Таърихи ҷадид

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ба ин мақола дигар саҳифаҳои мақолаҳои Википедиа пайваст нестанд.
Лутфан, аз ҷустуҷӯ истифода баред ва пайвандеро аз рӯи қоидаҳои кабулшуда гузоред.
Радифи маснӯъии нахусти Замин

Таърихи ҷадид -ин давраест, ки мо дар он,дар ҳоли ҳозир зиндагӣ карда истодаем. Шартан гуфтан мумкин аст, ки таърихи ҷадид баъд аз анҷом ёфтани Ҷанги дуюми ҷаҳон,соли 1945 ибтидо шудааст.

Ин давра пайдоиши фарҳанги оммавиро ба хотир меоварад, аз он ҷумла тақрибан соли 1961, вақте ки гурӯҳи The Beatles дунёро ба ҳайрат гузошту Юрӣ Гагарин кайҳонро.

Зиддияти ду ҷаҳонбинӣ — коммунизм ва капитализм —барои тараққиёти илму техника,фарҳанги оммавӣ , таҷҳизотҳо (телевизион,радио,интернет, кино,нашрияҳои чопӣ),глобализм ва ғайра таккони бузургеро бахшид.

Декабри соли 1991 Итттиҳоди Давлатҳои Сотсиалистии Шӯравӣ барҳам хӯрд, ки тамоми дунёро тағйир дод. Мамлакатҳои коммунистӣ ба шакли демократӣ гузаштанд. Соли 2003 дар Ироқ ҷанг сар шуд,ки давлатро ба шакли демократӣ гузаронид. Тахминан дар ҳамин вақт дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ шӯриш ("инқилоботи норанҷӣ") рух дод.

Бо кӯшиши ширкати Commodore Int.,аз соли 1985 сар карда дар тамоми дунёо компӯтар барои бозӣ паҳн гаштанд. Тараққиёти пуршиддати соҳаи нави индустрӣ сар шуд, ки истеҳсоли компӯтар ва барномаҳои таъминотӣ барои онҳо мебошанд.Дар ҳоли ҳозир аз нисф зиёди аҳолии дунё бо компӯтар кор мекунанд.Аз солҳои 80-ум сар карда шабакаи Интернет тараққӣ мекард. Ҳоло бошад қариб, ки аз ҳаммаи компӯтарҳо ба шабакаи интернет дохил шудан мумкин аст. Ҳаёти имрӯзаро бе интернет ва компӯтар тасаввур кардан мушкил аст.

Нигаред[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]