Ҷӯрабой Охунов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷӯрабой Охунов
Ҷӯрабой Охунов
Таърихи таваллуд 13 август 1932(1932-08-13) (91 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Конибодом
Пеша(ҳо) оҳангсоз (композитор)

Ҷӯрабой Охунов – композитор, Ходими хизматнишондодаи санъат, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (1963).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷӯрабой Охунов 13 августи соли 1932 дар ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Дар кӯдакӣ ятим монда дар хонаи бачагон тарбия ёфтааст. Муҳаббат нисбат ба мусиқӣ ӯро ба мактаби мусиқии шаҳри Хуҷанд меоварад. Пас аз итмоми мактаб ба Омӯзишгоҳи мусиқии ш.Душанбе дохил мешавад. Омӯзишгоҳро бо ихтисоси композитсия дар синфи омӯзгор А.Ленский хатм менамояд. Соли 1949 барои идомаи омӯзиши асосҳои композитсия ба шуъбаи миллии Консерваторияи Москва дохил шуда, баъди хатми он, дар ҳамон ҷо ба факултаи назариявӣ-композиторӣ дохил мешавад. Соли 1959, пас аз хатми Консерваторияи Москва Ҷ. Охунов дар Тоҷикистон ҳайати таҳририяи мусиқии телевизионро роҳбарӣ намуда, сипас ба сифати директор ва омӯзгори мактабҳои мусиқии №2 ва №3, инчунин директори Омӯзишгоҳи мусиқии ш.Душанбе, омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, дирижёри оркестри созҳои халқии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳаррири нашриётҳои «Ирфон», «Маориф», «Адиб» кор кардааст.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Истеъдоди композитор махсусан дар жанри кантатаву оратория ба таври возеҳ ҳувайдо гардидааст. Ба қалами ӯ кантатаҳои «Ба партияи мо» ба шеъри Боқи Раҳимзода, «Шараф ба партия» шеъри Аъзам Сидқӣ ва «Ба Ленини бузург» шеъри Қутбӣ Киром мансубанд. Дар байни асарҳои композитор онҳо мавқеи марказиро ишғол мекунанд. Пайравии қотеъона ба анъанаҳои халқии суруд, ки Ҷ. Охунов дар эҷодиёти худ ривоҷ додааст, маъруфияти васеи ин кантатаҳоро таъмин намудааст. Кантатаи «Шараф ба Партия» дар барномаҳои гуногуни чорабиниҳои бузурги мусиқӣ-тарғиботӣ дар Москва, Вилнюс, Свердловск, Новосибирск, Тошканд, Ленинобод (Хуҷанд), Душанбе ва дигар шаҳрҳо бомуваффақият иҷро карда шудааст. Ба қалами композитор инчунин якчанд асарҳо симфонӣ, ки аз байни онҳо метавон Сюитаи симфонии иборат аз 4 қисм, Симфо- ниетта иборат аз 3 қисм ва дигаронро номбар кард, тааллуқ доранд. Композитор мусиқии халқиро омӯхта, бо истифода аз он кӯшидааст, ки асарҳои калонҳаҷмро эҷод кунад. Масалан, Квартети тории сеқисма дар заминаи оҳангҳои халқӣ эҷод шудааст. Ин услубро композитор ҳангоми эҷоди силсилаи Вариатсияҳо барои фортепиано истифода бурдааст. Дар Вариатсияҳо вай ҳамчун асос оҳанги халқии «Духтари Ҳирот»-ро истифода мебарад. Композитор оҳангҳои халқиро барои овоз ва фортепиано такмил медиҳад. Аз ҷумла, оҳанги «Соқиномаи Рок» барои квартети овозҳои мардона мумтозона такмил ёфтааст. Ҷ. Охунов дар бунёди репертуари мусиқии муосири тоҷик саҳм гузоштааст. Сурудҳои ӯ «Тоҷикистон ман», шеъри Муҳиддин Фарҳат, «Туро дар ёд дорам» ба шеъри К. Остон, «Таронаи озодӣ», «Ёри вафодор» ба шеъри Боқи Раҳимзода ва дигарон маъмул мебошанд. Дар байни мардум дуэтҳо – лапарҳо, ки ҷавону духтар ба навбат порчаҳои шӯхиомезро иҷро мекунанд, паҳн гардиданд. Дар пайравии ҳамин анъана Ҷ.Охунов якчанд лапарҳоро, аз ҷумла «Он и Она» ба шеъри Саидалӣ Вализода ва «Тӯйи пурғавғо» ба шеъри М. Азимӣ навиштааст, ки зуд-зуд дар ҷашнҳои халқӣ сароида мешаванд. Шавқи беандоза ба мусиқии фолклорӣ боиси муносибатҳои наздикии бисёрсолаи композитор бо истеъдодҳои мардумӣ гардид. Барои дӯстдорони сурудҳои халқӣ вай чандин асарҳо эҷод кардааст. Композитор чандин маротиба дар ҳайати ҳакамони (жюри) Озмунҳои эҷодиёти мардумӣ ширкат варзидааст. Ҷ. Охунов худро дар мусиқии созӣ низ бо шавқу завқ зоҳир намудааст. Дар ин жанр ӯ пйесаҳои зерин, ба монанди «Андеша» ва «Алла» барои виолончел ва фортепиано, «Ду рақс» барои рубоб ва фортепиано, «Рақси ҷавонӣ» барои ғиҷҷак ва фортепиано ва якчандтои дигарро эҷод намудааст. Дар байни асарҳои барои оркестри созҳои халқии тоҷикӣ ду Марш ва Увертюраи ӯ барҷастаанд. Композитор вақти зиёдро ба фаъолияти омӯзгорӣ сарф менамояд. Вай ба ривоҷу равнақи шабакаи мактабҳои бачагонаи мусиқӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ саҳми калон гузоштааст. Барои ин мактабҳо композитор бисёр асарҳои реперетуари таълимӣ навиштааст. Барои тарбияи завқи хуби мусиқии бачагон бисёр сурудҳои ӯ бар ашъори шоирони тоҷик – «Сохтмончӣ мешавам», «Суруди хушнудӣ», «Мо ба пеш меравем» ва дигарон хидмат мекунанд. Фаъолияти Ҷ. Охунов ҳамчун муҳаррири пешбар дар нашриётҳои гуногун аҳамияти калон дошт. Тӯли меҳнати бисёрсолаи самаранок Ҷ. Охунов беш аз 100 нашрияҳои гуногуни нотаҳо, китобҳо, дастурҳо, барномаҳоро чоп намудааст, ки фарогири паҳлӯҳои мухталифи раванди таълим дар мактабҳо, омӯзишгоҳҳо, макотиби олӣ мебошанд. Дар байни онҳо «Сурудҳои халқии тоҷик», «Сурудҳои композиторони тоҷик», китобҳои дарсии «Солфеджио» ва «Диктантҳои мусиқӣ», якчанд маҷмӯаи сурудҳои бачагона, «Сурудҳои Ҷӯрабек Муродов», «Порчаҳо аз операи Ш.Сайфиддинов «Айнӣ»», «Гимнҳои давлатии СССР ва ҶШС Тоҷикистон», «Сурудҳои Бӯстон» ва боз бисёр дигарон мебошанд. Китоби «Айнӣ ва мусиқӣ» дар намоишгоҳи китоби ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон бо диплом мушарраф гардида буд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Асарҳои симфонӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

