 дастоварди «Барселона»-ро, ки дар мавсими 2009/10 – 99 хол дар як фасл буд, бо касби 100 имтиёз шикаста, рекорди наве дар Ла Лига сабт карданд. Илова бар ин, «Реал Мадрид» аввалин тиме гардид, ки дар 32 бозии як мавсим пирӯз шуда, аз рӯи шумораи голҳо (121 гол) дар як фасл рекорд гузошт.
Тобистони соли 2012 миёнмайдонҳои «Челси» Майкл Эссиен ва «Тоттенҳем» Лука Модрич ба Мадрид пайвастанд. Аввалӣ ба тарзи иҷора ва дуввумӣ харидорӣ шуд. Аммо як қатор бозикунҳо дастаро тарк карданд: Фернандо Гаго ва Серхио Каналес ба «Валенсия», Ҳамид Алтинтоп ба «Галатасарой», Эстебан Гранеро ба «Квинз Парк Рейнҷерс», Лассана Диарра ба «Анжи», Ройстон Дренте ба «Алания», Дани Карвахал ба «Байер 04» ва ба тарзи иҷоравӣ бошад Нури Шоҳин нахуст ба «Ливерпул» ва зимистони соли 2012 ба «Боруссия Дортмунд». Зимистон дарвозабон Диего Лопес, ки қаблан дар бошгоҳҳои «Вийярреал» ва «Севийя» ҳунарнамоӣ мекард, ба даста баргашт.
«Каҳкашониҳо» мавсими 2012/2013-ро бо шикаст додани дастаи «Барселона» (ҳисоби умумӣ 4:4) дар Суперҷоми Испониё оғоз карданд. Лигбартари Испониёро бошад, дар зинаи дуюм ҷамъбаст карданд. Дар Ҷоми Испониё «Реал Мадрид» ба финал расид ва «Барселона»-ро дар ин масир аз мусобиқа берун кард, вале бозии финалиро бар «Атлетико Мадрид» (1:2) бохт. Дар Лигаи Қаҳрамонҳо «мадридиҳо» ҳунарнамоиро дар даври нимниҳоии мусобиқа бо шикаст хӯрдан аз тими «Боруссия Дортмунд» (дар маҷмӯъ 3:4) ба поён расонд.
20–уми май мушаххас шуд, ки Ҷозе Моуринё дастаро тарк мекунад[14][15]. Рӯзи 2–юми июн Флорентино Перес бори дигар президенти «Реал Мадрид» интихоб шуд. 27–уми июн Карло Анчелотти ҳамчун сармураббии бошгоҳ муаррифӣ шуд[16][17]. Ёварони сармураббӣ Зайниддин Зидони фаронсавӣ ва Пол Клементи инглис таъйин шуданд.
«Десима» ва требли урупоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Тобистони соли 2013 як қатор миёнмайдонҳо харидорӣ шуданд: ситораи «Тоттенҳем» Гарет Бейл, Каземиро аз «Сан-Паулу», Асиер Иллараменди аз «Реал Сосиедад» ва Иско аз «Малага». Инчунин, Дани Карвахал пас аз гузаронидани мавсими иҷорӣ дар «Байер 04» ба даста баргашт. Футболбози рус Денис Черишев ва ҳамлагари испонӣ Хесе аз дастаи ҷавонони «Кастиля» ба ҳайати дастаи асосӣ интиқол ёфтанд. Бо вуҷуди ин, як қатор бозигарон дастаро тарк карданд: ҳимоятгар Раул Албиол, ҳамлагарон Гонсало Ҳигуаин ва Хосе Калехон ба «Наполи», миёнмайдонҳо Масъуд Озил ба «Арсенал», Кака ба «Милан» ва Педро Леон ба дастаи «Хетафе». Ҳамчун бозигарони озод, Рикарду Карвалё ба «Монако» ва Антонио Адан ба «Каляри» гузаштанд. Майкл Эссиен баъди анҷоми мавсим ба «Челси» баргашт ва дар авоили сентябр Денис Черишев ба тими «Вийярреал» ба иҷора дода шуд.
16-уми апрели соли 2014, «сафедпӯшҳо» бо шикаст додани «Барселона» дар финал бо ҳисоби 2:1, Ҷоми Испониёро ба даст оварданд. Голи ҳалкунандаро Гарет Бейл ба самар расонд.
Баъд аз 12 соли интизорӣ, 24–уми майи соли 2014, «мадридиҳо» дар финал бар «Атлетико Мадрид» бо ҳисоби 4:1 зафар ёфта, даҳумин ҷоми Лигаи Қаҳрамонҳоро аз худ намуданд[18].
Пас аз пирӯзӣ дар Лигаи Қаҳрамонҳо дар соли 2014, «Реал Мадрид» бо Кейлор Навас, Тони Кроос ва Хамес Родригес шартнома баст[19]. Бошгоҳ соли 2014 дар бозии Суперҷоми УЕФА бар «Севийя» пирӯз шуд. Ин 79-умин ҷоиза дар таърихи даста гардид[20]. Дар охирин ҳафтаи равзанаи интиқоли тобистонаи соли 2014 «Реал Мадрид» бозигарони калидӣ Шаби Алонсоро ба «Бавария» ва Анхел Ди Марияро ба «Манчестер Юнайтед» фурӯхт. Ин тасмими бошгоҳ ба баҳсу мунозираҳои зиёд печид. Криштиану Роналду изҳор дошт: «Агар ман масъул мебудам, шояд корҳоро ба таври дигар анҷом медодам» ва Карло Анчелотти иқрор шуд, ки «Мо корҳоро бояд дубора аз сифр шурӯъ кунем[21].»
