Ғайрат Икромов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғайрат Икромов
Таърихи таваллуд 1967(1967)
Зодгоҳ Москва, ИҶШС
Фазои илмӣ олим

Ғайрат Икромов — соли таваллудаш 1967, Москва, СССР математик, олими ихтирокор[1][2] ва директори генералии ширкати «Лайф Сенсор», Жопун. Модараш – рус, падараш – тоҷик, профессори МГУ, математик. Ғайрат аз паси падар рафта риёзидон шуд. Соли 1992 ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии Москав дохил мешавад ва тибқи як тавофуқномае бо яке аз ширкатҳои истеҳсоли нармафзорҳо ба Жопун барои кор кардан меравад. Аз аввали соли 1992 ин тараф дар Токио зиндагӣ мекунад. Забони жопуниро хуб медонад.

Ғайрат бо духтари жопунӣ оиладор шуда, падари ду фарзанд мебошад. Фаъолияти кунуни вай дар ширкати «Лайф Сенсор» бо коркард ва истеҳсоли асбобҳои махсус аст, ки барои ҷустуҷӯи одамони зери вайронаҳои заминҷунбӣ ва дигар офатҳои табии истифода мешавад[3].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. http://ru-patent.info/21/30-34/2132587.html(пайванди дастнорас) Малогабаритный Широкополосный Вибратор, Патент РФ
  2. http://www.uspto.gov/web/patents/patog/week40/OG/html/1359-1/US07809077-20101005.html(пайванди дастнорас) Method for stabilising time position of an ultrabandwidth signal and a live object monitoring locator for carrying out said method US Patent:7,809,077
  3. http://www.ozodi.org/content/article/3539612.html Радари наҷотбахш"-и донишманди тоҷик дар Ҷопон