Милан

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи


'
Milano Duomo 1.jpg
НишонCoA Città di Milano.svg ПарчамFlag of Milan.svg}
Кишвар: Итолиё
Вилоят:
Ноҳия:
Замони таъсис:
Марказ:
Координатаҳо:
Иқлим:
Масоҳат (га):
Паҳноӣ(км):
Дарозӣ (км):
Аҳолӣ, ҳазор нафар: 1 315 791 (2013)
Коди телефонӣ: 02
Нишонаи почта: 20100
Вақт: UTC +
[[Акс:|center|300px]]

Милан (итолиявӣ. Milano [miˈlaːno], лотинӣ: Mediolanum — «дар маркази ҳамворӣ») — шаҳри мӯҳимтарини Итолиёи Шимолӣ, Маркази маъмурии вилояти Ломбардия, аз ҳама ноҳияи калонтарини Итолиё, ва Милан (провинтсия). Милан — дуюм шаҳри калонтарини Итолиё буда пойтахти моливу-иқтисодии Итолиё ва пойтахти ҷаҳон оиди муд (мода) ба ҳисоб меравад.

Нишон[вироиш]

Нишони имрӯзаи Милан салиби сӯрх дар заминаи нуқрагин аст. Ҳамин гуна салиб дар парчами Милан омадааст. Дар болои сипари нишон тоҷ ба монанди девори қалъа бо панҷ бурҷ ки барои нишонҳои шаҳрҳои Аврупо қабул шудааст (corona muralis), воқеъ дорад. Сипар бо гулчамбар иҳота шуда аз ду қисм иборат аст, яке шохаи дарахти ғор ва дигаре аз шохаи дарахти булут аст.

Таърих[вироиш]

Намуди Милан дар асри XIX

Гумон аст, ки Миланро қабилаи келтҳои Итолиёи Шимолӣ бунёд кардаанд, тақрибан соли 600 п.м.[1] Пас аз запт кардани Милан аз ҷониби римиҳо номи шаҳро Медиолан (лот. Mediolanium или Mediolanum) ном карданд, тақрибан соли 222 п.м.

Дар асри IV милодӣ, дар вақти ҳукмронии шоҳаншоҳ Феодосий I, шаҳр бо Рим ва Равена рақобат мекард барои шаҳри марказӣ шудани шоҳаншоҳии Рими Ғарбӣ.

Дар соли 1045 Милан худро ҳамчун давлати соҳибистиқлол (коммуна) эълон кард. Дар ин байн мубориза байни комуннаҳо сар зад барои соҳиби мансаб шудан дар Ломбардия бо ҳамин гуна коммунаҳо Павия, Кремона , Комо ва Лоди. Соли 1111 Лоди мағлуб гашт ва 16 сол пас аҳли милан Комо-ро ҳам шикаст доданд.

Бе ниҳоят пурзӯр гаштани аҳли Милан шоҳаншоҳ Фридрих Барбароссаро дар ташвиш андох ва ӯ бо аскарони худ вориди Итолиёи Шимолӣ шуд. Истиқлолияти Милан соли 1162 ба охир расид. Пас аз мӯҳосираи нӯҳмоҳа, шаҳр запт ва ғорат карда шуд аз ҷониби аскарони шоҳаншоҳ. Бошандагони шаҳр парешони деҳот шудан ва ҳама устувориҳое ки вуҷуд дошт, хароб гаштанд. Соли 1167 Милан аз нав бо қувваҳои иттиҳоди шаҳрҳои Ломбардия бунёд гашт. Бо кӯшиши якҷояи коммунаҳо, шоҳаншоҳро дар Леняно шикаст доданд (1176).

Адабиёт[вироиш]

  • Булдаков Г. Н., Лейбошиц Н. Я. Милан / Ленинградская организация ордена Ленина Союза архитекторов СССР. — Л.: Стройиздат. Ленингр. отд-ние, 1991. — 112 с. — (Города — побратимы Ленинграда).

Сарчашма[вироиш]

  1. Тит Ливий, История Рима от основания города, том=I, издательство Наука, (1989) страницы=263



Шаҳрҳои Итолиё Flag of Italy.svg

Рим | Милан | Неапол | Турин | Палермо | Генуя | Болоня | Флорентсия | Бари | Катания | Венетсия | Верона | Мессина | Падуя | Триест | Таранто | Брешиа | Реҷо-ди-Калабрия | Прато | Модена | Парма | Перуҷа | Реҷо-Эмилия | Ливорно | Каляри | Равенна | Фоҷа | Салерно | Римини | Феррара | Сассари | Сиракуза | Пескара | Монса | Латина | Бергамо | Форли | Виченса | Ҷуляно-ин-Кампаня | Тренто | Терни | Новара | Анкона | Болсано | Пяченса |