Фазлиддин Шаҳобов
Фазлиддин Раҳимович Шаҳобов | |
Таърихи таваллуд | 21 март 1911 |
Таърихи даргузашт | 1 феврал 1974 (62 сол) |
Пеша(ҳо) | мусиқишинос ва оҳангсози тоҷик,сароянда |
Фазлиддин Шаҳобов (21 марти соли 1911 – 1 феврали соли 1974) - мусиқишинос, сарояндаи мақом, навозандаи беназири танбӯр, сарояндаи шашмақом ва оҳангсози тоҷик. Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1952), Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1944), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1972) ва Ҷоизаи ба номи Борбад (1990), узви Иттифоқи оҳангсозони СССР (1942), раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (1955-1956).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фазлиддин Шаҳобов соли 1911 дар шаҳри Бухоро дар оилаи мударрис ва шоири дарбори амири Бухоро донандаи маъруфи ашъори Бедил Абдураҳими Хатлонӣ (Аҷзӣ) таваллуд шудааст. Падараш таҳсилоти академии писарашро наззора менамуд, меҳри кӯдакро нисбат ба мусиқӣ Изомӣ – танбӯрнавози маъруф, парваридааст. Нахустин дарсҳои танбӯрнавозиро аз тағоияш, сипас дар техникуми мусиқии Бухоро (1925-1929) аз иҷрокунандагон ва донишмандони машҳури мусиқии классикии тоҷик Мирзоғиёси Танбӯрӣ ва Бобоҷалоли Носирӣ омӯхтааст. Пас аз хатми мактаб соли 1929 ӯ ба Самарқанд омада, маҳорати хешро дар назди ҳофизони машҳури тоҷик Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов, Абдулқодири Найчӣ, Ҳоҷӣ Абдураҳмон, Домулло Ҳалим Ибодов такмил медиҳад. Аз соли 1930 то соли 1932 Ф.Шаҳобов ба ҳайси навозанда дар Оркестри давлатии Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Тошканд, аз соли 1932 то соли 1936 ба сифати дирижёр ва мудири қисми мусиқии Театри мусиқӣ-драмавии Бухоро фаъолият менамояд. Дар баробари ин ӯ дар Техникуми мусиқии Бухоро дарс медиҳад. Аввалин таҷрибаҳои ӯ дар композитсия ба ҳамин давра рост меоянд, ки дар байни онҳо бузургтарин марши «Шараф» барои ансамбли созҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Соли 1936 Ф.Шаҳобов ба синфи омӯзгор В.Л. Мухин шуъбаи дирижёри хори Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И. Чайковский дохил мешавад. Дар ин ҷо ӯ бо мусиқии рус ва Европаи Ғарбӣ ошноӣ пайдо карда, қаламу маҳорати худро дар жанрҳои барои фарҳанги мусиқии тоҷик нав санҷида дар онҳо суннатҳои санъати мусиқии классикиро татбиқ менамояд. Масалан, романсҳои «Хонаи дил» ва «Ваъдаи дил», ки ӯ дар он айём эҷод намуда буд, шуҳрати бузург пайдо карданд. Пас аз хатми Консерватория соли 1941 Ф.Шаҳобов дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Муқимии Тошканд ба ҳайси хормейстер ва аз соли 1942 дар ансамбли тарона ва рақси Филармонияи давлатии Ӯзбекистон ба сифати роҳбари бадеӣ фаъолият менамояд. Моҳи октябри соли 1942 бо даъвати расмии Раёсати санъат ба Тоҷикистон меояд. Соли 1942 Ф.Шаҳобов ба узвияти Иттифоқи композиторон қабул гардида, котиби масъули раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мегардад. Аз соли 1942 то соли 1968 ӯ дар вазифаҳои роҳбари бадеии коллективҳои эҷодии радио ва телевизион, сармуҳаррири барномаҳои мусиқии Кумитаи оид ба радио ва телевизиони назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон фаъолият менамояд. Тӯли 26 соли фаъолият дар радио ва телевизион Ф.Шаҳобов барои ташаккули мактаби Шашмақом дар Душанбе саҳми хеле бузург гузошт. Тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ бо пешниҳоди қаблии Фазлиддин Шаҳобов ба Душанбе ду донандаи дигари Шашмақом, Бобоқул Файзуллоев ва Шоҳназар Соҳибов ба Душанбе таклиф карда мешаванд ва фаъолияти муштараки ӯ бо онҳо оид ба сабти нотавии мусиқии классикии Шашмақоми тоҷик оғоз меёбад. Бо дарки моҳияти рушди мактаби классикии Шашмақом дар пойтахти тоҷикон шаҳри Душанбе, Ф.