Салими Хатлонӣ
Салими Хатлонӣ | |
Таърихи таваллуд: | 12 март 1960 (64 сол) |
Зодгоҳ: | деҳаи Шуғноншаҳри ноҳияи Муъминобод, ҶШС Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | шоир, тарҷумон |
Солҳои эҷод: | 1974 - то ҳол |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: |
Ҷоизаи Иттифоқи Ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992) |
Салими Хатлонӣ (12 марти 1960, ноҳияи Ленинград) — шоир, тарҷумон, дипломати тоҷик, Узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС. Дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи Ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Салими Хатлонӣ, 12 марти соли 1960 дар деҳаи Шуғноншаҳри ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар зода шудааст. Соли 1979 омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм намуда ва муддате дар мактаби ҳамагонии № 2, ноҳияи Муъминобод, муаллимӣ кардааст. Чанд муддат ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи «Роҳи Ленинӣ»-и вилояти Кӯлоб фаъолият намуда, солҳои 1984—1989 дар шуъбаи тарҷумонӣ ва адабиётшиносии Институти адабии ба номи М. Горкийи шаҳри Москва таҳсил кардааст. Пас аз хатми Институти адабӣ, аз соли 1989, ба ҳайси сармуҳаррири Шӯрои танзими тарҷумаи адабиёт, вазифаҳои гуногуни идории Вазорати матбуот ва ахбор, мушовири Вазири фарҳанг, муовини раиси Идораи равобити байналмилалии Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра кор кардааст. Аз моҳи феврали соли 1999 то моҳи июли соли 2007 корманди масъули дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз моҳи июли соли 2007 иқдомоти худро пурра ба фаъолияти дипломатӣ бахшида, то июни соли 2010 ба сифати котиби матбуотии Сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Раиси Раёсати Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Иттилоот ва муошират» (2010—2012), Котиби якӯми Сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурии Озарбойҷон (2013—2015), муовини Сардори Раёсат, мудири шуъбаи иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон (2015—2017) ва ҳоло бошад ба сифати мушовири Сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурии Беларус ифои вазифа дорад. Ҳамзамон солҳои гуногун дар баробари фаъолияти хидмати давлатӣ ба ҳайси профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултаи забонҳои Шарқ ва филологияи тоҷики ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода фаъолият кардааст. Аз соли 1990 узви Иттфоқи нависандагони ИҶШС мебошад.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Салими Хатлонӣ, дар баробари ифои вазифаҳои масъули хидматӣ пайваста кори эҷодиашро идома медиҳад ва то ин муддат теъдоди фаровони кутуби ашъораш унвонии «Аз пушти борон», «Сапедасори булӯр», «Фарёдҳо бар ёдҳо», «Балоғати нур», «Шикастанҳо… На бастанҳо…», «Шамими бодаву бод», «Шабу шабобу шароб», «Хокистари ҳубоб», «Дар гуҳарбори садаф», «Оли Сомонӣ, муборак соли Сомонӣ», «Ҳомии ваҳдат», «Пешвои миллат», инчунин «Мунтахаби ашъор» (ҷилдҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7,) аз тариқи нашрияҳо бонуфӯзи Тоҷикистон ба табъ расонидааст. Ҳамзамон дар радифи ин силсила осори алоҳидаи ирфониашро дар кутуби таҳти номҳои «Бенавое дар навои най» (вобаста ба рӯзгор ва баррасии осори Мавлонои Балхӣ), «Аташсипори тариқат ва майгусори ҳақиқат» (мақолоти тафсирӣ вобаста ба осори Ҳофизи Шерозӣ), «Ишқ мегӯяд…» (мақолоти тафсирӣ дар атрофи вожаи «Ишқ») интишор намудааст.
