Рими Қадим

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Нишони Рими Қадим
Ҳудуди Рим ва заминҳое ки дар давраҳои бостонӣ зери назорати ӯ буданд.

Рими Қадим итолиявӣ. Civiltà romana — яке аз тамаддуни пеқадами бостонии ҷаҳонӣ, давлати бузургтарини антиқо, ки номи худро аз номи шаҳри асосӣ (Roma — Рим) гирифт, ва бояд ёдовард шуд, ки шаҳри Рим аз номи бунёдгари худ  — Ромул (лотинӣ. Romulus) ном гирифт. Маркази Рим дар ҳамвории ботлоқзор воқеъ гашт, ки бо пуштаҳо иҳота шуда буд. Таъсири муаян ба тамаддуни Рими Қадим фарҳанги қабилаҳои этрускҳо ва юнониҳои қадим расонид. Қуллаи баланди бузургии Рими Қадим ба асрҳои II п. м. рост меояд, ҳамон вақте, ки зери таъсири ин давлати шоҳаншоҳӣ фазои давлатҳои имрӯза аз Шотландия дар шимол то Эфиопия дар ҷануб, Эрон дар шарқ то Португалия дар ғарб афтода буданд. Ба замони имрӯза, фарҳанги Рими Қадим, ҳуқуқи римӣ, баъзе шаклҳои меъморӣ, тоқ, гумбаз ва бисёр навигариҳои дигар тақдим намоид (мисол, чархи обӣ, осиёби обӣ). Дини насронӣ, ҳамчун дин дар ҳудуди шоҳаншоҳии Рими Қадим пайдо шуд. Забони расмии ин давлат забони лотинӣ буд. Дин дар ҳудуди ин давра бештар дини бисёрхудои (политеизм) мавҷуд дошт. Нишонаи ғайрирасмии Рими Қадим, Уқоби заррин (aquila) ва пас аз қабул кардани дини насронӣ лабарум (лотинӣ: Labarum)[1] (парчам, ки шоҳаншоҳ Константин барои аскарони худ тасдиқ кард) бо хризма (туғрои Исо — бо ҳарфҳои пайвасти Хи ва Ро).

Таърих[вироиш]

Мувофиқи қисса, Римро соли 753 п.м. Ромул ва Рем, бунёд карданд, ки онҳоро гург ба воя расондааст.

Давраҳои Рими Қадимро ба се гурӯҳи шаклҳои ҳукмронии сиёсӣ ва иҷтимоӣ тақсим каран мумкин аст: аз давлати шоҳӣ ки дар давраи аввали ҳукмронии худро ибтидо мегирад ва то давраии шоҳаншоҳии бузург анҷом ёфтан.

Дар давраҳои шоҳӣ Рим давлати хӯрд буд ва ҳудуди як қисми Лацияро ишғол мекард, ки қабилаҳои лотинҳо сукунат мекарданд. Давраи ибтидои Ҷумҳурии Рими Қадим, Рим ҳудуди замини худро хеле зиёд кард ба туфайли ҷангҳои бисьёр. Пас аз ҷанги якум Рим бе тақсимот дар нимҷазираи Аппенин (Penisola appenninica, Итолиёи имрӯза) ҳукмрони мекард. Пас аз запт кардани Итолиё Рим роли асосиро дар сиёсати байн давлатҳои баҳри Миёназамин иҷро мекардад ва ин гуна рафтор ба ҷанги дигар, бо Карфаген ки давлати калон буд дучор гардонид. Бо се ҷанг Карфагенро мағлуб карда шаҳрро хароб намуданд. Ҳамон вақт Рим ғасби хуро ба шарқ ниҳода Иллирияро, Юнон, ва пас Осиёи Хӯрдро ва Суриёро зери итоати худ гардонданд. Дар асри I п.м. Рим ба як чанд ҷангҳои ғайринзомӣ дучор гашт, ки дар он Октавиан Август ғолиб баромад ва асосгузори сулолаи Юлий-Клавдий шуд, аммо сари давлат кам аз як аср ин сулола ҳукмронӣ кардааст. Қуллаи баландтарини шоҳаншоҳии Рим ба давраҳои тинҷи рост омад (асри II п.м.), аммо аз асри III сар карда аз сабаби талоши давлат байни сиёсатмадорони Рим ба нохушиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ оварда расонд. Дар асри IV шоҳаншоҳиро ба ду қисм тақсим карданд ва дини насронӣ ҳамчун дини далатӣ дар қаламрави тамоми ҳудуди шоҳаншоҳӣ тасдиқ гардид