Шаҳобов фаъолияти мусиқӣ маърифатии хешро низ дар радио ва телевизиони ҷумҳурӣ оғоз менамояд. Фаъолияти мусиқӣ-маърифатии ӯ дар тарғиби мусиқӣ нақши амиқ гузошт. Сенарияи барномаҳои муаллифии ӯ – силсилаи барномаҳои мавзӯии радио оид ба санъати Шашмақом, дар бораи устодон ва созҳои халқӣ, оид ба навозандагони машҳури гузашта, очеркҳо роҷеъ ба жанрҳо ва суннатҳои мусиқӣ, рӯйдодҳои ҳаёти мусиқӣ, композитсияҳои мусиқӣ-адабии ҷолибу барҷаста дар бойгонии шахсии ӯ (беш аз 1000 саҳифа) то имрӯз боқӣ мондаанд. Ф.Шаҳобов дар ҳақиқат якумин мусиқишиноси Тоҷикистони шӯравӣ маҳсуб меёбад. Ӯ аз худ мероси пурғановати илмӣ, аз ҷумла рисолае, ки арзиши он имрӯз бебаҳост, боқӣ гдузоштааст. Аз фаъолияти гуногунпаҳлӯи Ф.Шаҳобов ҳамин низ шаҳодат медиҳад, ки ӯ аз соли 1948 то соли 1950 ҳамчун корманди калони илмӣ дар кабинети мусиқии тоҷики Хонаи эҷодиёти халқии ҷумҳурӣ ва аз соли 1955 то соли 1956 ба ҳайси раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон кор кардааст. Дар ҷабҳаи композиторӣ Ф.Шаҳобовро ҳамчун яке аз асосгузорони жанри романс дар мусиқии тоҷик номидан мумкин аст. Муҳаббат нисбат ба назм жанрҳои дӯстдоштаи композитории Ф.Шаҳобов – суруд ва романсро муайян намуданд. Ба асарҳои ӯ лиризми нозук, таъсирбахшӣ, самимияти ҳайратангез ва бетакаллуфӣ, завқи баланду латифи бадеӣ хос мебошанд. Композитор ҳам аз осори адибони классик (Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил) ва ҳам аз осори муосирон (Лоҳутӣ, Раҳимӣ, Шукӯҳӣ, Деҳотӣ, Турсунзода) истифода бурдааст. Яке аз аввалин шахсонест, ки ба жанрҳои барои мусиқии тоҷик нав муроҷиат намудааст. ӯ асари вокалӣ-симфонӣ дар бораи Ленин, асарҳо барои хор, сурудҳои халқиро барои хор коркард намудааст. Ба ҳам пайвастани дастовардҳои классикии ҷаҳонӣ бо суннатҳои мусиқии мардумӣ, амиқияти равонӣ, самимияти ифода, риояи дақиқи матни адабӣ, пайдарҳамии рушди симои мусиқӣ, мукаммалии драмавӣ – ин аст хусусиятҳои хоси асарҳои камеравӣ-вокалии Ф.Шаҳобов. Дар ҳаммуалифӣ ӯ достони симфонии «Сегоҳ»-ро эҷод намудааст, ки дар он ду навъи афкори мусиқӣ – мақом ва симфонӣ омезиш ёфтаанд. Суруду романсҳои ӯ «Ёр дорам» (ғазали Саъдӣ), «Интизорӣ» (шеъри А.Шукӯҳӣ), «Орзу дорам» (ғазали Қассоб), «Дар шаби маҳтоб» (шеъри С.Аминов), «Эй суруди ман» (шеъри А.Шукӯҳӣ), «То кай?», «Ҷононаи ман ин аст» (шеъри С.Айнӣ ва Камол), «Камнамоӣ» (шеъри Б.Раҳимзода), «Эй зулф» (ғазали Ҷомӣ), «Хандида меояд» (шеъри М.Турсунзода) ва бисёр дигарон ба таври васеъ машҳур гардиданд. ӯро яке аз офарандагони жанри нави романс дар мусиқии тоҷик меҳисобанд. Соли 1949 ӯ ансамбли ҳофизони мақомсароро таъсис медиҳад. Ҳамҷоя бо донишмандони мусиқии мардумӣ ва классикӣ Ш.Соҳибов ва Б.Файзуллоев Ф.Шаҳобов корҳои зиёдеро на танҳо оид ба сабти нотавии «Шашмақом», ки нашри 5-ҷилдаи он ба табъ расид, балки дар самти фаъолияти омӯзгорӣ дар тарбияи мақомхонон низ анҷом додааст. Ф.Шаҳобов инчунин дар ҳаммуаллифӣ дар таҳияи маҷмӯаҳои «Сурудҳои халқии тоҷик» дар 3 ҷилд ва «Сурудҳо барои мактабҳои ибтидоӣ» ширкат варзидааст. Ф.Шаҳобов бо фаъолияти дурахшони иҷрокунандагии хеш машҳур гардида буд. Ҳамчун сароянда ва навозандаи мумтоз ӯ дорои сабки хоси эҷодӣ, маҳорати тафсир, махсусан дар навозиши моҳиронаи танбӯр буда, маҳорати аъло, тобишҳои нозуктарин ва илҳоми ҳақиқиро намоиш медод. ӯ намояндаи ҳақиқии мактаби классикии Шашмақоми тоҷик буд.
