Фезов Олег

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Олег Фезов
Олег Фезов
FesovOleg.jpg
Зодрӯз номаълум, номаълум
Зодгоҳ Хоруғ, ҶШС Тоҷикистон
Вазифа овозхон

Олег Фезов - муаллиф, иҷрокунанда ва сабтсоз, хатмкунандаи омӯзиҳгоҳи бадеии шаҳри Душанбе. Соли 1990 беҳтарин рассом-ороишгари матбуоти даврии бачагонаи Осиёи Миёна ва Қазоқистон дониста шуда буд.

Дар баробари ин, касби бастакорӣ ва аранжировкакунандаро пеша намуда, баъдтар иҷрокунандаи сурудҳои хеш мегардад. Дорандаи мукофоти фестивали Байналхалқии "Садои Осиё".

Соли 1993 дар Олмон албоми ӯ бо номи "Лалайки Помир" (Oleg Fesov, Lalaiki Pamir, Blue Flame Records) мебарояд. Сурудҳои беҳтарини ин албом ба бисёр маҷмӯаҳои шинохати мусиқиҳои этникӣ дохил шуданд: Voice of Europe (ҳамчун намояндаи мусиқии ИДМ), Crossing Cultures ва дигарон.

Худи ҳамон соли 1993 дар 10 шаҳрҳои калони Олмон бо барномаи консерти сафар кард.

Соли 1995 Лалайки Помир аз тарафи ширкати Miramar/BMG дар ИМА аз нав мебарояд.

Соли 1997 ширкати Manas Records (Руссия) дар Олмон албоми дуюми Олег Фезовро бо номи "Лакатум" (Oleg Fesov, Lakatum. MR 7003) мебарорад. Инчунин, албоми якум, Лалайки Помир (MR 7002) низ такроран бароварда мешавад. Лакатум дар муддати кӯтоҳ ба даҳҳаи дуюми руйхати World Music (дар ҳолати маи соли 1997) медарояд, ки ин ҳодисаи фавқуллода дар таърихи сабти овозии Тоҷикистон мебошад.

Хусусияти мафтункунандаи Шарқ ва асари соддалавҳонаи санъат ҳамҷоя бо кордонии инструменталӣ, истифодабарии ҳам асбобҳои мусиқии ба ҳама маълум ва ҳам асбобҳои мусиқии халқӣ (соз, ӯд ва ғайра) ин албомҳои Олег Фезовро намунаи "мусиқии ҷаҳонӣ" мекунанд.