Дар асри V шоҳаншоҳии Рими Ғарбӣ бо мигратсияи қабилаҳои олмонӣ дучор шуд, ки ин ба барҳамхӯрии шоҳаншоҳӣ таъсири сахт расонд. Сарнагун кардани охирин шоҳаншоҳ Ромул-Августула аз ҷониби сарвари қабилаҳои олмонӣ Одоакр 4 сентябри соли 476, расмӣ рӯзи сарнагуни Шоҳаншоҳии Рим ба ҳисоб меравад.

Як қатор тадқиқотчиён, таърихдонони СССР дар ин самт (С. Л. Утченко) ҳисоб мекарданд, ки Рим тамаддуни аслии худро бунёд кард ва дар он тартиби махсуси баҳодиҳӣ нисбати ҳаёти одамизод ва инкишофёбии ӯ дар ҷамоати рим дар тулли равиш ва инкишофи таърих.

Шакли ҳукмронӣ[вироиш]

Ромул, якум Рекс , Акрони ҷоҳил ҷасади ӯро ба калисои Юпитер бурда истодааст. рассом Жан Огюст Доминик Энгр , 1812. Romolo

Рекс дар Рими Қадим ҳаками олимартаба ба ҳисоб мерафт ва ӯро (ба ғайр аз Ромул, чун ӯ бунёдгари шаҳр) шоҳзодагон интихоб мекарданд ва авлодони мӯҳими ҳукмрон, барои ҳукмронии шаҳр. Дар он ҷо сарчашмае вуҷуд надорад, ки ин мансаб аз насл ба насл гузаштани шоҳони чор шоҳи лотинии якум ва мудати се шоҳи этрускҳо. Дар оқибат таърихдонон фикр мекунанд, ки шоҳони бостониро аз рӯи қувва интихоб мекарданд ва тавзеҳ намедиҳанд ки аз рӯи қувваи ҷисмӣ ва ё молиявӣ. Барои таърихдонони бостони фаҳмидани аниқи ваколатдории шоҳон ва сабти он мушкил буд. Баъзе олимони имрӯза фикр мекунанд, ки ин давлати халқӣ ва шоҳ ҳамчун роҳбар буд ва ҳокими мутлақ ба ҳисоб мерафт, аммо дар байни халқ ва Сенат роли ночизро бози мекард ҳамчун роҳбари оддӣ барои назорат.

Вақте ки шоҳ фавтид, Рим ба даврае дохил мешуд, ки онро давраи байнишоҳӣ мегуфтанд. Ҳаками олии давлат ба Сенат равона мегашт, то ки Сенат вазифадор буд, ки шоҳи навро ҷустуҷӯ кунад ва дар ин ҳол бо таври машварат яке аз аъзоҳои худи Сенат интихоб мешавад, ба мудати 5 рӯз то ки дар давоми ин вақт ҳукмрони нави Римро интихоб кунад. Пас аз гузаштани ин мӯҳлат агар аъзои сазовор пайдо нашавад, сенаторҳо ин ваколатро ба дигар сенатор ва ба мудати 5 рӯзи дигар месупоранд ва ин гуна расм то даме давом медод, то ки як ҳукмрони нав интихоб нашавад. Пас аз ёфтани аъзои сазовор барои шоҳ шудан ва қабул кардани аъзои ӯро аз ҷониби Сенат, ӯ ба палата дохил мешуд. Комиссия метавонист аъзоро қабул кунад ва ё на.