Номи Ф.Шаҳобов ба таври абадӣ дар саҳифаи таърихи ташаккули мусиқии тоҷик сабт гардидааст. Фаъолияти пурсамари ҷамъиятӣ, мусиқӣ-маърифатӣ, композиторӣ ва иҷрокунандагии ӯ дар фарҳанги мусиқии тоҷик нақши амиқ гузоштааст. Файзу баракати ин мутафаккири бузурги мусиқӣ баъди вафоташ низ наслҳои нави мутахассисони Шашмақомро ба илми ин мусиқии классикии тоҷик даъват мекунад, чунин буд нуфузи чопи рисолаи ӯ «Баёзи Шашмақом» дар соли 2008. Ин асар пулест, ки ғояҳои асосии мактаби классикии Шашмақомро ба илми муосири мақомшиносӣ маълум намуд. Фазлиддин Шаҳобов, ки дар тӯли ҳаёти худ тамоми вуҷудияташро ба нигоҳдории асоси тоҷикии мактаби Шашмақом бахшида буд, бо рисолаи илмии хеш тавонист ба муаммоҳову мураккабиёти зиёди мақомшиносии муосир саҳеҳияти арзандаи таърихӣ ворид созад. Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми ин марди бузургро ба эътибор гирифта соли 2000-ум ба Ансамбли Шашмақоми Кумитаи ТВ ва радиои ҷумҳурӣ, ансамбле, ки худи ӯ таъсис дода буд, номи ӯро гузошт. Соли 2011 бахшида ба 100-солагии ин марди фозил Фестивал-симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид. Ба ин муносибат сеҷилдаи Ф. Шаҳобов «Осор ва пажӯҳиш» аз чоп баромад. Ба муносибати 20-солагии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо супориши Президенти Ҷумҳурӣ соли 2011 нашри дуюми сабти нотавии Шашмақом, ки устодони бузург Ф. Шаҳобов, Б. Файзуллоев ва Ш. Соҳибов нахустин бор солҳои 50-60-уми қарни гузашта сарбаландона иҷро карда буданд, ба амал оварда мешавад. Ин нишондоди зарурати омӯзиш ва нигоҳдошти мероси беҳамтои ин устодони Шашмақом дар фарҳанги муосир мебошад.
Мукофот ва ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ф.Шаҳобов сазовори унвони
- Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон,
- Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1972)
- Ҷоизаи ба номи Борбад
- орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат»,
- «Нишони фахрӣ»,
Грамотаҳои фахрии Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мушарраф гардидааст.
Осор ва пажӯҳиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Асарҳои вокалӣ-симфонӣ ва симфонӣ:
- «Дил хонаи кист?», достон, шеъри Абдулқодири Бедил.
- «Ба офтоби озодӣ», суруд-достон, шеъри М. Раҳимӣ.
- «Ёри ҷонона», достон, шеъри А. Лоҳутӣ.
- «Сегоҳ», дар ҳаммуаллифӣ бо Ю. Тер-Осипов ва Ш. Соҳибов, достони симфонӣ.
Такмилҳо:
- «Муждаи баҳор», шеър ва оҳанги халқ.
- «Секинак», шеър ва оҳанги халқ.
- «Оҳиста мегӯем мо», оҳанги халқ, шеъри Мушфиқӣ.
Аз намоишнома:
- «Чудоӣ нест», суруди Нигина аз спектакли Рӯдакӣ.
- Сурудҳои ватанпарварӣ:
- «Марши ҷавонӣ», шеъри Ф.Ансорӣ.
- «Тарбияи коммунистӣ», шеъри М. Раҳимӣ.
- «Суруди ҷавонӣ», шеъри Деҳотӣ.
