Рӯихати корхонаҳои калонтарини Тоҷикистон

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Заводи арзии тоҷик (ТАЛКО)[вироиш]

Заводи арзии тоҷик, дар баробари НБО Норак бузургтарин корхонаи саноатии Комплекси минтақавии истеҳсолии Тоҷикистони ҷанубӣ мебошад.Заводи арзии тоҷик дар шаҳри Турсунзода ҷойгир аст.

Таърих[вироиш]

Ба сохтмони заводи арзии тоҷик соли 1965 шурўъ карда буданд. Аввалин корпуси электролизии ин завод марти соли 1975 ба кор дароварда шуд. Охири соли 1977 дар завод яке аз калонтарин сехҳои истеҳсоли анодҳои пухта ба истифода дода шуд. Дар ин давр боз чор корпуси электролизии дигар ба кор даромад.

Маҳсулоти завод аз соли 1977 ба чунин мамлакатҳои ҷаҳон, ба монанди Англия, Чехословакия, Венгрия, Руминия, Олмон ва ғайра фиристода мешуд.

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар натиҷаи ислоҳоти иқтисодӣ номи "ГУП ТАЛКО" - "Корхонаи воҳиди давлатии Компанияи арзии Тоҷикистон"-ро гирифтааст.

Иқтидори ТАЛКО[вироиш]

Иқтидори солонаи завод 517 ҳазор тонна арзиз муайян шуда буд. Завод бо технологияи навтарини ҷаҳони таҷҳизонида шудааст ва яке аз корхонаҳои бузургтарини истеҳсоли арзиз дар миқёси ҷаҳон ба шумор меравад. ТАЛКО ("Корхонаи воҳиди давлатии Компанияи арзии Тоҷикистон") - заводи бузургтарини ҷамҳури оид ба коркарди металҳои ранга дар соҳаи саноати Тоҷикистон аст. Он дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ягона заводи бузурги металҳои ранга мебошад.

Пайвандҳои беруна[вироиш]