Шаҳло Музаффарова
Шаҳло Мирзобадаловна Музаффарова | |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, |
Шаҳло Мирзобадаловна Музаффарова (11 феврали 1971 шаҳри Душанбе) — забоншинос, адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ, узви ҲХДТ мебошад.
Фаъолияти омӯзгорию илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (1993) Шаҳло Музаффарова аз соли 1993 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба ҳайси муаллими калон кор мекард. Соли 1999 ӯ рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Ҳафт пайкар»-и Низомӣ ва таҳаввули достони Баҳроми Гӯр" дифоъ кард[1]. Дар солҳои 1999—2005 мудири кафедраи забони тоҷикӣи донишгоҳи мазкур буд. Худи ҳамон сол (2005) ба кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба кор гузашт ва соли 2009 вазифаи ноиби декани факултаи филологияро оид ба корҳои таълим ба уҳда гирифт.[2] Ӯ дар тӯли фаъолияти омӯзгориаш як силсила чорабиниҳои муҳимми илмӣ-методиро барпо кард ва мақолаву дастурҳои таълимиро эҷод намуд. Китоби дарсии «Забони тоҷикӣ»-ро дар ҳаммуалифӣ бо Собирҷон Ҳошимов нашр кард. Шаҳло Музаффарова иштирокдори конфронсҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ ва муаллифи беш аз 40 асари илмист. Соли 2014 монографияи ӯ дар мавзӯи «Ҳафт пайкар»-и Низомӣ ва таҳаввули достони Баҳроми Гӯр" чоп гардид.[3].
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Музаффарова Ш. М., Сабурова Ш. А. Корҳои назоратӣ барои донишҷӯёни шуъбаҳои ғоибонаи донишгоҳҳо(дастури таълимӣ). — Душанбе: Нашриёти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, 2002.-53 стр.
- Музаффарова Ш. М., Хашимов С. Х. Практический курс таджикского языка (для студентов филологических факультетов вузов). — Душанбе: Изд-во РТСУ, 2012.-271 стр.
- Музаффарова Ш. М., Хашимов С. Х. Практический курс таджикского языка (для студентов филологических факультетов вузов,2-ое издание). — Душанбе: Изд-во РТСУ, 2013.-218 стр.
- Музаффарова Ш. М. «Семь красавиц Низами и его создание». — Душанбе: РТСУ, 2014.- 169 стр.
- Музаффарова Ш. М. Обстоятельство образа действия в таджикском и русском языках.-Сб.докладов 12-й Международной научной конференции. — Япония, донишгоҳет Цукуба, 2015.
- Музаффарова Ш. М., Хашимов С. Х.. Таджикский язык.(для студентов и преподавателей вузов, 3-е издание испр.и доп.). — Душанбе: Изд-во РТСУ, 2016.-230 стр.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии маорифи Тоҷикистон (2011).
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- РОССИЙСКО-ТАДЖИКСКИЙ (СЛАВЯНСКИЙ) УНИВЕРСИТЕТ. ЭНЦИКЛОПЕДИЯ Бойгонӣ шудааст 12 апрели 2017 сол.. Душанбе: Издательство РТСУ, 2011. С. 162—163.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Музаффарова, Шаҳло. «Семь красавиц» Низами и создание поэмы о Бахраме Гуре: Автореф. дис. на соиск. учен. степ. канд. филол. наук (10. 01. 03). — Душанбе: Б/и, 1999. — 25 с.
- ↑ Кафедра таджикского языка, Музаффарова Шахло Мирзобадаловна(рус.). www.rtsu.tj. 5 октябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 феврали 2016.
- ↑ Кафедра «Таджикского языка»: Научно-методическая деятельность кафедры. 12 май 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 июни 2017.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кафедра таджикского языка, Музаффарова Шахло Мирзобадаловна(рус.). www.rtsu.tj. 5 октябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 феврали 2016.(рус.)