Пас аз оғози нобарори мавсими 2014/15, «Реал Мадрид» силсилаи 22 пирӯзии пайиҳамро ба қайд гирифт, ки зафарият бар «Барселона» ва «Ливерпул» шомили он рекорд буд. Ин натиҷаи назаррас, рекорди пешинаи Испониё - 18 ғалабаи пайдарпайи «Барселона» таҳти роҳбарии Франк Райкаард дар мавсими 2005/06-ро зад[22]. Силсилаи рекордӣ дар аввалин бозии соли 2015 бо мағлубият аз тими «Валенсия» ба итмом расид. Барои такрор кардани рекорди ҷаҳонӣ (24 ғалабаи пайдарпай) ба даста ду ғалаба нарасид[23]. Рӯзи 20-уми декабр «Реал Мадрид» дар финал бар дастаи «Сан-Лоренсо»-и аргентинӣ ғолиб омада, Ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳонро соҳиб шуд. «Каҳкашониҳо» дар даври ниманиҳоии Лигаи Қаҳрамонҳо аз «Ювентус» мағлуб шуда, муваффақияти соли гузаштаро такрор карда натавонистанд. Дар Ҷоми Испониё низ мувоҷеҳи шикаст шуданд, инчунин дар Ла Лига бо касби ду имтиёз кам аз «Барселона» мақоми дуюмро аз худ карданд. 25-уми майи соли 2015 Карло Анчелотти аз вазифаи сармураббӣ бекор карда шуд[24].
3-юми июни соли 2015 Рафаэл Бенитес сармураббии ҷадиди «Реал Мадрид» эълон шуд ва ӯ бо даста қарордоди дусола имзо намуд[25]. «Реал»-и Мадрид бидуни мағлубият ба пеш мерафт, то дар бозии даври 11-уми чемпионати Испониё аз бошгоҳи «Севийя» бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд. Ба дунболи он бохти хонагии 0:4 аз «Барселона» дар «Эл-Классико»-и фасли якум рух дод. Дар дидори аввали 1/16-ниҳоии Ҷоми Испониё «Реал Мадрид» дар сафар дастаи «Кадис»-ро бо ҳисоби 1:3 мағлуб намуд. Бинобар сабаби ба майдон баромадани Денис Черишеви мардудшуда дар ҳайати мадридиҳо, бозии баргашт лағв шуд ва «Реал Мадрид» аз идомаи мусобиқа маҳрум гашт[26]. Бенитес 4-уми январи соли 2016 бо иттиҳоми надоштани маҳбубият миёни ҳаводорон, норизоятии бозигарон ва нотавонӣ дар касби натиҷаҳои арзанда зидди тимҳои қавӣ аз вазифааш барканор карда шуд[27].
4-уми январи соли 2016 дар баробари барканории Бенитес, хабари ба ҳайси сармураббӣ таъйин шудани Зайниддин Зидон эълон шуд[28]. Зери роҳбарии Зидон, «Реал Мадрид» мавсими 2015/16-ро дар Ла Лига бо як хол камтар аз «Барселона» дар ҷои дуюм ба анҷом расонд[29]. Рӯзи 28-уми май дар шаҳри Милан, «Реал Мадрид» дар финал боз ҳам бо «Атлетико Мадрид» андари майдон шуд. Қисмати асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид ва дар силсилазарбаҳои пеналтӣ (5:3) бахт боз ҳам ба рӯи тими «Шоҳона» хандид. Бо ба даст овардани 11-умин унвони қаҳрамонӣ дар Лигаи Қаҳрамонҳо, мадридиҳо рекорди худро барои бештарин пирӯзӣ дар ин мусобиқот афзоиш доданд. Ин дастовард дар таърихи бошгоҳ номи “Ундесима”-ро гирифт[30].
Зидон ба ҳайси сармураббии «Реал Мадрид» аввалин мавсими пурраи худро бо пирӯзии Суперҷоми УЕФА дар соли 2016 оғоз кард[31]. То 10-уми декабри соли 2016 мадридиҳо 35 бозиро пайиҳам бидуни мағлубият паси сар карда, рекорди нави бошгоҳро гузоштанд[32]. Санаи 18-уми декабри соли 2016 дар бозии финалӣ, «Реал Мадрид» бар дастаи «Кашима Антлерс»-и Ҷопон бо ҳисоби 4:2 ғолиб омада, Ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳонро ба даст овард[33]. Пас аз мусовӣ бо «Севийя» (3:3) дар Ҷоми Испониё, 12-уми январи соли 2017, силсилаи шикастнопазирии мадридиҳо ба 40 бозӣ тӯл кашид ва рекорди испониёии бошгоҳи «Барселона» бо 39 бозӣ бидуни мағлубият дар тамоми рақобатҳои фасли қабл шикаста шуд[34]. Се рӯз пас дар майдони худ бошгоҳи «Севийя» бо ҳисоби (2:1) тими «Шоҳона»-ро мағлуб намуда, ба силсилаи шикастнопазирии онҳо нуқта гузошт[35]. Моҳи майи соли 2017, «Реал Мадрид» 33-юмин маротиба дар таърих (бори аввал дар панҷ соли охир) ғолиби Ла Лига шуд[36].
3-юми июни соли 2017, бошгоҳ бо шикаст додани «Ювентус»-и туринӣ (4:1) дар финал унвони Лигаи Қаҳрамонҳоро ҳифз карда дар таърихи муосир нахустин дастае гардид, ки дар ин мусобиқа пайиҳам ду маротиба пирӯз шуд[37][38]. Ин сеюмин ҷом дар чор соли охир ва дар умум 12-ум ҷоми «Реал Мадрид» буд, ки ҳамчун рекорд дар таърихи мусобиқа ба қайд гирифта шуд. Ин дастовард бо номи “Дуодесима” низ маълум аст[39]. Дар мавсими 2016/17, «Реал Мадрид» дар таърихи худ шумораи бештари ҷомҳоро дар як мавсим касб кард[40].
