Сайфиддин Камолзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сайфиддин Камолзода
Таърихи таваллуд 3 феврал 1970(1970-02-03) (54 сол)
Зодгоҳ Элок, Файзобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фарҳангшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Алма-матер Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода (1992)

Сайфиддин Камолзода (зод. 3 феврали 1970, Элок, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — фарҳангшинос, номзади илмҳои педагогика (2010)[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода (1992). Чанде дар шуъбаи фарҳанги ноҳияи Файзобод фаъолият намуда, солҳои 1994—1999 омӯзгори ДДСТ ба номи М. Турсунзода, 1999—2004 муовини сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, 2004—2005 котиби илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, 2005—2008 унвонҷӯи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, 2008—2011 мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2012 котиби масъули маҷаллаи «Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон» мебошад.

Таълифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи беш аз шаст дастуру мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ аз қабили «Нақши фарҳанг дар ҷомеаи мустақил», «Нақши муассисаҳои фарҳангӣ дар тарбияи ватанпарастии ҷавонон», «Китоб раҳнамо ва ганҷинаи пурҳикмати илму адаб», «Чароғи ҳидоят-ҳидоят намуд», мураттибу муҳаррири китобҳои илмию таълимии «Китобхонашиносӣ», «Педагогика: назарияи инсонофар ва ҷомеаи фарҳангӣ», «Педагогикаи фарҳанг» мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.