Jump to content

Бобо ва хирс: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Сатри 34: Сатри 34:
== Пайвандҳо ==
== Пайвандҳо ==
* {{Cite web|url=http://www.millat.tj/ijtimo/3473-margi-muysafedi-khirsboz.html|title=Марги муйсафеди хирсбоз|author=Раҳматкарими Давлат|website=Рӯзномаи Миллат|date=|publisher=www.millat.tj|lang=tg|accessdate=2017-09-06}}
* {{Cite web|url=http://www.millat.tj/ijtimo/3473-margi-muysafedi-khirsboz.html|title=Марги муйсафеди хирсбоз|author=Раҳматкарими Давлат|website=Рӯзномаи Миллат|date=|publisher=www.millat.tj|lang=tg|accessdate=2017-09-06}}
* <ref>{{Cite web|url=http://ru.sputnik-tj.com/society/20151116/1017512452.html|title=Лица нашего города: дед с медведицей как символ Душанбе|author=|website=|date=|publisher=ru.sputnik-tj.com|lang=ru|accessdate=2017-09-06}}</ref>
* {{Cite news|title=Старик и медведица|author=|url=https://news.rambler.ru/cis/8961652-starik-i-medveditsa/|work=Рамблер/новости|date=|accessdate=2017-09-06|language=ru}}
* {{Cite news|title=Старик и медведица|author=|url=https://news.rambler.ru/cis/8961652-starik-i-medveditsa/|work=Рамблер/новости|date=|accessdate=2017-09-06|language=ru}}
* {{Cite web|url=http://animalworld.com.ua/news/news_744|title=В ТАДЖИКСКОЙ СЕМЬЕ ЖИВЕТ МЕДВЕДИЦА МАРИЯ|author=|website=|date=|publisher=animalworld.com.ua|lang=ru|accessdate=2017-09-06}}
* {{Cite web|url=http://animalworld.com.ua/news/news_744|title=В ТАДЖИКСКОЙ СЕМЬЕ ЖИВЕТ МЕДВЕДИЦА МАРИЯ|author=|website=|date=|publisher=animalworld.com.ua|lang=ru|accessdate=2017-09-06}}

Нусха 10:55, 6 сентябри 2017

Бобои Талабшоҳ ва Мария

Бобои Талабшоҳ ва Мария (Мӯйсафед ва хирс) — пирмард ва хирси ӯ, ки ба символи Душанбе табдил шуда буданд[1].

Саргузашт

Талабшо Шейхов, сокини деҳаи Ялаши ҷамоати Пилдони ноҳияи Ҷиргатол соли 1990 дар кӯҳистон дар хонаи яке аз шиносҳояш хирсбачаи 1,5 — моҳаро пайдо кард. Хирсак бесоҳиб буд. Модару бародарашро шикорчиҳо кушта буданд. Бар ивази як буз бобои Талабшоҳ хирсбачаи модаро аз соҳибаш гирифт ва онро Мария ном кард (он замон сериали мексикоии Просто, Мария! дар собиқ Шӯравӣ маҳшар ба по карда буд).

Марияро бо шири гов, гоҳо шири келинаш бузург кард.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ба бобои Талабшоҳ соли 1995 пешниҳод кард, ки дар зоопарки Душанбе кор кунад…

Бойбачаҳо бар ивази Мария ба бобои Талабшоҳ пули калон, ҳатто 2 — 3 — хонагӣ дар маркази шаҳр ваъда карданд, розӣ нашуд. Аммо замоне шуд, ки бобои Талабшоҳ ҳам ба посбонии Боғи ҳайвонот ва ҳам маблағи бузурги бойбачаҳо зор шуд, лек касе ба додаш нарасид. «Духтар» бузург шуда, рўзе то 10 — 12 кило ғизо мехўрд. Зӯри «падар» барои таъмини ӯ намерасид.

Бобои Талабшоҳ, ки синнаш ба 80 расида буд, маҷбур буд ҳамроҳи Мария дар кӯчаҳо гашта, намоишномаҳои худро ба мардум пешниҳод кунанд ва қути лоямути «духтар» — ашро пайдо намоянд.

Мӯйсафед вақте медид, ки ҷавонон «салому алайк» — ро намедонанд, аз хирс хоҳиш мекард, то ба онҳо одоб нишон диҳад.

Онҳо 21 сол бо ҳам буданд. Мӯйсафед соли 2011 вафот кард. Мария, ки дар кӯчаҳои Душанбе мардумро хушҳол мекард, ҳоло дар боғи ҳайвоноти пойтахти Тоҷикистон умр ба сар мебарад[2].

Бобо ва хирс дар ВАО

Бисёре аз расонаҳои тасвирӣ ва чопии дохилу хориҷ дар бораи достони дӯстию рафоқати Бобои Талабшоҳ ва Мария гузоришҳое таҳия ва пахш кардаанд. Маҳдии Бимонӣ, аккос ва коргардони эронӣ мустанаде дар бораи ин пирамарди тоҷик ва хирсаш сохта ва Телевизиони Форсии Би-би-сӣ ду сол пеш ин филмро пахш карда буд[3].

Гузоштани тандиси Бобо ва хирс

Сокини Душанбе Михаил Рибаков соли 2015 пешниҳод кард, ки барои ҳардуи онҳо дар ягон гӯшаи ғарибонаи пойтахти Тоҷикистон ҳайкали ду дӯст, «падару фарзанд» ва як намунаи нотакрори тавозуни руҳонии инсону вуҳуш, муҷассамаи ғайриоддӣ дар таърихи башарро гузоранд, то дарсҳое барои инсониятро ёдоварӣ кунад. Ва он арҷгузорӣ на фақат ба бобои Талабшоҳу «Мария», балки ҳамзистии инсону табиат хоҳад буд[4].

Соли 2017 муҷассамаи Бобои Талабшоҳ ва Марияро бо фармоиши мағозаи «iamdifferent» сохтаанд ва он рӯзҳои наздик ба маҳалли аслии иқоматаш бояд интиқол бидиҳанд.

Эзоҳ

  1. Муҷассамаи бобои Талабшоҳ ва хирс Мария гузошта мешавад? - faraj.tj. «Фараж». faraj.tj. 6 сентябри 2017 санҷида шуд.
  2. Зарангези Наврӯзшоҳ, Шодмони Ятим. Идомаи саргузаштҳои Мария - хирси ҳунарманд. Радиои Озодӣ. 6 сентябри 2017 санҷида шуд.
  3. 'ماریا' و 'فطر تاجیکان' در آپارات(форсӣ). BBC Persian. 6 сентябри 2017 санҷида шуд.
  4. Манижа КУРБАНОВА. Старик и Маша, ASIA-Plus (8 июли 2017). Проверено 6 сентябри 2017.

Видео

Пайвандҳо

Сарчашма

  1. Лица нашего города: дед с медведицей как символ Душанбе(рус.). ru.sputnik-tj.com. 6 сентябри 2017 санҷида шуд.