Jump to content

Бедории тоҷик (рӯзнома)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз «Бедории тоҷик» (рӯзнома))

«Бедории тоҷик» — рӯзномаи Бюрои ташкилии фирқаи иштирокиюн (Ҳизби коммунистӣ)-и Кумитаи иҷроияи марказӣ ва Шӯрои марказии Иттифоқи касабаи Тоҷикистон.

Ҳанӯз дар ҷамъомади аввалини бюрои ҳизбии Бюрои ташкилии ҲК (б) Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, ки 10 декабри соли 1924 баргузор гардид, масъалаи беҳтар кардани вазъи матбуот мавриди муҳокима қарор ёфт. Он вақт ду номгӯй рӯзномаи тоҷикӣ: «Овози Шарқ» ва «Овози тоҷик» нашр мешуд. Бюрои ташкилии коммунистони тоҷик аз ҲК (б) Ӯзбекистон хоҳиш кард, ки яке аз матбааҳои дар Самарқанд будаи Туркистонро ба ихтиёри ҶМШС Тоҷикистон диҳад.

Баҳори соли 1925 бюро ва ҳукумати Тоҷикистон аз Тошканд ба Душанбе кӯчид. Аз ҳамон вақт тамоми кӯшиш ба он равона гардид, ки дар пойтахт матбааи боиқтидоре ташкил карда шавад. Комитети инқилобии Тоҷикистон 11 апрели соли 1925 дар бораи ба Душанбе кӯчонидани матбааи Самарқанд қарор қабул кард. Ва дар воқеъ ҳам, қисме аз лавозимоти «Овози тоҷик» ба Душанбе оварда шуд.

Нашрияи нахустин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тайёрӣ ба нашри шумораи аввали нахустин рӯзномаи ҳукуматӣ бо забони тоҷикӣ дар Душанбе — «Бедории тоҷик» ҳанӯз ибтидои моҳи феврали соли 1925 сар шуда буд. Ба нашри ин рӯзнома як гурӯҳи ходимони ҳизбӣ, давлатӣ ва созмони ҷавонон мутасаддӣ шуданд. Дар байни онҳо Аббос Алиев, Алӣ Исмоилзода, Саидбоғир Қосимов буданд.

Дар Душанбеи онрӯза пайдо кардани лавозимоти техникӣ кори чандон осоне набуд. Лозим шуд, ки ҳангоми тайёрӣ ҳарфҳои рӯзномаи «Овози Шарқ»-ро истифода кунанд. Ин ҳарфҳои куҳна ва сӯдашударо ним сол муқаддам, бо ҳазор машаққат аз чопхонаи Бухоро ба воситаи корвони шутурҳо ба Душанбе оварда буданд. Дар тӯли бештар аз як ҳафта саҳифаҳоро бастанд. Аммо матбааи «Овози Шарқ» ба кор намеомад. Дар машинаи чопии «Американка» нашри ин рӯзнома имконнопазир буд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон ба идораи сиёсии корпуси тирандоз муроҷиат намуда, ёрӣ хост. Ҳамин тавр, 15 марти соли 1925 шумораи аввалини «Иди тоҷик» ба миқдори 1000 нусха интишор ёфт.

Баъдтар ба чопи мунтазами рӯзномаи тоҷикӣ дар Душанбе шурӯъ карданд.

Аз 8 октябри соли 1928 ин рӯзнома бо номи «Тоҷикистони сурх» чоп шуд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Усмонов И. К., Давронов Д. Таърихи журналистикаи тоҷик. — Душанбе, 2008. — С.138