Jump to content

ТВ Баҳористон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
ТВ «Баҳористон»
Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон»
Логотипи Телевизиони Баҳористон аз соли 2016
Мамлакат Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Минтақаи пахш Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Парчами Замин Замин
Замони пахш аз соати 7 субҳ то соати 22 шаб
Забон асосан тоҷикӣ, ҳамчунин русӣ ва баъзан англисӣ
Маркази идоракунӣ Душанбе Тоҷикистон
Оғоз 4 сентябри соли 2006[1]
Бинандагон тақрибан 15 миллион
Асосгузор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Молик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон»
Каналҳои хоҳар Парчами Тоҷикистон ТВ Тоҷикистон
Парчами Тоҷикистон ТВ Ҷаҳоннамо
Парчами Тоҷикистон ТВ Сафина
Парчами Тоҷикистон Варзиш ТВ
Парчами Тоҷикистон ТВ Синамо
Сайт tvb.tj

ТВ «Баҳористо́н» — муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон.

Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» 4 сентябри 2006 бо мусоидати Ҳукумати ҶТ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбута ба фаъолият оғоз намуд.

Телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» то 13 январи 2008 дар ҳаҷми 8 соат (700–1100 эфири субҳгоҳӣ, 1700–2100 эфири бегоҳирӯзӣ) барои тамошобинон барномаҳои гуногуни иттилоотӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ, омӯзишӣ, маърифатӣ, варзишӣ, филмҳои ҳунарию тасвирии ватанӣ ва хориҷӣ намоиш медод. Аз 14 январи 2008 ба техникаи нави рақамӣ гузашт ва намоишҳо минбаъд бе танаффус аз соати 7.00 то 21.00 пахш мегарданд. Ҳоло дар сохтори «Баҳористон» идораҳои иттилоотӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, мусиқӣ, варзиш ва бозиҳои шавқовар, шуъбаҳои наворбардорону коргардонҳои овоз ва танзими барномаҳо, бахши техникӣ фаъолият доранд. Намоишҳои шабака асосан бо забони тоҷикӣ таҳия гардида, аз рӯйи имкон якчанд намоиши омӯзишию маърифатӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ низ пешниҳод мешаванд.

  • Парвин
  • Чигилак
  • Олами техника
  • Як соат
  • Мо ва ҷонварон
  • Матин
  • Иштибоҳ
  • Кулоҳи сеҳрнок
  • Бозёфт
  • Таҷриба
  • 7 - рӯзи варзиш
  • Беҳтар аз дӯст
  • Довталаб
  • Happy English
  • Ифтихор
  • Офарин
  • Ғунча
  • Фикри шумо?
  • Ҳафтранг
  • Таҳамтан
  • Панҷаи ҳунар
  • Озмуни рассомон
  • Навори Ҷолиб [2]


Online-tv дар сомонаи teleradiocom.tj Бойгонӣ шудааст 17 феврали 2017  сол.