Ҷӯрабек Набиев
Ҷӯрабек Набиев | |
Таърихи таваллуд | 1941 |
Зодгоҳ | Хуҷанд |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | овозхон, омӯзгор |
Ношир(он) | Мелодия[d] |
Ҷоизаҳо | Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1980). Дорандаи шоҳҷоизаи «Қартаи тилоӣ» (1989). |
Ҷӯрабек Набиев (зод. 10 феврал 1941, Хуҷанд) — овозхон, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1980), омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1963 — Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм кардааст.
- 1962—1990, яккахони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ,
- 1990—1997, сарвари ансамбли тарона ва ракси «Дурдона»,
- 1997—1999, сарвари Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ
- 1999 то имрӯз, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Мутриби хушсалиқа услуби хоси сарояндагии худро дорад ва овозаш хеле ширадор буда, сурудҳои одӣ ва мураккабро бо маҳорати баланд тенори лирикӣ месарояд. Ӯ бештар ба сароидани сурудҳо бар матнҳои классикӣ мароқ дорад. Дар иҷрои ӯ мақомҳои «Сарахбори Оромиҷон» (Ҳофиз), «Ушшоқи Самарқанд» (Зебуннисо), «Соқиномаи Ироқ» (Амирӣ), «Ироқи Тошканд» (Мискин), «Ушшоқи Содирхон» (Ҷомӣ), «Қашқарчаи Ушшоқи Содирхон» (Ҳилолӣ) ва ғайра хеле боназокату дилрабо садо додаанд ва онҳо то кунун ба дилҳо фараҳ мебахшанд. Дар репертуари ин мутриби хушсалиқа беш аз 200 сурудҳо ворид шудаанд ва бештари онҳо мавзӯъҳои Ватан, Модар, диёри маҳ¬бубро тараннум менамоянд. Ҷӯрабек Набиев ба бисёр мамолики хориҷ, ба монанди Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Эрон, Яман ва ғайра, сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, ҳунари мардуми тоҷикро муаррифӣ намудааст. Муаллифи зиёда аз 200 суруди тоҷикӣ ва узбекӣ аст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медалҳо ва ифтихорномаҳои Президиуми ШО ҶШС Тоҷикистон кадрдонӣ шудааст. Дорандаи шоҳҷоизаи «Қартаи тилоӣ» (1989). Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1980)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дар бораи ба Набиев — солисти Театри республикавии мазҳакаи мусиқии ба номи Пушкини ш. Ленинобод додани унвони фах¬рии Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон: Укази Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон //Ведомостҳои Совети Олии ҶШС Тоҷикистон.- 1980.- № 19.- С.7.
- Абдураҳмонов, В. Ҷӯрабек Набиев //Абдураҳмонов В. «Суруди ман туӣ модар» (Ҷӯрабек Набиев): Ҳаёт ва фаъолият.- Хуҷанд, 2005.- С.4-19.- Бо аксҳои хешу ақрабо, ҳамкасбону дӯстон.- Матн ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ.
- Раҳимов, И. Набиев Ҷӯрабек //Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик.- Душанбе, 1989.- Ҷ.2.- С.401.
- Тошматов, А. Камолоти хунёгар: Ҷӯрабек Набиев чоряк аср дар хидмати халқ //Ҳақиқати Ленинобод.- 1989.- 8 апрел.
- Бурҳонов, С. Булбули Хуҷанд: Ҷӯрабек Набиев //Ҳақиқати Ӯзбекистон.- 1989.- 30 июн.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Омузгорон
- ТАҶЛИЛИ 70 — СОЛАГИИ ҶӮРАБЕК НАБИЕВ Бойгонӣ шудааст 26 июли 2014 сол.
- Шашмақом — Чӯрабек Набиев
- Зодагони соли 1941
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Хуҷанд
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Зодагони 10 феврал
- Зодагони вилояти Суғд
- Ҳунарпешагони халқии ҶШС Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ
- Овозхонҳои Тоҷикистон
- Овозхонҳои тоҷик