Jump to content

Сангзанӣ ба шайтон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зоирон дар наздикии Ҷамароти Ақаба дар вақти Ҳаҷ (соли 2006)

.

Сангзанӣ ба шайтон (ар. رمي الجمرات‎) — баъд аз тавофи зиёрат ба Мино бармегардад ва дар рӯзҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум баъд аз заволи офтоб ба шайтонҳо санг мепартояд. Сангзаниро аз Ҷамраи Суғро (рамзи хурди шайтон), ки наздик ба масҷиди Хиф аст, шурӯъ карда, ба Ҷамраи Вусто (рамзи миёнаи он) мегузарад ва ниҳоятан, дар Ҷамраи Кубро (бузург) ба охир мерасонад.

Ба ҳар ҷамрае ба миқдори муайян сангреза партоб мешавад ва ҳангоми бо сангреза задани рамзҳои шайтон такбир ва таҳлил мегӯяд.

Баъд аз партоби сангреза ба Ҷамраи аввал ва ҳамчунин ба ҷамраи дуюм дар канори рости онҳо рӯ ба қибла истода, ба дуъо ва ниёиш ба даргоҳи Худованди мутаъол мепардозад, вале баъд аз задани сангрезаҳо ба ҷамраи бузург, дигар наистода, зуд бармегардад ва дар ҳоли ҳаракат дуъо мекунад.

Баъд аз фориғ шудан аз сангрезапартоӣ ба ҷамароти сегона дар рӯзҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум метавонад ба Макка баргардад ва ё дар Мино боқӣ монда, дар рӯзи сездаҳум низ ба ҷамароти сегона санг партоб намояд.

Агар рӯзи дувоздаҳум то баъд аз ғуруби офтоб дар Мино монда бошад, дар ин ҳолат хориҷ гаштани ӯ аз Мино пеш аз партоби сангрезаҳои рӯзи сездаҳум макрӯҳ аст.

Агар рӯзи сездаҳум то баъд аз тулӯи субҳи содиқи он рӯз дар Мино бошад, партоби сангреза ба ҷамарот барояш воҷиб мегардад.