Каъба

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Акс:Time of Adhan, Great Mosque of Mecca - Jan 6, 2018.webm
Вақти азон, дар Масҷидулҳароми Макка - 6 январи 2018
Каъба
Тавофӣи ҳоҷиён дар Каъба соли 2016

Каъба (ар. الكعبة‎ «мукааб») — азизи муъминон ки намуди сохти мукаабро дорад ва дар дохили ҳавлии Масҷидулҳаром (Макка) қарор дорад.

Ин ҷойи асосие, ки мувофиқи фармони Қуръон ҳар як бандаи муъмин бояд зиёрат (ҳаҷ) кунад. Каъба аз забони арабӣ, ишораи рамзии номи ал-Байт ал-Ҳарам-ро дорад, ки маънояш «хонаи азиз» аст.

Тафсир[вироиш | вироиши манбаъ]

Каъба бинои чоркунҷаест, ки аз санги хокистарранг сохта ва ҳавлиаш бо сутунҳои равоқбандишуда иҳота шудааст. Дарозиаш 13 м, бараш 12 м, баландиаш 15 м мебошад. Мусулмонон Каъбаро Байтулаллоҳ (хонаи Аллоҳ), Байтулҳарам («хонаи азиз») ва Масҷидулҳаром (масҷиди муқаддас) меноманд. Дар кунҷи шарқии девори берунии Каъба санги муқаддас-Ҳаҷаруласвад (ар. الحجر الأسود‎) — санги сиёҳе, ки дар рукни шарқии хонаи Каъба ҳудуди 1,5 м баландтар аз сатҳи замин дар тарафи рости дари Хона дар бурҷе гузошта шудааст. Онро «санги Иброҳимӣ» низ меноманд, зеро ба ривояти динӣ гӯё Маккаю Каъбаро Иброҳиму Исмоил сохтаанд. Санг дар иҳотаи 3-4 қатор толору манораҳо гузошта шудааст. Ибтидои соли 930 пайравони фирқаи қарматия, Абӯтоҳир Сулаймони Ҷаннобӣ – сарвари қарматиёни Баҳрайн (дар Ҳаҷар) соли 317 ҳ./929 мелодӣ моҳи зулҳиҷҷа дар мавсими ҳаҷ ба Макка ҳамла кард ва пас куштори ҳоҷиён ва ғорати хонаи Каъба Ҳаҷаруласвадро бо худ ба Ҳаҷар – пойтахти қарматиён дар Баҳрайн бурд ва то соли 339 ҳ. ба муддати 22 сол хонаи Каъба бе Ҳаҷаруласвад монд. Соли 339 ҳ./951 мелодӣ бо миёнаравии халифаи сулолаи аббосӣ дар Бағдод Ҳаҷаруласвад нахуст ба Куфа ва пас аз он ба Макка фиристода шуд ва 10 зулҳиҷҷаи он сол бори дигар дар ҷояш гузошта шуд[1].

Кисвати Каъба (ар. كسوة‎) — чодар ва порчаи сиёҳест, ки хонаи Каъба ба ҷуз новадон ва дараш ба он пӯшонида мешавад, домани он то поёни деворҳо мерасад ва бо ҳалқаҳои чармине ба шодурвони Хона баста мешавад.

То ислом Каъба маъбади бутҳои сершумори қабилавии арабҳо буд. Мувофиқи ривоятҳо дар атрофи Каъба зиёда аз 300 санам (асном) ва гӯри пайғамбарон мавҷуд буданд. Баъдтар ҳамаи санамҳо нест карда шуда, Каъба ҷойи асосии муқаддаси мусулмонон гардид. Дар ҳавлии Каъба чашмаи Замзам воқеъ аст. Мусулмонон уҳдадор ҳастанд, ки ҳангоми намоз ба Каъба рӯ оранд қибла ва дар тӯли зиндагӣ агар имкони молиявӣ дошта бошанд, онро боре зиёрат, (ҳаҷ) намоянд[2].

Дар вақти ҳаҷ дар инҷо зуд зуд воқеъаҳои нохуш рӯй медиҳанд, аз сабаби фушурдани ҳамдигар одамон ҳалок мегаштанд. Ин мусибат оҳиста-оҳиста ба сахтии қоидаи зиёраткунӣ ва зарурати паҳн кардани Масҷидулҳаром овард. Яке аз ҳамин гуна паҳнкунӣ соли 1344 ҳиҷрӣ дар вақти подшоҳии Абдул Азиз ибни Абдурраҳмон шуда гузашт. Дар соли 1373 ҳиҷрӣ дар Масҷидулҳаром чароғон ва ғуборкаши барқӣ пайдо шуд. Дар натиҷаи корҳои бузурги сохтумонӣ, ки дар вақти ҳукмронии Сауди IV, Файсал ва Ҳалид идома дошт, масоҳати масҷид бо майдони гирди Каъба то 193 000 м. кв. зиёд шуд ва ғунҷоиш то 400 000 нафарро ташкил кард. Дар вақти ҳукмронии Фаҳд масҷид бо тартиби конденсионерии ҳаво, оташхомушкунӣ ва қубур таъмин гашт. Масоҳати масҷид ба 356 000 м кв. ва ғунҷоиш то 600 000 нафар расид. Соли 2007 давраи нави таъмири масҷид ибтидо гирифт, ки дар оқибати он 1,6 млн имондор метавон ҷой гиранд. Майдони гирди Каъба аз 20 метр ба 50 метр расид ва аз 52 000 то 130 000 тавофон дар як соат метавонанд дар гирди Каъба тоб хӯранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Доиратулмаорифи форсӣ. – Ҷ. 2. – С. 2027; Муҳйиддин Аҳмад Имом, Фӣ риҳоби-л-Байти-л-ъатиқ. Нусхаи электронии он дар мак­табаи шомила.
  2. Донишномаи Ҳисор — Д.: "Ирфон", 2015, —с. 296

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]