Зебуннисо

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
زینب‌النساءبیگم Zeb-un-Nisa Begum.jpg
Зебуниссо
Зодрӯз 15 феврали 1637
Зодгоҳ Давлатобод
Даргузашт 3 марти 1702, Шоҳҷаҳонобод
Пеша шоир

Зебуниссо (15 феврали 1637, Давлатобод, - 3 марти 1702, Шоҳҷаҳонобод) - яке аз хушнависони Ҳинд ва аз шоирони сабки ҳиндӣ дар адабиёти порсӣ ва тасаввуф аст ки дар шеърҳояш худро Махфӣ мехонд.

Зиндагинома[вироиш]

Зебуниссо ё Зебунниссобегим бузургтарин духтари подшоҳи темурии Ҳинд Аврангзеб Оламгир ва набераи Шоҳҷаҳон буд. Модараш Дилрасбону духтари Мирзо Бадеъуззамон Шоҳнавозхон яке аз бозмондагони Шоҳ Исмоили Сафавӣ буд[1].

Зебуннисо зане адиб ва донишдӯст, ҳунарманд ва ҳунарпарвар буд. Адабиёти порси ва арабиро бисёр дӯст медошт ва Қуръонро аз бар буд. Хаттҳои настаълиқ, насх ва шикастаи настаълиқро нек менавишта ва китоби бисёре ба номи ӯ таълиф кардаанд. Вай дар бадеҳа чирадаст буда ва ба сабки ҳиндӣ шеър мегуфт ва тахаллусаш "Махфӣ" буд. Ин байт аз ӯст:

Духтари шоҳам, валекин рӯ ба фақр овардаам,
Зебу зиннат бас ҳаминам, номи ман Зебунниссост.

Аврангзеб, ки подшоҳе бадҷаҳлу худкома буд, намехост духтараш шеър гӯяд ва намегузошт, ки бо воситаи шеър номи духтараш вирди забони ашхоси номахрам гардад. Зебуннисо ба ин чихати масъала ишора намуда гуфтааст:

Эй булбули хушилҳон, махрӯшу дам фурӯ каш,
Табъи «латиф»-и султон тоби сухан надорад.

Мегӯянд, ки аз шоирони дарбор Носиралӣ Зебунниссоро дӯст медоштааст. Боре, Зебунниссо як мисраъ шеъре навишта будааст, ки ин аст:

«Аз ҳам намешавад зи ҷаҳолат ҷудо лабам,…»
Носиралӣ мисраи дуюмашро, бадоҳатан, ба Зебуннисо фиристодааст.
«Гӯё расида бар лаби Зебуннисо лабам!...»

Аз ин густохии Носиралӣ, Зебунниссо малоли хотир шуда, дар чавобаш байти зеринро ирсол доштааст.

Носиралӣ, ба номи Алӣ бурдаӣ паноҳ,
Варна, ба Зулфиқори Алӣ бурдаме сарат!

Зебунниссо то поёни зинадгонияш шавҳар накарда, зеро маъшуқи дилхоҳашро пайдо накардааст.

Булбул аз гул бигзарад, гар дар чаман бинад маро,
Бутпарастӣ кай кунад гар бархаман бинад маро?!

Зебунниссо 3 марти соли 1702 дар сини 63-солагӣ дар Деҳлӣ даргузашта аст. Бино бар васияташ пайкарашро ба Лоҳур мебаранд ва дар боғе, ки бо хоҳиши худи ӯ бунёд гардида буд, ба хок месупоранд. Дар санги мазори ӯ ин байт сабт аст:

Бар мазори ман, ғарибон не чароғе, не гуле,
Не пари парвона сӯзад, не садои булбуле.

Мероси адабӣ[вироиш]

Зебуннисо

Девони ашъори Зебунниссо 4 000 байтро дар бар мегирад ки бештараш ғазал аст ва афзун бар он 7 қасида, 5 тарҷеъбанд ва як мухаммас низ эҷод кардааст. Аз навиштаҳояш метавон аз китоби "Зебулмуншаот" ном бурд.

