Jump to content

Авиатор (корхона)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз «Авиатор»)

«Авиатор» — маҷмааи варзишии корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷикистон». Соли 1985 дар шаҳри Душанбе ташкил шуд. Масоҳ. умумиаш 5, 6 га. Ду майдони алафпӯши (108 х 68 м ва 96 х 62 м) футбол, роҳи чорхатаи асфалту битумпӯш барои давидан (400 м), минтақа барои ҷаҳидан ба дарозӣ ва баландӣ дорад. Дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст ва инчунин 4 корти теннис бо 1,5 ҳазор ҷойи нишаст, майдончаҳо барои волейбол ва баскетбол, 2 майдонча барои бозии городки бо 400 ҷойи нишаст, машқгоҳи тирандозӣ (6 самт, 25 ва 50 м), ки ба 300 нафар хидмат мерасонад, аст. Дар ҳудуди «Авиатор» биноҳои маъмурӣ мавҷуданд, ки дар онҳо хонаҳои хизматӣ, ҳуҷраи духтур, ҳуҷраи дастурдиҳӣ, узели радио, ҳуҷраи истироҳат, ҳуҷраи методӣ, маркази барқароркунии саломатӣ бо ҳуҷраҳои варзиши шифоӣ ва масҳ, сауна, хонаҳо барои либоскашӣ ва нигоҳ доштани лавозимоти хоҷагӣҷойгиранд. Дар назди «Авиатор» бахшҳои варзиши оммавӣ ва варзиши шифоӣ: гурӯҳҳои «Тандурустӣ», футбол, волейбол, баскетбол, тирандозӣ, теннис (майдонӣ, рӯйимизӣ), городки, варзиши сабук, клубҳои шашкаю шоҳмот ва варзиш амал мекунанд. Маҷмааи варзишӣ метавонад дар як рӯз ба 800 – 1000 нафар хидмат расонад.