- «Суруди ҷавонӣ», шеъри М. Фарҳат.
- «Ширин аст», шеъри Б. Раҳимзода.
- «Гулшани бахт», шеъри Бобо Ҳоҷӣ.
- «Тӯи зафар», шеъри М.Миршакар.
- «Суруди Ватан».
- «Мо насли хушбахтем», шеъри А. Деҳотӣ.
- «Меҳри Ватан», шеъри А. Деҳотӣ.
- «Таронаи бахт», шеъри М. Миршакар.
- «Баҳори ватан», шеъри М. Раҳимӣ.
- «Суруди мактабиён», шеъри М. Раҳимӣ.
- «Таронаи пионерон», шеъри Ф. Ансорӣ.
- «Салом падарҷон», шеъри С. Вализода.
- «Бахту саодат», шеъри А. Деҳотӣ.
- «Тоҷикистони озод», шеъри М. Раҳимӣ.
- «Дар бораи каланд», шеъри Б. Раҳимзода.
- Сурудҳои лирикӣ ва романсҳо:
- «Хонаи дил» («Афсонаи дил») шеъри А. Лоҳутӣ.
- «Боз бубинам», шеъри А. Лоҳутӣ.
- «Ёр дорам», ғазали Саъдӣ.
- «Интизорӣ», шеъри А. Шукӯҳӣ.
- «Орзу дорам», ғазали Қассоб.
- «Дар шаби маҳтоб», шеъри С. Аминов.
- «Субҳи висол», ғазали Ҷомӣ.
- «Эй суруди ман», шеъри А. Шукӯҳӣ.
- «Ҷононаи ман ин аст», мухаммаси С. Айнӣ бар ғазали Камол.
- «Камнамоӣ», шеъри Б. Раҳимзода.
- «Эй, зулф», ғазали Ҷомӣ.
- «Лаъли хандон», ғазали Ҷомӣ.
- «Мафтуни чашмат» бар мусаддаси Амирӣ.
- «Хандида меояд», шеъри М. Турсунзода.
- «Якҷоя бошам», шеъри М. Турсунзода.
- «Суруди ман», шеъри М. Турсунзода.
- «Машъали меҳр», шеъри М. Раҳимӣ.
- «Шамъи ҳусн», шеъри М. Раҳимӣ.
- «Эй моҳ», шеъри халқӣ. Партитура барои оркестри асбобҳои халқӣ.
- «Намепурсӣ зи ҳолам», шеъри М. Фарҳат.
- «Эй дилбар», шеъри М. Фарҳат.
- «Зулф», ғазали Ҷомӣ.
- «Биё, нигорам», шеъри Ҳ. Назаров.
- «Эй гул», шеъри Ҳ. Назаров.
- «Боғи мо», шеъри А. Шукӯҳӣ.
- «Хуш омадӣ», шеъри С. Аминов.
- «Зулфи ту», шеъри Рӯдакӣ.
- «Ваъдаи ёр» («Давидам»), шеъри А. Лоҳутӣ.
- «Қурбони ту бошам», шеъри А. Лоҳутӣ.
- «Вафо ку?», шеъри А. Лоҳутӣ.
- «Уфар», шеъри Ҳ. Назаров.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Иборат аз се ҷилд. Ҷилди 3. Равзана – Ҷӯраев. – Душанбе, 2004, с. 471
- Фазлиддин Шаҳобов ва проблемаҳои мақомшиносии муосири тоҷик // Шиҳоби мусиқӣ. Душанбе, Нашри якум, 2006; Нашри дуюм // Фазлиддин Шаҳобов. Осор ва пажӯҳиш, Ҷ.2, Шиҳоби мусиқӣ. Душанбе, ЭМТ, 2011, С. 137 – 170.
- Фазлиддин Шаҳобов. Баёзи Шашмақом. Рисолаи илмӣ. Мураттиб ва муаллифи тавзеҳоти илмӣ Фароғат Азизӣ. Нашри аввал, Душанбе, ЭМТ, 2008, 288 с.; Нашри дуюм // Фазлиддин Шаҳобов. Осор ва пажӯҳиш, Ҷ.1, Баёзи Шашмақом, 2011, 288 с.
- Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c. 265-269
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 21 март
- Зодагони соли 1911
- Даргузаштагони 1 феврал
- Даргузаштагони соли 1974
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Овозхонҳои тоҷик
- Овозхонҳои Тоҷикистон
- Мусиқишиносони Тоҷикистон
- Оҳангсозони Тоҷикистон
- Ҳофизони халқии ҶШС Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
- Аъзои Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон