Jump to content

Сипандии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сипандии Самарқандӣ
форсӣ: سپندی سمرقندی
Таърихи таваллуд: 1829
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1909
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ, форсӣ ва ӯзбекӣ

Мулло Абдулкарим Сипандии Самарқандӣ (1829, Самарқанд1909, Самарқанд, генерал-губернатории Туркистон) — шоири тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сипандии Самарқандӣ дар Самарканд умр ба сар бурдааст. Эҷодиёташ аз ғазал, мухаммас, қитъа, рубои, қитъаҳои таърих иборат аст, ки аксаран бо забони тоҷики буда, дар девон бетартибона ҷой дода шудааст. Ба ғайр аз ин, Сипандӣ аз худ «Ҳаҷви кали Иброҳим»-ро боқӣ гузоштааст.

Намунаҳо аз осори Сипандӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Шаб, ки он дилбар маро бо хештан дамсоз кард,
Чашми шухи ӯ ба андози ниёзам ноз кард.
Богбони ҳусн сарви комати нози туро,
Дар миёни навнихолони чаман мумтоз кард.
Дар харими базми васлат рухсати наззора нест,
Гар ба руйи меҳр натвон чашми хайрат боз кард.
Аз шикасти согари дил нолае омад ба гуш,
Чинии Фагфур хам натвонад ин овоз кард.
Дар дами пирӣ хам аз чаври фалак гофил мабош,
Боз дар анчом созад он чи дар оғоз кард.
Бахри ӯ худро Сипанди сухтам чандон, ки чарх,
Сад ҳазор оина аз хокистарам пардоз кард.
Имшаб шакаре гар аз лабат нӯш кунам,
Дар ишқи ту кай панди кассе гӯш кунам,
Ғайри ту агар парист, аз хотири ту,
Бошад, ки зи хотирам фаромӯш кунам.

Дар чаман то рахти ноз он қадди дилҷӯ мекашад,

Сарв худро аз хиҷолат бар лаби ҷӯ мекашад,

Булбули шӯрида аз гулзор паҳлу мекашад,

Ҳар куҷо наққош нақши он парирӯ мекашад,

Гар ба зулфи анбараш навбат расад, мӯ мекашад.

Он қадар дорад ниҳоли қадди ҷонон нозукӣ,

Бас латофат маҳви ӯ гардиду ҳайрон нозукӣ,

Марҳабо мӯйи миён, чун риштаи ҷон нозукӣ,

Гирди он мӯйи миён гардам, ки бо он нозукӣ,

Ин ҳама бори латофатро ба як мӯ мекашад.

Эй қадат сарву даҳонат ғунчаву рӯят гул аст,

Накҳати зулфи парешони ту рашки сунбул аст,

Ин мухаммас чун зи мазмуни навои булбул аст,

Бо парешонихтилотон ошноӣ мушкил аст,

Шона ҷабри арраро аз баҳри гесу мекашад.

(Мухаммаси Сипандӣ бар ғазали Шавкат)