Ғазалҳояш гуногун аст ва бештар зиндагии душвору беҳуқуқии занони мазлумро бозтоб мекунад. Дили шоир бар ҳоли дармондагону бечорагон месӯзад. Аз ин ҷост, ки шоир онҳоро дилбардорӣ мекунад, таъкид менамояд, ки хаёт тагйир меёбад, дар оянда зиндагиашон бехтар хохад шуд. Зеро аз пайи хар шом сахаре хаст.

Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Хар шом, ки ояд зи пайи он сахаре хаст.

Дар поени умри худ шоира эхсос кард, ки дар дарбори падар шахсони нолоик, хушомадгу, пастфитрат чамъ омадаанд, ки барои бехбудии зиндагии мехнаткашон чорае намебинанд ва баръакс бо чоплусию порадихи сохиби мансаб мешаванд. У мебинад, ки ахли хунар хору забун аст, кадру кимате надорад, инони сабр аз дасташ меравад ва ошкоро мегуяд, ки дар ин рузгор Хари Исо агар зар дошта бошад, сохибхунар ба хисоб меравад:

Ба кори кас намеояд, хунар Махфи, дар ин олам,
Хари Исо хунарманд аст, агар дар киса зар дорад.

Чунон ки зикраш рафт, Зебуннисо зани бомаърифат, боандешаю сохибчамоле будааст, молу мулк ва зару зевари бисьёр дошта бошад хам худашро озод хис намекард. Барои инсон аз хама мухим озоди аст. У мехост хонаи обод дошта бошад, аммо аз дасти падари чохил ба ин максадаш нарасид. Умраш ба охир расиду издивоч накард. Ишки у, мухаббати у, дарду алами у ба хамаи занону духтарони чомеаи онруза баробар тааллук дошта, шоира аз номи онхо нобаробари, беадолатии занро дар рузгори онвакта хаккони ба калам додааст. Ба хамин маъни ишорат карда, дар газалаш мегуяд:

Дили марде ба даст овар, агар мардонаӣ, Махфи,
Ки дилхоро ба дилхо дар хакикат кор меафтад.

Шоира духтари шох бошад хам, валекин бо зиндаги ва хаёти одамони камбагал ошно буд. Хаёти талхи онхо, оби чашми бенавоёнро дида, дилаш реш-реш мегашт. Зебуннисо ба масъалаи дусти ахамияти калон додааст. Албатта ин бесабаб набуд. У дусти хакики надошт. Бисьёр мехост, ки дуст дошта бошад ва дарди дили худро гуяд, бо у хамсухбат шавад ва дилашро таскин дихад.

Тоза созад гулбуни умедро пайгоми дуст,
Бишкуфонад гунчаи дилро насими номи дуст

Газалхояш равону содда, тару тоза ва хушоханг хастанд:

Меравам, имшаб, туро бедор хохам карду рафт,
Накди чонро сарфи як дидор хохам карду рафт.
Баски гирям дар фирокат хамчу абри навбахор,
Водии хичрон гулу гулзор Хохам карду рафт.
Наштаре дорам нихон дар синаи хар нолае,
Бас дили ахли ситам абгор хохам карду рафт.
Дин агар ин асту имон ину ахли кибла ин,
Риштаи тасбехро зуннор Хохам карду рафт.

Хулоса, дар газалхои шоира ишк, дарду алами занон дар симои кахрамони лирики чамъбаст гардидаанд.

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа аксҳое дар бораи ин мавзӯъ дорад:
[[Commons:Category:Zeb-un-Nisa|Зебуннисо]]


Шоирони Порсигӯй
ДақиқӣРудакиРобиаи БалхӣУнсурӣФирдавсиИбни СиноУмари ХайёмНизомӣ ГанҷавӣСаъдиҲофизи ШерозӣКамоли ХуҷандӣҶалолиддини РумӣАбдураҳмони ҶомӣБедилЗебуннисо

Зернавис[вироиш]

  1. Krieger-Krynicki A. Captive princess: Zebunissa, Karachi: Oxford University Press, 2005