Салими Хатлонӣ дар эҷодиёти хеш ба кори тарҷумаи бадеӣ низ комёб шудааст, ки аз ҷумла ашъори ҷудогонаи Фёдор Тютчев, Николай Рубтсов, Расул Ғамзатов, Ҷамшед Пиримов, китобҳои шоираи кореягӣ Ким Ёчо «Палакони Сеул», шоираи ҷопонӣ Мисузу Канеко «Ман ва гунҷишкак», маҷмуъаи повесту ҳикояҳои адиби туркман Отаҷон Таган «Ғуруби Парвин» ва дигар адибону олимони машҳури оламро дар ин шумул метавон ном бурд. Салими Хатлонӣ дар мавзӯъи «Тасвири най дар эҷодиёти Ҷалолуддини Румӣ» (соли 2004) рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Масоили тасвирҳои шоирона дар осори Ҷалолуддини Румӣ» (соли 2009) рисолаи докторӣ дифоъ намуда, ба унвони илмии доктори илми филология шарафёб шудааст.
Ба ҳамин иртибот чандин рисолаҳояш дар шакли кутуби алоҳидае ба монанди «Най дар тасаввури Мавлоно»- Душанбе «Матбуот» — 2003, «Тасвири най дар эҷодиёти Ҷалолуддини Румӣ», Душанбе «Ирфон»-2005, «Инъикоси болопазирии рӯҳ ва таҷаллии нур дар оинаи таҷаммул», Душанбе, «Ҳумо» — 2007, «Ишқ сарманшаъи такомули инсон ва воситаи иртиботи он бо Офаридгор», Душанбе, «Эҷод»-2007, «Рамзофаринӣ ва таҷассуми симои тамсилӣ дар осори Мавлоно», Душанбе, «Эҷод»-2008, «Тасвирофаринӣ дар осори Ҷалолуддини Румӣ», Душанбе, «Эҷод»-2009 ва теъдоди бешумори мақолоти тадқиқотиашро аз тариқи рӯзномаву маҷаллаҳои илмиву адабӣ дар интишороти кишвар ва хориҷ аз он ба табъ расонида, дар чандин конфронсҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Теҳрон, Истамбул, Қуния, Маскав, Париж ва ғайра бо гузоришҳо мушорикат намудааст.
Намунаи ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиётшинос Муҳаррам Қодирӣ дар пажӯҳиши хеш «Шеъри андеша ва ҳикмат» (ба ҷои охирсухан дар ҷилди 7, «Мунтахаби ашъор»-и Салими Хатлонӣ) бо таъкид бар назари ин шоъир фармудааст, ки: «Ҳисси баланди ватандорӣ Салими Хатлониро водор кардааст, ки бар нақизи ин ҳама беадолатиҳо бармехезад ва аз суханбозии „ватандӯстоне“, ки дарди миллат надоранд, шарофат аз шарафмандии Ватан надоранд, ба шӯр меояд ва бо дард сухан мегӯяд:
- Зарафшону Бадахшон гуфтанат чист?
- Зи Суғду Рашту Хатлон гуфтанат чист?
- Надорӣ дарди миллат дар дили худ,
- Ало, „ҷон Тоҷикистон“ гуфтанат чист?
Ва шоиста аст, ки Салими Хатлонӣ ин ҳама дардҳоямон, ин ҳама ҳунарҳои бемантиқамонро санҷида мегирад…»
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1992 барои маҷмӯаи ашъораш — «Сапедасори булӯр» сазовори ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Соли 1999 мутобиқи фармони Президенти мамлакат бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шарҳи ҳоли Салими Хатлонӣ
- Қосимов С. С. Рӯзгор ва осори Салими Хатлонӣ (масъалаҳои назми тоҷик дар замони истиқлол). Душанбе, «Истеъдод»-2014
- Шеъри Салими Хатлонӣ «Парчам» дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Адабиёти даврони истиқлол Бойгонӣ шудааст 19 феврали 2019 сол.
- «Поси ошноиҳо». Ёде аз равоншод Одинаи Ҳошим
- Умар Сафар. Бигӯ, тарона бимонад!.. (Нақде бар сурудаҳои Салими Хатлонӣ). Душанбе, «ЭР-граф»-2016.
- Муҳаммадалии Аҷамӣ. Аз қаламрави шеър то қаламрави ишқ. Душанбе, «Истеъдод»-2006.