«Реал Мадрид» бо бартарии 2:1 бар «Манчестер Юнайтед» ғолиби Суперҷоми УЕФА 2017 шуд[41]. 5 рӯз баъд, «Реал Мадрид» дар якумин дидори Суперҷоми Испониё дар «Камп Ноу» Барсаро 1:3 шикаст дод ва сипас дар бозии баргашт 2:0 пирӯз шуда, ба силсилаи 24 голи пайиҳами «Барселона» ба дарвозаи хомаиҳоро хотима бахшид[42]. Санаи 16-уми декабри соли 2017, дар бозии ниҳоӣ «Реал Мадрид» дастаи «Гремио»-и Брозилро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, қаҳрамони Ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон шуд ва аввалин бошгоҳе гардид, ки ду бор пайиҳам ҷоми ин мусобиқотро ба даст овард[43]. Худи ҳамон мавсим, «Реал Мадрид» бо «Ливерпул» ба даври ниҳоии Лигаи Қаҳрамонҳо расиданд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Олимпӣ»-и шаҳри Киев баргузор шуда, бо ҷароҳат бардоштану ашкҳои Муҳаммад Салоҳ ва Дани Карвахал, иштибоҳҳои дарвозабони «Ливерпул» Лорис Кариус ва голҳои зебои Гарет Бейлу Карим Бензема дар хотираи ҳаводорони футбол нақш баст. Ин дидорро «Реал Мадрид» (3:1) ба нафъи хеш хотима дод ва унвони ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳоро нигоҳ дошта, аввалин дастае гардид, ки аз рӯзи таъсис дар ин мусобиқа пайиҳам се маротиба пирӯз шуд. Инчунин пас аз солҳои 70-ум баъд аз «Бавария» якумин бошгоҳе шуд, ки дар се мусобиқаи пайдарпайи урупоӣ ғолиб омад.
Реал баъди истеъфои Зидон ва фурӯши Роналду
[вироиш | вироиши манбаъ]Рӯзи 31-уми май, панҷ рӯз пас аз пирӯзӣ дар финал, Зидон аз сармураббигарии «Реал Мадрид» истеъфо дод ва сабаби рафтанашро “ниёз ба тағйир” унвон кард[44][45].
«Реал Мадрид» дар соли 2017, ҷоми «Нӯҳ арзиш», ҷоиза аз барномаи иҷтимоии байналмилалии кӯдакон «Футбол барои дӯстӣ»-ро дарёфт кард. Ҳар сол ҷом барои сатҳи баланди масъулияти иҷтимоии бошгоҳ ва ӯҳдадориҳои бештар ба арзишҳои лоиҳа (дӯстӣ, баробарӣ, адолат, солимӣ, сулҳ, садоқат, ғолибият, оинҳо ва шараф) дода мешавад. Ғолибро кӯдакони иштироккунандаи чорабиниҳои ниҳоии барномаи F4F аз 64 кишвари ҷаҳон интихоб карданд[46].
«Реал Мадрид» 12–уми июни соли 2018 расман эълон кард, ки Хулен Лопетеги сармураббии тими миллии Испониё баъди анҷоми мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии футбол 2018 вазифаи сармураббигарии бошгоҳро ба ӯҳда мегирад. Вале як рӯз пеш аз оғози мусобиқот Лопетеги барои бидуни огоҳӣ музокира кардан бо бошгоҳ, аз мунтахаби Испониё барканор шуд[47][48][49]. Тобистони соли 2018 дар пайи таҷдиди ҳайат, устураи бошгоҳ Криштиану Роналду ба арзиши 112 миллион евро ба тими «Ювентус» гузашт[50]. Пас аз як қатор бозиҳои заъиф ва мағлубиятҳои даста, Лопетеги аз кор озод карда шуда, мураббии онвақтаи «Реал Мадрид Кастийя» Сантияго Солари ҷойгузини ӯ таъйин гашт[51]. 22-юми декабри соли 2018 «Реал Мадрид» дар финал бар дастаи «Ал-Айн»-и Аморати Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 4:1 ғалаба карда, пайиҳам сеюмин Ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳонро ба даст овард. Пас аз ин пирӯзӣ «Реал Мадрид» бо чаҳор унвон ба рекорддори мутлақи мусобиқа табдил ёфт. Бошгоҳ дар маҷмӯъ ҳафт маротиба қаҳрамони ҷаҳон дониста мешавад, зеро ФИФА Ҷоми байниқораиро ҳамчун пешгузаштаи Ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон эътироф мекунад. «Реал Мадрид» инчунин шумораи рекорди пайдарпай дар ин мусобиқаро афзоиш дод[52]. 11-уми марти соли 2019 «Реал Мадрид» дубора Зидонро сармураббии бошгоҳ таъйин кард[53][54].
12-уми январи соли 2020 «Реал Мадрид» дар силсилаи пеналтӣ «Атлетико Мадрид»-ро шикаст дод ва ёздаҳумин унвони қаҳрамонии Суперҷоми Испониёро касб кард[55]. Моҳи марти соли 2020 бар асари пандемияи COVID-19 таътил эълон шуд ва дар моҳи июн бозиҳо дубора шурӯъ шуданд. Бозигарони бошгоҳи «Шоҳона» баъди баргашт 10 ғалабаи пайиҳам ба даст оварда унвони 34-ум қаҳрамонӣ дар Ла Лигаро соҳиб шуданд[56].
