Шералӣ Гул

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шералӣ Гул
1 декабр 2006 — 2013

Таваллуд 20 феврал 1950(1950-02-20) (74 сол)
Фарзандон Ashrafjon Gulov[d][1]

Шералӣ Гул (20 феврали 1950, ноҳияи Фархор) — ходими давлатӣ, Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон. Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Зандагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шералӣ Гул 20 феврали соли 1950 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1974 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-гидротехник хатм намудааст. Фаъолияти кориашро баъди хатми Донишкада соли 1974 ба сифати муҳандиси корҳои соҳилмустаҳкамкунии идораи системаи обёрии ноҳияи Фархор оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои сардори қитъаи идораи системаи обёрии Фархор-Чӯбек, сардори колоннаи механиконидашудаи рақами 44-и ноҳияи Москва, муҳандиси калони колоннаи механиконидашудаи рақами 11-и трести «Кулобводстрой», сардори колоннаи механиконидашудаи трести «Данғараводстрой» кор кардааст. Солҳои 19942001 ба сифати раиси ноҳияи Данғара адои вазифа намудааст. Солҳои 20012006 дар вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2006 Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда буд. Оиладор, соҳиби 7 фарзанд.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо орденҳои

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]