Маймун

Аз Википедиа

Monkeys, Mori Sosen (1749-1821)
Monkey batu.jpg
Маймун
A Gorilla
a silverback - an older male

МАЙМУН (Simia ё Anthropoidea), ҳайвонест ширмак. Дарозии танаш аз 15 см (игрункаи пакана) то 2 м (горилла), вазнаш аз 0,4 кг то 180кг мешавад. Мағзи сари маймунхо нагз инкишоф ёфтааст. Нохунхои панчахояшон хамвор (танхо нохунхои Callithricidae чанголшакл). Дасту пояшон 5 – тои панча дошта, барои зиндаги дар болои дарахт мувофиканд. Руй ва суфраи гӯши маймун мӯй надорад. Дандонхояш мисли дандонхои одамон аст. Меъдааш содда (факат баъзе маймунхои растанихур меъдаи муракккаб доранд) буда, узвхои хис, сомеа ва босирааш бештар таракки кардааст. Ранги муи бадани маймунхо (розалия, мандрил, пигатрикс, мартышка ва гайра) кушод аст. Ба маймунхои одамшакл гиббон (дар чангалзорхои Африкаи экватори) ва орангутан (дар чазирахои Суматра ва Калиантан) мансубанд. Бештари маймунхо рузона гурух – гурух мегарданд, дар болои дарахтхо зиндаги карда, меваю барг, навдахои дарахт, хашарот, тукумшуллук, тухми паррандахо ва паррандахои майдаро мехуранд. Мор, паррандахои сохибчангол ва тимсоҳ душманони асосии маймунанд. Маймунхо тамоми фасли сол меафзоянд (1 – то бача мезоянд). Даври хамлашон аз 4 – 5 мох то 245 – 255 шаборуз аст. Маймунхои хурд 20 – 25 сол ва маймунхои калон то 40 сол (баъзан бештар) умр мебинанд. Тахмин мекунанд, ки маймунхо аз кафдарозхои мурдарафтаи давраи палеоцен ва эоцени Амрикои Шимолӣ ва эоцени Европа пайдо шудаанд. Бисёр намудхои маймун (розалия, гревецаи сабз, орангутан, шимпанзе, горилла) хифз карда мешавад. Маймунхо чанд хел мешаванд.Горилахо Шинпанзе

A Bonobo.


[вироиш] Пайвандҳои беруна

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа аксҳое дар бораи ин мавзӯъ дорад: