Солеҳ Ғуломов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Солеҳ Ғуломов
Солеҳ Ғуломов
Таърихи таваллуд 7 ноябр 1913(1913-11-07)
Зодгоҳ Бухоро, ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС
Таърихи даргузашт 17 декабр 1977(1977-12-17) (64 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко
Ҷоизаҳо ордени «Нишони Фахрӣ»

Солеҳ Ғуломов (07.11.1913, шаҳри Бухоро – 17.12.1977, шаҳри Душанбе), доктори илми таърих (1970), профессор (1972). Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солеҳ Ғуломов Техникуми педагогии шаҳри Бухороро соли 1935 ба итмом расонда, дар муассисаҳои маорифи Тоҷикистон кор кардааст. Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро низ хатм намудааст. Солҳои 1946-1949 дар дастгоҳи КМ ПК Тоҷикистон вазифаи масъулро иҷро намуда, 1950-1960 муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», маҷаллаи «Коммунисти Тоҷикистон», директори Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд. Аз соли 1960 то поёни умр ба ҳайси мудири кафедраи таърихи КПСС-и Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) хидмат ба ҷой овардааст. Оид ба масоили мухталифи таърихи навини Тоҷикистон, аз ҷумла пешбурди соҳаи пахтакорӣ асару мақолаҳои зиёд навиштааст. Вале мавзӯи ташаккули аҳли зиёи тоҷик дар даврони шӯравӣ меҳвари аслии ковиши илмиашро ташкил додааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои ҷангию меҳнатӣ ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр ёфтааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Партийные организации Таджикистана и вопросы хлопководство. – Сталинабад, 1956;
  • партиявииТоҷикистон дар мубориза барои иҷрои плани панҷсолаи чорум. – Сталинобод, 1957;
  • Таърихи КПСС – марксизм-ленинзм дар амал. – Сталинобод, 1960;
  • Ташкилотҳои партиявии Тоҷикистон ва масъалаҳои пахтакорӣ. – Сталинобод, 1960;
  • Ташаккул ва инкишофи интеллигенсияи советии тоҷик. – Д., 1971;
  • Интеллигенсияи тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ. – Д., 1975;
  • Республикаи шукуфони Шарқи Советӣ. – Д., 1975;
  • Таджикская советская интеллигенция (История формирования и роста за годы Советской власти). – Д., 1976.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 155.