Намодҳои бошгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ангораҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]-
Нахустин ангораи бошгоҳ (1902—1908)
-
(1908—1920)
-
(1931—1941)
Пироҳанҳои даста дар мавсимҳои гуногун
[вироиш | вироиши манбаъ]Хонагӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]
2022
|
Меҳмонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эҳтиётӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Брендҳо ва сарпарастҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Давра | Истеҳсолкунандаи либос | Сарпарасти пироҳан |
---|---|---|
1980—1982 | Adidas | - |
1982—1985 | Zanussi | |
1985—1989 | Hummel | Parmalat |
1989—1991 | Reny Picot | |
1991—1992 | Otaysa | |
1992—1994 | Teka | |
1994—1998 | Kelme | |
1998—2001 | Adidas | |
2001—2002 | Realmadrid.com | |
2002—2005 | Siemens mobile | |
2005—2006 | Siemens | |
2006—2007 | BenQ-Siemens | |
2007—2013 | Bwin | |
2013—то ҳол | Fly Emirates |
Рӯйхати мавсимҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Варзишгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сантияго Бернабеу
- Ғунҷоиш — 81044 нафар.
- Андозаи майдон — 107 x 72 метр.
- Суроға — Concha Espina, 1 28036 Мадрид.
Омори иштирок дар мусобиқаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Тибқи 19-уми июни соли 2023
Чемпионати Испониё
[вироиш | вироиши манбаъ]«Реал»-и Мадрид (дар баробари «Барселона» ва «Атлетик Билбао») дар тамоми чемпионатҳои кишвар иштирок кардааст. Мақоми аввал - 35 маротиба, дуюм - 25 маротиба, сеюм - 10 маротиба, яъне дар маҷмӯъ бошгоҳ 70 мавсим ба қатори ҷоизадорон роҳ ёфтааст. Инчунин 8 маротиба як қадам дур аз сегона, 3 бор — панҷум, 4 маротиба — шашум, 2 бор — ҳафтум, 1 бор — ҳаштум, 2 маротиба — нӯҳум, 1 бор — даҳум ва 1 бор — ёздаҳумро (соли 1948) ишғол кардааст.
Мусобиқаҳои байналмилалӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Мусобиқа | Бозӣ | Ғалаба | Мусовӣ | Бохт | ГЗ | ГС | +/- | Ғ% |
---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Ҷоми Қаҳрамонони Урупо/Лигаи қаҳрамонҳо | 476 | 285 | 81 | 110 | 1 047 | 521 | +526 | |
Ҷоми ҷомдорони УЕФА | 31 | 16 | 9 | 6 | 57 | 24 | +33 | |
Ҷоми УЕФА/Лигаи Урупо | 64 | 33 | 10 | 21 | 111 | 75 | +36 | |
Суперҷоми УЕФА | 7 | 4 | 0 | 3 | 13 | 11 | +2 | |
Ҷоми байниқораӣ | 7 | 3 | 1 | 3 | 10 | 8 | +2 | |
Ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон | 14 | 12 | 2 | 0 | 40 | 15 | +25 | |
Ҳамагӣ | 599 | 353 | 103 | 143 | 1 278 | 654 | +624 | 58,93 |
Сарвонҳои «Реал»-и Мадрид
[вироиш | вироиши манбаъ]Бозикун | Фаъолият | Сарвонӣ | Шумора | Миқдори бозӣ |
---|---|---|---|---|
Феликс Кесада | 1922 — 1936 | 1928 — 1936 | 87 (2) | |
Хасинто Кинкосес | 1931 — 1942 | 1936 — 1942 | 167 (0) | |
Хосе Рамон Сауто | 1933 — 1944 | 1942 — 1944 | 143 (0) | |
Хуан Ипиня | 1939 — 1949 | 1944 — 1949 | 302 (6) | |
Мигел Мунёс | 1948 — 1958 | 1949 — 1958 | 275 (24) | |
Хуан Алонсо | 1949 — 1961 | 1958 — 1960 | 296 (-337) | |
Хосе Мария Заррага | 1951 — 1962 | 1960 — 1962 | 217 (5) | |
Франсиско Хенто | 1953 — 1971 | 1961 — 1971 | 761 (253) | |
Игнасио Соко | 1962 — 1974 | 1971 — 1974 | 318 (8) | |
Амансио Амаро | 1962 — 1976 | 1971 — 1976 | 471 (154) | |
Пирри | 1964 — 1979 | 1976 — 1979 | 595 (210) | |
Мигел Анхел | 1967 — 1986 | 1980 — 1986 | 319 (-262) | |
Карлос Сантийяна | 1971 — 1988 | 1979 — 1988 | 774 (349) | |
Хосе Антонио Камачо | 1973 — 1989 | 1988 — 1989 | 577 (11) | |
Чендо | 1979 — 1998 | 1989 — 1993 | 497 (3) | |
Мануэл Санчис | 1983 — 2001 | 1988 — 2001 | 710 (49) | |
Фернандо Йерро | 1989 — 2003 | 2001 — 2003 | 601 (126) | |
Раул Гонсалес | 1994 — 2010 | 2003 — 2010 | 854 (361) | |
Икер Касиляс | 1999 — 2015 | 2010 — 2015 | 725 (-771) | |
Серхио Рамос | 2005 — 2021 | 2015 — 2021 | 671 (101) | |
Марсело | 2007 — 2022 | 2021 — 2022 | 542 (38) | |
