Jump to content

Фотеҳ Ҳакимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фотеҳ Ҳакимов
Ҳакимов Фотеҳ Холиқович
Таърихи таваллуд 20 апрел 1937(1937-04-20)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 17 декабр 2014(2014-12-17) (77 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ физики плазма
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Шогирдон Ҳабибулло Абдуллоев, Холмирзо Холмуродов, Ҳикмат Мӯминов
Ҷоизаҳо Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1991), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1991), Академики Академияи байналмилалии илмҳои мактаби олӣ (1999)

Фотеҳ Ҳакимов (Ҳакимов Фотеҳ Холиқович (20 апрели 1937, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон — 17 декабри 2014, Душанбе, Тоҷикистон) — физикдон, доктори илмҳои физика ва математика (1980), профессор (1983), «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1977), Аълочии маорифи мактаби олии ИҶШС (1985), узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1987), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1991), академики Академияи байналмилалии илмҳои мактаби олӣ (1999).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фотеҳ Ҳакимов 20 апрели соли 1937 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи омӯзгор ба зода шудааст. Ӯ соли 1959 факултети физика ва математикаи УДТ ба номи В. И. Ленинро бо баҳои аъло хатм намудааст. Солҳои 1960-1963 аспиранти факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов буд. Пас аз хатми бо муваффақияти аспирантура ба ватан баргашта, пайи таълиму тадрис ва тадқиқотҳои илмӣ машғул гардид. Мудирии кафедраи физикаи назариявӣ (1965—1967; 1969—1973; 1975—1979; 1981—1987; 1992—1996), сарварии кафедраи метеорологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1998—2009) ва роҳбарии кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи политехникии шаҳри Кобулро (Афғонистон) (1967—1969) ба уҳда дошт. Солҳои 1964—1965 ва 1987—1998 дар вазифаи декани факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Сипас, профессори кафедраи астрономия (2009—2011) ва мушовир-профессори кафедраи физикаи назариявии (2011—2014) донишгоҳи номбурда буд. Бародаронаш Фаёз Ҳакимов ва Фирдавс Ҳакимов олимони шинохтаи Тоҷикистон мебошанд.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1964 натиҷаи корҳои илмии худро аз рӯйи мавзӯи «Оид ба хосиятҳои статсионарии плазмаи комилан ионизатсияшуда дар майдони магнитии диполӣ» ҷамъбаст намуда, дар шаҳри Москва рисолаи номзадиро дифоъ кардааст. Соли 1980 бошад, рисолаи докториро бо мушовирии яке аз олимони намоёни ИҶШС, профессор М.С. Рабинович дар мавзӯи «Масъалаҳои назарияи плазмаи сахт турбулентӣ» ҳимоя намудааст.

Фаъолияти илмии ӯ ба масоили назариявии физикаи плазма ва ноустувории модулатсионии плазмаи релятивӣ дар ҳалли проблемаҳои астрофизикӣ бахшида шудаанд. Аз ҷониби Фотеҳ Ҳакимов пешниҳод гардидани назарияи умумии таъсири мутақобили модулатсионии функсияҳои ғайримувозинатии тақсимоти зарраҳои заряднок, имконияти баназаргирии ғайрихаттии дараҷаҳои баландро фароҳам овард. Ӯ коркарди назарияи умумии таъсири мутақобилаи модулятсионии функсияҳои ғайримувозинатии тақсимоти зарраҳои заряднок, ки барои муттасилаи ба назар гирифтани ғайрихаттиҳои дараҷаҳои боло имконият фароҳам овард. Ин назария имконияти мавҷуд будани солитонҳои баландсуръатро пешгӯӣ кард, ки баъдтар онҳо дар таҷриба мушоҳида шуданд. Коркарди услуб ва бунёди назарияи сарбаста ва аз ҷиҳати физикӣ асоснок кардашудаи таъсири мутақобилаи модулятсиони дар марҳилаи ғайрихаттӣ, ки барои таксимоти зарраҳо ва лаппишҳои ҳам якченака ва сеченака қабули истифода мешавад.

Маҳз дар заминаи ин тадқиқоту пажӯҳишот зери роҳбарии бевоситаи ӯ беш аз 15 нафар (Абдуллоев Ҳ.О., Комилов Қ., Ҳакимова М. А., Махсудов Б. И., Холмуродов X.Т., Солиҳов Д.Қ., Маханьков А. В., Канашкин С. Б., Кооп М. И., Абдураҳимов Д. Ё., Хачатрян А. Г., Қобилов М. М., Зиёд Р., Равшанова Д., Ғаюров Х. Ш.) рисолаи номзадӣ ва 4 нафар (Абдуллоев Ҳ.О., Лысаков Б.C., Холмуродов Х. Т., Ҳикмат Мӯминов) рисолаҳои докторӣ дифоъ кардаанд. Раиси Ҷамъияти физикони Тоҷикистон (1989) ва Раиси Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз рӯйи ихтисосҳои физикаи ҷисмҳои сахт, физикаи полимерҳо ва теплофизика ва физикаи молекулӣ (1993—2009) аз соли 1996 узви комиссия оид ба супоридани Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника буд.

Фотеҳ Ҳакимов муаллифи бештар аз 300 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла 5 монография мебошад. Масалан, монографияи ӯ зери унвони «Введение в космическую электродинамику вращающейся плазмы» соли 1995 дар шаҳри Амстердам (Ҳолланд) якбора бо ду забон — англисӣ ва олмонӣ ба нашр мерасад, ки ин аз шуҳрати ҷаҳонӣ доштани ин олими маъруфи тоҷик дарк медиҳад.

Монографияҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Многоволновые процессы в физике плазмы / Куклин В. П., Панченко И. П., Хакимов Ф. Х. — Душанбе: Дониш, 1989. — 176 с.
  • Классические нелинейные модели в теории конденсированных сред / Абдуллоев Х. О., Маханьков А. В., Хакимов Ф. Х. — Душанбе: Дониш, 1989. — 179 с.
  • Введение в космическую электродинамику вращающейся плазмы / Хакимов Ф. Х., Копп И. П. — Душанбе: Дониш, 1991. — 128 с.
  • Modulational interaotios in plaseas / Viladimirov S.Y., Tsytovioh V.N., Popel S.J. Khakimov F.Kh. — Kluwer, Netherlands, Academic Publishers, 1995. — 544 Р.
  • Вопросы теории релаксации разреженных частиц в неоднородных потоков быстрых заряженных частиц в неоднородно средах / Хакимов Ф. Х., Гаюров Х. Ш. — Худжанд: Ношир, 2007. — 190 с.

Китобҳои дарсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Meхaникаи квантӣ / Ҳакимов Ф. Х. — Душанбе: УДТ. — 1966. — 228 с.
  • Механика / Ҳакимов Ф. Х., Ғулом Содиқ Муҳибӣ. — Кобул: ДТК- 1967. — 92 с. (бо забони форсӣ).
  • Практикум оид ба электрик / Хакимов Ф. Х., Якубов И., Содиқов Б. — Кобул: ДТК. — 1968. — 40 с. (бо забони форсӣ).
  • Физикаи молекулӣ ва термодинамика / Хакимов Ф. Х., Ғулом Содиқ Муҳибӣ. — Кобул: ДТК. — 1968. — 76 с. (бо забони форсӣ).
  • Электрик ва ҷараёни доимӣ / Хакимов Ф. Х., Ғулом Содиқ Муҳибӣ. — Кабул: ДТК. — 1968. — 71 с. (бо забони форсӣ).
  • Механикаи квантӣ (Дастури дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ) / Ҳакимов Ф. Х., Насриддинов М., Шокиров О. Ш. // Зери таҳр. С. Қодирӣ. — Душанбе: УДТ. — 1979. — қисоли 1. — 179 с.
  • Механикаи квантӣ (Дастури дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ) / Ҳакимов Ф. Х., Насриддинов М., Шокиров О. Ш. // Зери назари С. Қодирӣ. — Душанбе: УДТ. — 1981. — қисоли 2. — 168 с.
  • Физикаи статистикии классикӣ (Дастури таълимӣ) / Ҳакимов Ф. Х. Ҷумъабоев М. К. // Тақризи П. Раҷабов, И. И. Салоҳиддинов. — Душанбе: УДТ. — 1984. — 82 с.
  • Асосҳои назарияи квантии ҷисмҳои сахт / Ҳакимов Ф. Х., Насридинов М. М. — Душанбе: УДТ, — 1988. — 110 с.
  • Хосиятҳои нақлиётӣ ва магнитии ҷисмҳои сахт / Ҳакимов Ф. Х., Насриддинов М. — Душанбе, — 1990. — 100 с.
  • Ҳалли як масъалаи механикаи квантӣ ва солитонҳои муодилаи Кортевег-де-Вриз / Ҳакимов Ф. Х., Холмуродов Х. Т. Душанбе: ДДТ, — 1994. — 24 с.
  • Дастури методи барои халли масъалахо аз фанни метеорология / Ҳакимов Ф. Х., Муминов Ҳ.Ҳ. — Душанбе: Сино, 2001. — 24 с.
  • Лабораторный практикум по курсу общей метеорологии / Хакимов Ф. Х., Мирзохонова Н. — Душанбе: Сино, 2001. — 64 с.
  • Основы эволюционной теории естествознания / Хакимов Ф. Х., Хакимов Ф. Х. — Душанбе: Амри илм, 2002. — 101 с.
  • Консепсияҳои табиатшиносии муосир / Ҳомид Маҷидов, Ҳакимов Ф. Х. — Душанбе: Эр-граф, — 2011. — 346 с.
  • Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1977)
  • Аълочии маорифи мактаби олии ИҶШС (1985)
  • Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1991)
  • Корманди шоистаи Тоҷикистон (1991)
  • Академики Академияи байналмилалии илмҳои мактаби олӣ (1999)
  • Ҷаҳонеро ту зеб асти муаллим / Номвар Қурбонов // Рӯзномаи Ба қуллаҳои дониш, −2010. — 8 июн.
  • Ҳаёти ибратбахш / Номвар Қурбонов, Зафари Умар. // Рӯзномаи Омӯзгори ҷавон, −2012. — 8 феврал.
  • Асосгузори физикаи плазма / Мирзохонова С. О., Мӯминов А. О., Қурбонов Н. Б. // Рӯзномаи Ба қуллаҳои дониш, — 2013. — 10 май.
  • Факултети физика 50-сол / Муҳаррирон: Солиҳов Д.Қ., Махсудов Б. И., Исломов З. З. — Душанбе: Эр-граф, 2016. — 208 с.
  • Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013, с.139
  • Номвар Қурбон. Дурахши ахтарони илм. - Душанбе: Дониш, 2022. - 267 с.