Ҷадидия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҳаракати ҷадидия)

Ҷадидия (аз ар. جديد‎ — «нав», ар. جديدية‎, Ҷадидизм, форсӣ: جدیدیزم‎, тоторӣ: Җәдитчелек, бошқ. Йәдитселек, ӯзбекӣ: Jadidchilik) — ҷараёни фарҳангию маърифатӣ, сипас ҳамчун ҷараёни иҷтимоию сиёсии ислоҳотхоҳона, охирҳои асри XIX ва аввали асри XX дар байни зиёиёни бедоргаштаи маҳаллии Осиёи Миёна ба вуҷуд омадааст. Фаъолияти ҷадидон ба муқобили зулми иҷтимоӣ ва хурофоту ҷаҳолат, бар зидди ҳукуматдорони бесалиқа ва ноинсоф, уламои манфиатҷуву муллоҳои ҷохил равона шуда буд.

Манбаъҳои пайдоиш[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳаракати ҷадидия манбаъҳои маънавии зеринро доро буд:

  • Манбаи аввал — ин ақидаҳои маорифпарварии фарзанди барӯманди халқи тоҷик Аҳмади Дониш, фарзандони халқи ӯзбек Зокирҷон Фурқат, Муҳаммад Аминхоҷа Муқимӣ, Завқӣ ва дигарон ба ҳисоб мераванд.
  • Манбаи дуюм — ин таъсири ҳаракати ҷадидияи тоторҳо, ки ҳанўз пештар, солҳои 80-уми асри XIX ташаккул ёфтааст, ба ҳисоб меравад.
  • Манбаи сеюм — таъсироти инкишофи муносибатҳои нав — молию пулӣ дар Осиёи Миёна (аз солҳои 80-уми асри XIX — ибтидои асри XX).
  • Манбаи чоруми — ташаккулёбии ҳаракати ҷадидия таъсироти матбуоти даврӣ ва дар шаҳрҳои гуногуни Осиёи Миёна ба вуҷуд омадани мактабҳои русии маҳаллӣ гардид.

Номгузории ҷараён ва ҳаракати иҷтимоию сиёсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Номгузории «ҷадид»- ро ба ҷадидони Бухоро чун калимаи таҳқиркунанда, муқобилони ислоҳот гузоштаанд. Барои гузоштани чунин ном аз тарафи ҷадидон ташкил намудани Мактабҳои усули нав ё худ «мактаби усули ҷадидӣ» сабаб шуда буд.

Калимаи «ҷадид» арабӣ буда, ба форсии тоҷикӣ маънои «нав», «тоза»-ро дорад ва дар он ягон ифодаи таҳқиркунанда ё худ таҳқиркунӣ дида намешавад. Вале, махсусан дар шароити аморати Бухоро, ҳомиёни тартиботи куҳна ҳар каси ба худ аз рўи ақида муқобилро «ҷадид» гӯён таҳқир менамуданд. Дар асл ҷадидон дар марҳилаи аввал худро «ҷавонон», «ҷавонфикрон», «маорифпарварон», «тараққипарварон», «ислоҳотпарварон», «ислоҳотхоҳон», «навпарастон» ва ғайра меномиданд. Ба ғайр аз ин ҷадидони Бухоро, ба ҷавонтуркони Туркия пайравӣ намуда, худро «ҷавонбухориён», ҷадидони Хева бошанд, худро «ҷавонхевагиҳо» меномиданд. Дар навбати худ ҷадидон низ муқобилони худро «куҳнапарастон», «қадимиён», «қадимпарастон», «тарафдорони усули куҳна» ва ғайра меномиданд. Аз ҳамин сабаб ҳам ҷанҷоли тарафдорон ва муқобилони Мактабҳои усули нав ва Мактабҳои усули куҳна дар таърих ба номи «низои байни ҷадидону қадимпарастон» маълум аст ва ин мухолифат сол аз сол шиддат ёфта, махсусан дар шароити Бухорои амирӣ бештар шакли фоҷеавиро мегирифт.

Марказҳои намоёни ҳаракати ҷадидӣ дар аморати Бухоро — шаҳри Бухорои Кӯҳна; дар кишвари Туркистон — шаҳрҳои Самарқанд, Қӯқанд, Тошкент ва хонигарии Хева — шаҳри Урганҷ ба ҳисоб мерафтанд. Зеро, ин шаҳрҳо дар баробари марказҳои маъмурӣ ҳисоб шудан, боз ҳамчун маркази илму маърифат, марказҳои асосии зиёиён ҳам буданд.[1]

Ислоҳоти мактаб[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъд аз тобеъ гардидани Осиёи Миёна ба империяи Русия — нимаи дуюми асри XIX — замони инкишофи муносибатҳои молию пулӣ дар иқтисодиёти кишвар (генерал-губернатории Туркистон) зарурияти ислоҳоти мактабҳои усули куҳнаи маърифати исломӣ ва таффакури мардуми маҳаллиро талаб мекард. Зарурияти бунёди мактабҳои усули нав, ки дар он ба талабагон дар баробари хондани «Қуръон» ва азхуд намудани асосҳои дини ислом, инчунин, риёзиёт, ҷуғрофия, таърих ва фанҳои дигари дунявиро меомўхтанд, аз ҷониби ҷадидони Туркистону Бухоро ба миён омад. Зиёиёни кишвар (ҷадидон) ба монанди Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Абдуқодир Шакурӣ, Садриддин Айнӣ, Мунзим, мулло Салоҳиддин, мулло Шамсиддин ва диг.) яке аз сабабҳои асосии қафомондагии диёри худ ва мардуми онро дар мавҷудияти чунин мактабҳои усули куҳна дида, дар андешаи ислоҳи он шуданд.[2][3]

Ходимони ҳаракати ҷадидӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаолияти ҷадидон дар ташаккули мактабу маориф усули нав ва матбуоти даври (Бухорои Шариф (рӯзнома), «Оина» маҷалла ва диг.)[5], дар омӯзиши илму фарҳанг ва интибоҳи фикрии халкҳои Осиёи Миёна саҳми калон гузоштааст.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ҳотамов Н., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик.-Душанбе: «ЭР-граф, 2011», 2011, — с. 230 −235.
  2. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011.
  3. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н. Б.,Саъдиев Ш. С. Нашри дуюм. — Душанбе,2010
  4. Нӯъмон Ғаффоров Ҷадидия ва шинохти он. — Душанбе: Ирфон,2013. — 160с.
  5. Шарифзода Қироншоҳ. «Бухорои Шариф»: назаре пас аз 100 сол. — Душанбе, 2012, с. 13-14.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]