Карим Бензема | 2009 — 2023 | 2022 — 2023 | 648 (354) | |
Начо Фернандес | 2010 — то ҳол | 2023 — то ҳол | 318 (16) |
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Миллӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Чемпионати Испониё:
- Қаҳрамон (35, рекорд): 1931/32; 1932/33; 1953/54; 1954/55; 1956/57; 1957/58; 1960/61; 1961/62; 1962/63; 1963/64; 1964/65; 1966/67; 1967/68; 1968/69; 1971/72; 1974/75; 1975/76; 1977/78; 1978/79; 1979/80; 1985/86; 1986/87; 1987/88; 1988/89; 1989/90; 1994/95; 1996/97; 2000/01; 2002/03; 2006/07; 2007/08; 2011/12; 2016/17; 2019/20; 2021/22
- Ноиби қаҳрамон (25): 1929; 1933/34; 1934/35; 1935/36; 1941/42; 1944/45; 1958/59; 1959/60; 1965/66; 1980/81; 1982/83; 1983/84; 1991/92; 1992/93; 1998/99; 2004/05; 2005/06; 2008/09; 2009/10; 2010/11; 2012/13; 2014/15; 2015/16; 2020/21; 2022/23
- Мақоми сеюм (10): 1948/49; 1951/52; 1952/53; 1955/56; 1981/82; 1990/91; 2001/02; 2013/14; 2017/18; 2018/19
- Ҷоми Испониё
- Ғолиб (20): 1905; 1906; 1907; 1908; 1917; 1934; 1936; 1946; 1947; 1961/62; 1969/70; 1973/74; 1974/75; 1979/80; 1981/82; 1988/89; 1992/93; 2010/11; 2013/14; 2022/23
- Финалист (20): 1903; 1916; 1918; 1924; 1929; 1930; 1933; 1940; 1943; 1958; 1959/60; 1960/61; 1967/1968; 1978/79; 1982/83; 1989/90; 1991/92; 2001/02; 2003/04; 2012/13
- Суперҷоми Испониё
- Ҷоми Эва Дуарте:
- Ҷоми Ла Лига
- Ҷоизаи Манкомунадо
Байналмилалӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА
- Ҷоми УЕФА
- Ҷоми ҷомдорони УЕФА
- Суперҷоми УЕФА
- Ҷоми футболи байниқораӣ
- Ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон
- Ҷоми ҷаҳонии хурд
- Ҷоми Лотин
- Ҷоми иберо-америкоӣ
- Ҷоми иберӣ
- Ҷоми Франс Беккенбауэр
- Ҷоми Сантияго Бернабеу
Рекордҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Рекордҳои бошгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Тибқи санаи 30-юми майи соли 2022.
- 14 ғалаба дар Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА
- 3 ғалабаи пайиҳам дар Лигаи қаҳрамонҳо
- 278 ғалаба дар бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА
- 43 бозии хонагӣ пайиҳам «Реал» дар Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА гол задааст[57]
- 35 ҷоми қаҳрамонии Испониё
- 121 гол дар як мавсими чемпионати Испониё
- 73 бозӣ пайиҳам «Реал» ҳадди ақалл як гол задааст[58]
Рекорди бозикунҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Тибқи санаи 6-уми декабри соли 2017.
- Криштиану Роналду — 17 гол дар як мавсими Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА
- Криштиану Роналду — 11 гол дар як мавсими марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА
- Криштиану Роналду — 19 гол дар як соли тақвимии Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА
Бар асоси теъдоди бозиҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ин феҳристи бозикунонест, ки дар таърихи бошгоҳ аз ҳама бештар бозӣ кардаанд.
- Тибқи санаи 4-уми июни соли 2023.
№ | Ном | Замон | Ла Лига | Ҷоми Шоҳ | Ҷомҳои урупоӣ | Дигарон | Бозиҳо |
---|---|---|---|---|---|---|---|
1 | Раул Гонсалес | 1994—2010 | 550 | 37 | 132 | 22 | 741 |
2 | Икер Касиляс | 1999—2015 | 510 | 40 | 152 | 23 | 725 |
3 | Мануэл Санчис | 1983—2001 | 523 | 67 | 100 | 20 | 710 |
4 | Серхио Рамос | 2005—2021 | 469 | 48 | 129 | 25 | 671 |
5 | Карим Бензема | 2009-2023 | 439 | 44 | 133 | 27 | 648 |
6 | Карлос Сантийяна | 1971—1988 | 461 | 84 | 87 | 13 | 645 |
7 | Фернандо Йерро | 1989—2003 | 439 | 43 | 103 | 16 | 601 |
Франсиско Хенто | 1953—1971 | 428 | 74 | 95 | 4 | 601 | |
9 | Хосе Антонио Камачо | 1973—1989 | 414 | 61 | 90 | 12 | 577 |
10 | Пирри | 1964—1980 | 417 | 67 | 75 | 2 | 561 |
Бар асоси теъдоди голҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ин феҳристи бозикунонест, ки дар таърихи бошгоҳ аз ҳама бештар гол задаанд.
- Тибқи санаи 4-уми июни соли 2023.
№ | Ном | Замон | Голҳо | Бозиҳо |
---|---|---|---|---|
1 | Криштиану Роналду | 2009—2018 | 450 | 438 |
2 | Карим Бензема | 2009—2023 | 354 | 648 |
3 | Раул Гонсалес | 1994—2010 | 323 | 741 |
4 | Алфредо Ди Стефано | 1953—1964 | 308 | 396 |
5 | Карлос Сантийяна | 1971—1988 | 290 | 645 |
6 | Ференс Пушкаш | 1958—1966 | 242 | 262 |
7 | Уго Санчес | 1985—1992 | 208 | 282 |
8 | Франсиско Хенто | 1953—1971 | 182 | 601 |
9 | Пирри | 1964—1979 | 172 | 561 |
10 | Эмилио Бутрагенйо | 1983—1995 | 171 | 463 |
Ҳайати ҳозира
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тибқи санаи 18-уми июни соли 2023
№ | Бозигар | Кишвар | Рӯзи таваллуд | ||
---|---|---|---|---|---|
Дарвозабонҳо | |||||
1 | Тибо Куртуа | 11 май 1992 | |||
13 | Андрей Лунин | 11 феврал 1999 | |||
Муҳофизатгарон | |||||
2 | Дани Карвахал | 11 январ 1992 | |||
3 | Эдер Милитао | 18 январ 1998 | |||
4 | Давид Алаба | 24 июн 1992 | |||
6 | Начо | 18 январ 1990 | |||
16 | Алваро Одриосола | 14 декабр 1995 | |||
17 | Лукас Васкес | 1 июл 1991 | |||
20 | Фран Гарсиа | 14 август 1999 | |||
22 | Антонио Рӯдигер | 3 март 1993 | |||
23 | Ферлан Менди | 8 июн 1995 | |||
24 | Хесус Вайехо | 5 январ 1997 | |||
Миёнмайдонӣ | |||||
5 | Ҷуд Беллингҳем | 29 июн 2003 | |||
8 | Тони Кроос | 4 январ 1990 | |||
10 | Лука Модрич | 9 сентябр 1985 | |||
12 | Эдуардо Камавинга | 10 ноябр 2002 | |||
15 | Федерико Валверде | 22 июл 1998 | |||
18 | Урелён Чуамени | 27 январ 2000 | |||
19 | Дани Себайёс | 7 август 1996 | |||
Ҳамлаварон | |||||
7 | Винисиус Ҷуниор | 12 июл 2000 | |||
11 | Родриго | 9 январ 2001 | |||
21 | Браҳим Диас | 3 август 1999 |
Гузаришҳо 2023/2024
[вироиш | вироиши манбаъ]Тобистони 2023
[вироиш | вироиши манбаъ]Омаданд
[вироиш | вироиши манбаъ]Мавқеъ | Бозигар | Бошгоҳи пешина |
---|---|---|
Ҳимоятгар | Фран Гарсиа | «Раё Вайекано» |
Миёнмайдон | Антонио Бланко** | «Алавес» |
Миёнмайдон | Арда Гӯлер | «Фенербахче» |
Миёнмайдон | Ҷуд Беллингҳем | «Боруссия Дортмунд» |
Ҳамлагар | Браҳим Диас** | «Милан» |
Ҳамлагар | Хоселу* | «Эспанёл» |
Ҳамлагар | Хуанми Латаса** | «Хетафе» |
Рафтанд
[вироиш | вироиши манбаъ]Мавқеъ | Бозигар | Бошгоҳи оянда |
---|---|---|
Ҳимоятгар | Хесус Вайехо* | «Гранада» |
Ҳамлагар | Мариано Диас*** | |
Ҳамлагар | Марко Асенсио*** | «Пари Сен-Жермен» |
Ҳамлагар | Карим Бензема*** | «Ал-Иттиҳод» |
Ҳамлагар | Эден Азар*** |
* Ба иҷора
** Аз иҷора
*** Бозигари озод
Шахсиятҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳайати мураббигарӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Вазифа | Ном |
---|---|
Сармураббӣ | Карло Анчелотти |
Дастёри сармураббӣ | Давиде Анчелотти |
Дастёри сармураббӣ | Франческо Маури |
Мураббии дарвозабонҳо | Луис Лйопис |
Мураббии бадансоз | Антонио Пинтус |
Мураббии бадансоз | Бенямино Фулко |
Таҳлилгари фаннӣ | Симоне Монтанаро |
Физиотерапевт | Хосе Карлос Гарсия Парралес |
Феҳристи сармураббиён
[вироиш | вироиши манбаъ]
|
|
Феҳристи президентҳои бошгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳо | Президент |
---|---|
2009—то ҳол | Флорентино Перес |
2006—2009 | Рамон Калдерон |
2000—2006 | Флорентино Перес |
1995—2000 | Лоренсо Санс[59] |
1985—1995 | Рамон Мендоса |
1978—1985 | Луис де Карлос |
1943—1978 | Сантияго Бернабеу |
1940—1943 | Антонио Сантос Пералба |
1936—1940 | Адолфо Мелендес |
1930—1935 | Луис Усера |
1926—1930 | Луис де Уркихо |
1916—1926 | Педро Парахес |
1908—1916 | Адолфо Мелендес |
1904—1908 | Карлос Падрос |
1902—1904 | Хуан Падрос |
1900—1902 | Хулиан Паласиос |
Футболбозони беҳтарин дар таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Real Madrid Club de Fútbol(исп.). Саҳифаи расмии Ла Лига. 19 июни 2023 санҷида шуд.
- ↑ Santiago Bernabéu Stadium(исп.). Саҳифаи расмии бошгоҳи «Реал Мадрид». 19 июни 2019 санҷида шуд.
- ↑ Раддабандии УЕФА барои бошгоҳҳо. uefa.com. 19 июни 2023 санҷида шуд.
- ↑ Spain » Primera División » All-time league table(англ.). worldfootball.net (26 March 2022). 26 марти 2022 санҷида шуд.
- ↑ Real Madrid Honours: Trophies, Titles, Cups, and Championships(англ.). Саҳифаи расмии бошгоҳи «Реал Мадрид». 11 августи 2018 санҷида шуд.
- ↑ Deloitte Football Money League(англ.). Deloitte United Kingdom (2 June 2023). 2 июни 2023 санҷида шуд.
- ↑ World’s Most Valuable Soccer Teams(англ.). Forbes (31 May 2023). 3 июни 2023 санҷида шуд.
- ↑ Figo's the Real deal, BBC Sport (24 июли 2000). Проверено 12 июли 2008.
- ↑ Perez to return as Real president. uefa.com. 1 июни 2009 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 Январ 2016.
