Чароғравшан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Чароғравшан — яке аз суннатҳои анъанавӣ ва муҳими мардуми шиамазҳаби исмоилияи Бадахшон мебошад. Чароғравшан ҳамчун маросим шаби дуюми пас аз марг дар хонаи шахсифавтида баргузор мешавад. Аз рӯйи ақидаҳои мардуми Бадахшон, рӯҳи инсон ба нур алоқаманд буда, чароғ фурӯзон намуданро дар ин шаб баҳри таскин додан ва пок намудани арвоҳи майит ҳатмӣ меҳисобанд. Маросими чароғравшан аз ҷониби халифа ва муридони ӯ дар ҳузури аҳли байт ва наздикону пайвандони шахси вафоткарда гузаронида мешавад. Дар ин маросим чароғдон, пилта (фатила), чуб (далилак) ва равғани махсус аз зайтунро назди халифа мегузоранд. Сипас бо хондани чароғнома аз ҷониби халифа чароғ фурӯзон мешавад ва ёрдамчиёни халифа то охири маросим пилтаро тоб додан мегиранд. Чароғравшан дар даҳсолаҳои пеш то се соат ва ҳатто аз ин зиёдтар идома меёфт. ҳоло, ҳамагӣ як-якуним соат гузаронида мешавад. Оид ба шакли баргузории ин маросим М. Шоҳҷамолов ба мо маълумотинисбатан муфассал дода, аз ҷумла қайд намуд, ки: «суннати чароғравшан яке аз бошукӯҳтарин ойинҳои мазҳабии мардуми Шуғнон ва ҷамоати шиаи исмоилияи Бадахшон буда, бо номҳои «Даъват», «Даъвати Пир Шоҳносир» ва «Чароғравшан» маъруф аст.

Дар Чароғравшан назди халифа чароғдон, пахта ва равғанро ҳозир мекунанд ва халифа бо тоб додани пилта «Чароғнома»-ро қироат мекунад. ҳозирин дар поёни ҳар як муноҷот ба Ҳазрати Муҳаммад (с) ва аҳли байти ӯ дуруд мефиристанд». ҳангоми баргузории чароғравшан ҳар гуна чароғ истифода намешавад. чароғдон махсус буда, аз як навъ санг, ки онро дар Рӯшону Шуғнон «сангалич» меноманд, омода мегардад. Он чароғ ҳамчун ашёи муқаддас дар дасти халифаҳо меистад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Аминов А. Маросимҳои дафну азодории мардуми Бадахшон//Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик: Натиҷаҳои экспедитсияҳои мардумшиносӣ ва санъатшиносии кормандони ПИТФИ аз навоҳии ВМКБ. – Душанбе: «Ирфон», 2016. – С. 51-52