Шимпанзе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Шимпанзе, як намуди маймунҳои одамшакли калон мебошанд. Қади шимпанзе 150—165 см ва вазнаш 45—80 кг мебошад. Шимпанзеҳо дастҳои дароз, гӯшҳои калон, лаби паҳн ва бинии каме барҷаста доранд. Пӯсти рӯй, пушти даст ва кафи пояҳои шимпанзеҳо чиндор аст. Мӯи шимпанзе сиёҳу сахт мебошад. Асосан шимпанзе дар Африқои Марказӣ вомехӯрад. Шимпанзеҳо гурӯҳ-гурӯҳ мегарданд. Онҳо дар бешаҳои тропикии сербориш ва кӯҳӣ бисёр вомехӯранд.Шимпанзеҳо мева, реша ва баргу навдаи растаниҳо, ҳашарот, тухму чӯҷаи паррандаҳоро мехӯранд.


Шаблон:Приматҳо