- ↑ Alonso completes £30m Real move(англ.). BBC Sport. 5 августи 2009 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 августи 2009.
- ↑ Mourinho to be unveiled at Madrid on Monday after £7m compensation deal. independent.co.uk. The Independent. 31 май 2010 санҷида шуд.
- ↑ Real Madrid unveil José Mourinho as their new coach. news.bbc.co.uk. BBC Sport. 31 май 2010 санҷида шуд.
- ↑ Official Announcement Бойгонӣ шудааст 25 июли 2011 сол. // Realmadrid.com
- ↑ Jose Mourinho: Real Madrid boss to leave next month. BBC (20 май 2013). 4 Декабри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 августи 2013.
- ↑ Jose Mourinho: Real Madrid season worst of my career (17 май 2013). 17 май 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 июни 2013.
- ↑ Carlo Ancelotti, new Real Madrid coach. Real Madrid C.F. (25 июни 2013). 25 июни 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 июни 2013.
- ↑ Official: Real Madrid confirm Ancelotti signing. Real Madrid C.F. (26 июни 2013). 26 июни 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 октябри 2013.
- ↑ Real Madrid make history with La Decima(пайванди дастнорас — таърих). euronews.com. 26 май 2014 санҷида шуд.
- ↑ Real Madrid to unleash new signings Rodriguez and Kroos in Super Cup(пайванди дастнорас — таърих). 14 августа 2014 санҷида шуд.
- ↑ Real Madrid ties with Barcelona in trophies. 14 августи 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 августи 2014.
- ↑ Ancelotti: Madrid must start again from scratch. Yahoo! Sports. 5 сентябри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 сентябри 2014.
- ↑ «Real Madrid stretch winning run as Ronaldo and Gareth Bale score» Бойгонӣ шудааст 6 Январ 2016 сол.. BBC. 20 декабри 2014
- ↑ «Valencia 2 — 1 Real Madrid» Бойгонӣ шудааст 6 Январ 2016 сол.. BBC. Сана: 4 январи 2015
- ↑ Florentino Pérez holds a press conference. Realmadrid.com(пайванди дастнорас — таърих) (25 май 2015).
- ↑ Rafa Benitez named new coach of Real Madrid. Sky Sports (3 июни 2015). 3 июни 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 Декабри 2018.
- ↑ Real Madrid disqualified from Copa del Rey over fielding Denis Cheryshev despite being suspended. Independent(пайванди дастнорас — таърих) (4 Декабри 2015). 22 июни 2017 санҷида шуд.
- ↑ Zidane: a club legend in the Real Madrid dugout. realmadrid.com (4 Январ 2016). 4 Январ 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 ноябри 2020.
- ↑ Zidane replaces Benítez at Real Madrid. UEFA.com(пайванди дастнорас — таърих). 5 Январ 2016 санҷида шуд.
- ↑ 2015–16 La Liga Table. Sky Sports(пайванди дастнорас — таърих) (8 июни 2016). 15 июни 2017 санҷида шуд.
- ↑ Spot-on Real Madrid defeat Atlético in final again. UEFA.com(пайванди дастнорас — таърих) (28 май 2016).
- ↑ Carvajal wonder goal wins Super Cup for Madrid. UEFA.com(пайванди дастнорас — таърих). UEFA (9 августи 2016). 15 июни 2017 санҷида шуд.
- ↑ Real Madrid 3–2 Deportivo de La Coruña. bbc.com(пайванди дастнорас — таърих). 10 Декабри 2016 санҷида шуд.
- ↑ Madrid see off spirited Kashima in electric extra time final(пайванди дастнорас — таърих). FIFA (18 Декабри 2016). 18 Декабри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 Декабри 2016.
- ↑ Real Madrid break Barcelona's Spanish record as unbeaten run reaches 40(пайванди дастнорас — таърих). ESPN (12 Январ 2017). 27 май 2017 санҷида шуд.
- ↑ Sevilla just snapped Real Madrid's unbeaten streak one match after they set the record(пайванди дастнорас — таърих). Fox Sports (15 Январ 2017). 27 май 2017 санҷида шуд.
- ↑ Real Madrid won their first La Liga title since 2012 thanks to a final-day victory at Malaga.(пайванди дастнорас — таърих). BBC.com (21 май 2017).
- ↑ Daniel Taylor. Real Madrid win Champions League as Cristiano Ronaldo double defeats Juve, The Guardian (3 июни 2017). Бойгонӣ шудааст 3 июни 2017 сол. Проверено 3 июни 2017.
- ↑ Andrew Haslam. Majestic Real Madrid win Champions League in Cardiff. UEFA.com(пайванди дастнорас — таърих) (3 июни 2017). 3 июни 2017 санҷида шуд.
- ↑ Champions League Final: Real Madrid Confirms Its Spot as World's Best (3 июни 2017). Бойгонӣ шудааст 30 Декабри 2020 сол. Проверено 3 июни 2017.
- ↑ The best season in history. Realmadrid.com(пайванди дастнорас — таърих). Madrid, Spain: Real Madrid Club de Fútbol (8 июни 2017). — «Real Madrid won four titles for the first time in their 115-year history.» 9 июни 2017 санҷида шуд.
- ↑ Real Madrid v Manchester United: Super Cup – as it happened. TheGuardian.com(пайванди дастнорас — таърих). Guardian Media Group (8 августи 2017).
- ↑ Real Madrid 2 Barcelona 0 (5–1 on aggregate): Woeful Barca dismissed as Zinedine Zidane's unstoppable side win Super Cup. Telegraph(пайванди дастнорас — таърих) (17 августи 2017). 24 августи 2017 санҷида шуд.