1952 – Сюита иборат аз 4 қисм. 1961 – Скерцо.

Асарҳои вокалӣ-симфонӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

1953 – Кантатаи «Ба партияи диловар» барои гурӯҳи сарояндагон ва хори омехта дар 4 қисм. Шеъри А.Сидқӣ. 1974 – Суруд-кантата «Ба Ленини муаззам» барои сарояндагон ва хори омехта. Шеъри Қ.Киром, Душанбе, «Ирфон», 1980, 1983.

Асарҳо барои оркестри созҳои халқӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

1953 – «Марш». Душанбе, «Ирфон», 1976. 1958 – «Увертюра». 1964 – «Марш юных космонавтов» для оркестра баянистов. М.,Музыка, 1969. Душанбе, «Ирфон», 1976.

Асарҳои камеравӣ-созӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1950 – «Мелодия» барои скрипка ва фортепиано. Душанбе, «Ир-
  • фон», 1985.
  • 1950 – «Танец юношей» для фортепиано. Душанбе, «Ирфон», 1972, 1984.
  • 1951 – «Раздумье» для виолончели и фортепиано. М., Музыка,1972.
  • 1952 – «Танец» для рубоба и фортепиано. Душанбе, «Ирфон»,1972.
  • 1953 – «Тема с вариатсиями» барои фортепиано. Дастнавис.
  • 1956 – Квартети торӣ дар 3 қисм.
  • 1963 – «Валс» барои 2 фортепиано. М., Музыка, 1970.
  • 1980 – «Скерцо» барои чанг ва фортепиано. Душанбе, «Ирфон»,1985

Асарҳои вокалӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1952 – «Весна мира», стихи А.Каххори. М., Музгиз, 1954.
  • 1955 – «Табассум», стихи М.Бадриддинова. М., Музгиз, 1957,Киев: Музична Украина, 1972, Душанбе, «Ирфон», 1976.
  • 1955 – «Горный кишлак», стихи М.Турсунзода. М., Музгиз,1957.
  • 1956 – «Партияи раҳнамо», шеъри Б.Раҳимзода. Душанбе, «Ирфон», 1967. Тошкент, Ӯқитувчи, 1973, М., 1974, Душанбе, «Ирфон»,1980.
  • 1958 – «Ленинчиёни ҷавон», шеъри Б.Раҳимзода. Душанбе, «Ирфон», 1977.
  • 1960 – «Дар ёди ту», шеъри К.Остон, Киев: Музична Украина,1972, Душанбе, «Ирфон», 1975.
  • 1960 – «Баҳри нурафзо», шеъри М.Фарҳат. Душанбе, «Ирфон»,1975.
  • 1962 – «Дилҳои пурҳарорат», шеъри А.Баҳорӣ. Душанбе, «Ирфон», 1975.
  • 1963 – «Суруди меҳнат», хори a’capella, шеъри Б.Раҳимзода. Душанбе, «Ирфон», 1980.
  • 1967 – «Вечно живой Ленин» // Дар ҳаммуаллифӣ, шеъри М.Раҳимӣ. Душанбе, «Ирфон», 1980.
  • 1971 – «Таронаи озодӣ», шеъри Б.Раҳимзода. Душанбе, «Ирфон», 1983.
  • 1972 – «Соқиномаи Рок», квартети вокалӣ дар мавзӯҳои халқӣ,шеъри Мирзо Азими Сомӣ. Душанбе, «Ирфон», 1980.
  • 1973 – «Мой Таджикистан», стихи М.Фархата. М., Музыка, 1977, Душанбе, «Ирфон», 1980.

2000-2006 – беш аз 30 суруд барои бачаҳо бар ашъори шоирони тоҷик.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Композиторон ва усиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011? c 133-137