Соро компания

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
КФ «Соро компания»
Номи пурра Клуби футзали «Соро компания»
Лақаб Соро
Таъсис 2013
Майдон Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ (Душанбе)
Ғунҷоиш 1500 нафар
Президент Парчами Тоҷикистон Тоҷиддин Давлатов
Мураббӣ Парчами Тоҷикистон Пайрав Воҳидов
Капитан Парчами Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров
Сарпараст Парчами Тоҷикистон ҶДММ «Соро Компания»
Мусобиқа Лигаи касбии футзали Тоҷикистон
2022 Қаҳрамони кунунӣ Қаҳрамон
Форма
Либоси
асосӣ
Форма
Либоси
меҳмонӣ

Клуби футзали «Соро компания» (англ.  FC Soro Company) — бошгоҳи футзал аз шаҳри Душанбе аст. Соли 2013 аз ҷониби ҶДММ «Соро Компания» таъсис ёфтааст.

Серҷоизатарин бошгоҳи Тоҷикистон буда, 10-то ҷоми расмӣ, аз ҷумла 4 қаҳрамонии Тоҷикистон, 3-то Ҷоми Тоҷикистон, 3-то Суперҷоми Тоҷикистон дорад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Пеш аз баромади аввалинаш дар Лигаи касбии футзали Тоҷикистон даста гоҳ-гоҳ дар мусобиқаҳои гуногуни ҳаваскорон ширкат мекард.
  • Соли 2015 «Соро компания» баромади худро дар чемпионати Тоҷикистон - Серияи «PRO» оғоз карда, ҳамон сол соҳиби медалҳои нуқра гардид.
  • Соли 2018 қаҳрамони Лигаи касбии футзали Тоҷикистон шуда, ба чемпионати Осиё миёни бошгоҳҳо роҳхат гирифт. Аз рӯи натиҷагирӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё «Соро компания» ба 10 гонаи беҳтарини дастаҳои Осиё дохил шуд.
  • Соли 2020 бори нахуст дар таърихи худ барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуда, инчунин медалҳои нуқраи Лигаи касбии футзалро ба даст овард.
  • Соли 2021 ба хазинаи дастовардҳои даста медалҳои тиллои Серияи «PRO», Лигаи касбии футзал ва Ҷоми Тоҷикистон зам шуд.
  • Соли 2022 низ "хет-трики тиллоӣ" кард.

Роҳбарияти бошгоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Тоҷиддин Давлатов — Президенти бошгоҳ
  • Нуриддин Давлатов — Директори варзишӣ
  • Элчибек Элчибеков — Мененҷер
  • Аҳмад Саидов — Сардори даста
  • Суҳроб Раҳмонов - Маъмур
  • Шарофиддин Талабов - Мураббӣ-таҳлилгар
  • Фаррух Нозимзода - Сухангӯ

Дастовардҳои даста[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Қаҳрамони Тоҷикистон (4): 2018, 2019, 2021, 2022
  • Ғолиби мусобиқаи байналмилалии Ҷоми «Олимп» (1): 2019
  • Барандаи Ҷоми Тоҷикистон (3): 2020, 2021, 2022
  • Барандаи Суперҷоми Тоҷикистон (3): 2020, 2021, 2022

Ширкати «Соро» дар Чемпионати Осиё оид ба футзал миёни бошгоҳҳо-2019[вироиш | вироиши манбаъ]

Давр Даста Ҳисоб Даста
1 Парчами Индонезия «Вамос» (Индонезия) 6:4 Парчами Тоҷикистон «Соро компания» (Тоҷикистон)
2 Парчами Тоҷикистон «Соро компания» (Тоҷикистон) 2:7 Парчами Лубнон «Бейрут» (Лубнон)
3 Парчами Тоҷикистон «Соро компания» (Тоҷикистон) 6:5 Парчами Мянма «Виктория» (Мянма)

Ҳамин тариқ, «Соро компания» бо касби се имтиёз ҷойи сеюмро ишғол кард ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт. Дастаҳои “Бейрут” ва “Вамос” ба чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дастовардҳои бозингарон[вироиш | вироиши манбаъ]

Парчами ТоҷикистонФайзалӣ Сардоров

  • Беҳтарин футзалбози дар Тоҷикистон: 2017, 2021, 2022
  • Беҳтарин бозингари Ҷоми Қирғизистон 2019

Ҳайати феълии даста[вироиш | вироиши манбаъ]

Мавқеъ Шаҳрвандӣ Ном Соли таваллуд
40 Дарвозабон Парчами Эрон Эрон Меҳдӣ Мустафоӣ 1991
1 Дарвозабон Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон Хушбахт Исоев 1998
2 Дарвозабон Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон Фирӯз Бозмамадов 2000
99 Дифоъгар Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон Дилшод Саломов 1995
18 Дифоъгар Парчами Эрон Эрон Мӯҳсин Муҳаммадзода 1995
9 Универсал Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров 1998
10 Универсал Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон Некрӯз Алимаҳмадов 1995
6 Универсал Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон Идрис Ёров 2000
14 Универсал Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон Насим Шарифов 2001
8 Ҳамлавари канорӣ Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шарифов 1998
7 Ҳамлавари канорӣ Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҷабов 1999
7 Ҳамлавари канорӣ Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҷабов 1999
17 Ҳамлавари канорӣ Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон Самандар Ризоев 2001
13 Пивот Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон Бахтиёр Солиев 2001
72 Пивот Парчами Эрон Эрон Муҳаммад Герованд 1993
11 Ҳамлавар Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон Фирӯз Сангов 1998

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Шабакаҳои иҷтимоӣ