- ↑ FIFA Club World Cup 2017 — News — Ramos and Real make history in the Emirates — FIFA.com(пайванди дастнорас — таърих). 18 май 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 Декабри 2018.
- ↑ Zinedine Zidane Announces His Resignation From Real Madrid(англ.). Esquire (31 May 2018). 31 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 марти 2021.
- ↑ Zinedine Zidane: Real Madrid boss stands down five days after Champions League win(англ.). BBC Sport (31 May 2018). 31 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 Январ 2021.
- ↑ «Реал Мадрид» получил Кубок «Девяти ценностей»(рус.). championat.com (5 апрели 2018). 2 июни 2022 санҷида шуд.
- ↑ Julen Lopetegui: Real Madrid name Spain manager as new head coach(англ.). BBC Sport (12 June 2018). 31 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 июни 2018.
- ↑ Julen Lopetegui sacked by Spain as Fernando Hierro takes over(англ.). the Guardian(пайванди дастнорас — таърих) (13 June 2018).
- ↑ World Cup 2018: Spain sack manager Julen Lopetegui two days before first match(англ.). BBC Sport (13 June 2018). 31 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 апрели 2019.
- ↑ Cristiano Ronaldo: Juventus sign Real Madrid forward for £99.2m(англ.). BBC Sport (10 July 2018). 31 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 июли 2018.
- ↑ Solari se sentará en el banquillo del Real Madrid tras la destitución de Lopetegui(исп.). Vocento (29 de octubre de 2018). 31 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 апрели 2019.
- ↑ Real Madrid win third successive global crown. FIFA.com. FIFA (22 Декабри 2018). 31 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
- ↑ Official Announcement(пайванди дастнорас — таърих). Real Madrid C.F. (11 марти 2019). 11 марти 2019 санҷида шуд.
- ↑ Zidane regresa al real madrid(исп.). Real Madrid C.F. (11 de marzo de 2019). 31 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 августи 2020.
- ↑ Spanish Super Cup: Real Madrid beat Atletico Madrid on penalties(англ.), BBC Sport (12 January 2020). Бойгонӣ шудааст 13 Январ 2020 сол. Проверено 31 июли 2020.
- ↑ Real Madrid win the longest LaLiga Santander season. marca.com(пайванди дастнорас — таърих) (17 июли 2020). 17 июли 2020 санҷида шуд.
- ↑ «Реал» установил рекорд, забив в 43-м домашнем еврокубковом матче подряд(пайванди дастнорас — таърих). Чемпионат.com (20 сентябри 2018). — Прежний рекорд принадлежал «Тоттенхэм Хотспур», который с 1961 по 1984 год забивал в 42 еврокубковых матчах подряд.
- ↑ Результативная серия «Реала» прервалась на 74-м матче(пайванди дастнорас — таърих). Чемпионат.com (21 сентябри 2017). — Мадридцы повторили мировой рекорд, установленный бразильским «Сантосом» в начале 60-х, но не сумели превзойти это достижение.
- ↑ Собиқ президенти «Реал» аз коронавирус даргузашт // 22 марти 2020
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Dénes, Tamás; Rochy, Zoltán. . — Aréna 2000, 2002. — ISBN 963-86167-5-X.
- Ball, Phil. [1]. — New. — WSC Books Limited. — ISBN 0-9540134-6-8.
- Ball, Phil. . — Mainstream, 2003. — ISBN 1-84018-763-8.
- McManaman, Steve; Edworthy, Sarah. . — Simon & Schuster, 2003. — ISBN 0-7434-8920-9.
- Luis Miguel González; Luis González López; Fundación Real Madrid. . — Everest, 2002. — ISBN 84-241-9215-X.
- Mandis, Steven G. . — .BenBella Books, 2016. — ISBN 978-1942952541.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
Бошгоҳи футболи «Реал Мадрид» — ҳайати феълӣ
|
---|
1 Куртуа (д) • 2 Карвахал • 3 Милитао • 4 Алаба • 5 Вайехо • 6 Начо • 7 Азар • 8 Кроос • 9 Бензема • 10 Модрич • 11 Асенсио • 12 Камавинга • 13 Лунин (д) • 14 [[ ]] • 15 Валверде • 16 Одриосола • 17 Васкес • 18 Чуамени • 19 Себайёс • 20 Винисиус • 21 Родриго • 22 Рӯдигер • 23 Менди • 24 Мариано • 25 [[ ]] • Мураббӣ: Карло Анчелотти |
- Бошгоҳҳои футбол аз рӯи алифбо
- Бошгоҳҳои футбол, таъсисёфта дар соли 1902
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Football kits with incorrect pattern
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 11 май
- Зодагони соли 1992
- Зодагони 11 феврали
- Зодагони соли 1999
- Зодагони 11 Январ
- Зодагони 18 Январ
- Зодагони соли 1998
- Зодагони 24 июни
- Зодагони соли 1990
- Зодагони 14 Декабри
- Зодагони соли 1995
- Зодагони 1 июли
- Зодагони соли 1991
- Зодагони 14 августи
- Зодагони 3 марти
- Зодагони соли 1993
- Зодагони 8 июни
- Зодагони 5 Январ
- Зодагони соли 1997
- Зодагони 29 июни
- Зодагони соли 2003
- Зодагони 4 Январ
- Зодагони 9 сентябри
- Зодагони соли 1985
- Зодагони 10 ноябри
- Зодагони соли 2002
- Зодагони 22 июли
- Зодагони 27 Январ
- Зодагони соли 2000
- Зодагони 7 августи
- Зодагони соли 1996
- Зодагони 12 июли
- Зодагони 9 Январ
- Зодагони соли 2001
- Зодагони 3 августи
- Бошгоҳҳои футболӣ
- Бошгоҳҳои футболи Испониё