Низоъи иҷтимоӣ[вироиш]

Сарлавҳ: Сисерон Катилинро таъна карда истодааст .

Муъомилаи байни асилзодагон ва намояндагони табақаи поёнии аҳолӣ, бениҳоят ҷиддӣ буд. Хонаводаи намояндагони табақаи поёнии аҳолӣ одатан дар пуштаҳо ва берун аз девори шаҳр зиндагӣ мекарданд. Ин норозигӣ соли 494 п.м., 450 п.м. , ва соли 287 п.м. ба рад кардани ҳамкорӣ бо асилзодагон оварда расонд. Соли 494 п.м. ҳамагӣ дар давоми 15 соли бунёди Ҷумҳурӣ намояндагони табақаи поёнии аҳолӣ якум бор тавонистанд, ки намояндагони худро интихоб кунанд. "Туда" ваъда дод, ки эҳтиёти роҳбарони худ муқаддас аст», яъне асилзодагон дастнорас ҳастанд ва касе, ки асилзодагонро хафа мекунад ё ба онҳо ягон зарар меоварад, ҳатман ба қатл супорида мешаванд. Баромади дувуми онҳо, барои дар оянда муаян шудани ҳуқуқҳо ва вазифаҳои қонунии онҳо вобаста буд. Танҳо аз байни асри чори пеш аз милод ба намояндагони табақаи поёнии аҳолӣ иҷозат шуд, то ки онҳо дар ҳакамҳо иштирок намоянд. Сеюм баромадро Лекс Гортензий ташкил кард ва дар он намояндагони табақаи поёнии аҳолӣ метавонистанд овози худро диҳанд (Concilium Plebis (Ҷомеаи Плебейҳо) ин қонун имрӯз - " плебиссит " ном дорад.

Низоъи байни синфҳои намояндагони табақаи поёнии аҳолӣ ва асилзодагон бо ақидаҳои маъмулӣ мувофиқат намекунад, чун ин низоъ ба ҷойи суст шудани давлати Рим, мушоҳида карда мешавад, ки онҳо на фақат пурзӯр, балки заминҳои дигарро запт мекарданд.

Нигаред[вироиш]

Сарчашмаҳои дасти аввал[вироиш]

  • Тит Ливий. «История от основания города»(рус.)
  • Дион Кассий. «Римская история»(рус.)
  • Аммиан Марцеллин. «Деяния»(рус.)
  • Полибий. «Всеобщая история»(рус.)
  • Публий Корнелий Тацит. «История», «Анналы»(рус.)
  • Плутарх. «Сравнительные жизнеописания»(рус.)
  • Аппиан. «Римская история»(рус.)
  • Секст Аврелий Виктор. «О происхождении римского народа»(рус.)
  • Флавий Евтропий. «Бревиарий от основания города»(рус.)
  • Гай Веллей Патеркул. «Римская история»(рус.)
  • Публий Анней Флор. «Эпитомы Тита Ливия»(рус.)
  • Геродиан. «История Рима от Марка Аврелия»(рус.)
  • Диодор Сицилийский. «Историческая библиотека»(рус.)
  • Дионисий Галикарнасский. «Римская древняя история»(рус.)
  • Гай Светоний Транквилл. «Жизнеописание двенадцати цезарей»(рус.)
  • Так называемые «Авторы жизнеописаний августов» (Scriptores Historiae Augustae): Элий Спартиан, Юлий Капитолин, Вулкаций Галликан, Элий Лампридий, Требеллий Поллион и Флавий Вописк(рус.)

Сарчашма[вироиш]

  1. Лабарум. Латино-Русский словарь