Шарифи Мисайзод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шарифи Мисайзод
Сурат
Таърихи таваллуд 6 январ 1966(1966-01-06) (58 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 16 июн 2016(2016-06-16)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Пеша рӯзноманигор, шоир

Шарифи Мисайзод (Шарифи Шайдо; зод. 6 январи 1966, ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 16 июни 2016, Душанбе, Тоҷикистон) — рӯзноманигор, муҷрии барномаҳои родиюӣ, шоир ванависандаи тоҷик. Узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шарифи Мисайзод 6 январи соли 1966 ба дунё омадааст. Фориғутаҳсили шӯъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1990 мебошад.

Фаъолияти кориро соли 1992 аз идораи ахбори Радиои Тоҷикистон шурӯъ карда, яке аз масъулин ва ровиёни барномаи маъруфи «Хоки Ватан» буд. Бо ташкил гардидани Радиои «Садои Душанбе» 18 январи соли 1999 то вопасин лаҳзаҳои умр фаъолияти рӯзноманигории худро дар ҳамин радио идома додааст.

Шарифи Мисайзод аз даврони донишҷӯӣ бо тахаллуси «Шайдо» шеър менавишт[1]. Навиштаҳояш дар матбуоти даврӣ нашр шудаанд[2]. Ӯ табъи латиф ҳам дошт ва аз ӯ хушгӯиҳои зиёде ҳам ба ёдгор мондааст.[3]

Хонавода[вироиш | вироиши манбаъ]

Шарифи Мисайзод падари чор фарзанд аст[4].

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Шарифи Мисайзод субҳи 16 июни 2016 дар синни 50 бар асари бемории қалб дар манзилаш даргузашт[2].

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Шарифи Мисайзод барои хидматҳои шоён бо унвонҳои Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон қадр гардидааст[5].

Дар соли 2014 барои барномаи «Салому алейкум, диёрам!» ҷоизаи беҳтарин радиожурналисти сол дар озмуни «Ҷило»-ро ба даст оварда буд[6].

Ӯ дар соли 2016 пас аз маргаш барои саҳмаш дар журналистикаи тоҷик бо ҷоизаи Лоҳутӣ қадрдонӣ шуд[7][8].

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Сано ба Ишқ (маҷмӯъаи ашъор), 2012[1]
  • Аввалу охири ишқ (маҷмӯъаи ашъор ва ёдномаи дӯстон), 2022[9]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Ҷӯрабек МУЪМИН. Шакаргуфтори “Набзи Файзобод” аз олам гузашт. nabzifayzobod.tj. Набзи Файзобод (21 июли 2016). 6 Январ 2023 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС) ». Озодагон (16 июни 2016). 6 Январ 2023 санҷида шуд.
  3. Шарифи Мисайзод аз олам чашм пӯшид(тоҷ.). Радиои Озодӣ (16 июни 2016). 6 Январ 2023 санҷида шуд.
  4. Шариф моро тарк кард. javonon.tj. 6 Январ 2023 санҷида шуд.
  5. Ёде аз Шарифи Мисайзод. akhbor.com (16 июни 2018). 6 Январ 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 Январ 2023.
  6. Ҷоизаҳои Давлатманду Нигора ва Сиддиқу Фарҳоди Дарё дар "Ҷило-2014"(тоҷ.). Радиои Озодӣ (14 апрели 2014). 6 Январ 2023 санҷида шуд.
  7. Хуршеди Ҳамдам, Шодмони Ятим. Иршод Сулаймонӣ, Шарифи Мисайзод... барандагони ҷоизаи Лоҳутӣ. ВИДЕО(тоҷ.). Радиои Озодӣ (17 октябри 2016). 6 Январ 2023 санҷида шуд.
  8. Журналисти тоҷик пас аз марг ба ҷоизаи Лоҳутӣ сазовор дониста шуд. asiaplustj.info. ASIA-Plus (18 октябри 2016). 6 Январ 2023 санҷида шуд.
  9. Ворис. Рӯнамоии «Аввалу охири ишқ». Садои мардум (202-06-18). 6 Январ 2023 санҷида шуд.