Аббос Алиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Аббос Алиев
Аббос Алиев
Санаи таваллуд:

1899(1899)

Зодгоҳ:

Бухоро , ҶШС Ӯзбекистон, СССР

Санаи марг:

16 январ 1958(1958-01-16)

Маҳалли марг:

ш. Алмаато

Мамлакат:

 Тоҷикистон Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

таърих

Ҷойҳои кор:

Ҳукумати ҶХШ Бухоро, Ҳукумати ҶМШС Тоҷикистон, Донишгоҳи Осиёимиёнагии ш. Тошкент, Донишкадаи давлатии педагогии ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко, мактабҳои олии шаҳрҳои Бишкек, Владикавказ, Днепропетровск, Алмаато

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои таърих

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Мактаби олии ҳизбӣ ва сиёсии «Красная профессура»-и назди КМ ВКП (б)

Мукофоту ҷоизаҳо:

ордени Ситораи Тиллои Комиҷроияи Марказии Республикаи Халқии Советии Бухоро (1922)

Аббос Алиев - (1899-1958), вазири аввалини маорифи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, олим, доктори илм ва профессори аввалини тоҷик. Бо ордени «Ситораи зарин»-и Комиҷроияи Марказии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (1922) мукофонида шудааст.

Зиндагинома[вироиш]

Аббос Алиев - соли 1899 дар Бухоро ба дунё омадааст, аз хурдсоли ятим мондааст ва аёми наврасӣ дар ш Чорҷӯй барои рӯзгузаронӣ меҳнат кардааст. Фаъолияти инқилобии Аббос Алиев соли 1917, дар 18 - солагии ӯ оғоз ёфтааст.Тобистони соли 1918 дар Тошканд Ҳизби коммунисти Бухоро таъсис ёфта, 25 сентябри 1918 нахустин Кумитаи марказии он интихоб гардид. Аббос Алиев аз ҳамон вақт узви Ҳизби коммунисти Бухоро буда, солҳои 1918-1920 дар созмонҳои коммунистии Бухорову Когон (Бухорои Нав) кор кардааст.[1] Ӯ яке аз иштирокчиёни сарнагун намудани аморати Бухоро 2 сентябри соли 1920 мебошад. Фаъолияти инқилобии ӯ дар Бухоро, Когон ва Чорҷӯй сар шуд. Солҳои 1918–1920 сардори Комитети махфии ҳизбии Чорҷӯй ва яке аз ташкилотчиёни ҶХС Бухоро, солҳои 1921–1923 корманди нахустини идораҳои ҳизбӣ ва муассисаҳои давлатӣ, баъдан муҳаррири рӯзномаи «Қутулуш» (баътар «Бухоро ахбори», «Озод Бухоро», «Бухоро пролетари», «Бухоро ҳақиқати») буд. Аббос Алиев яке аз Қаӽрамонони Ҷумҳурии Халқии Бухоро гардиааст ва соли 1922 бо нишони «Ситораи зарин» («Олтин юлдуз») сарфароз гардид.[1]

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ дар рисолаи Аббос Алиев (Муҳаммадҷон Шакурӣ. Аббос Алиев. - Душанбе, 2012) оид ба зиндагиномаи ӯ, навиштааст:

«Аз ин ёдмондаи Ҷалол Икромӣ маълум мешавад, ки Аббос Алиев муборизи шӯълавари зидди пантуркизм буда, дар роҳи ҳақ ба нотарсиву ҷонсупорӣ талош кардааст, қобилияте доштааст, ки ҷавонони ҳамиятмандро гирди худ ҷамъ биёвараду ба мубориза алайҳи душманони синфӣ сафарбар бикунад, бо санъати суханварӣ мардумони зиёдеро ба муборизаи миллии озодихоҳӣ бихезонад. Аббос Алиевро ба Маскав, ба Донишгоҳи коммунистии заҳматкашони Шарқ фиристода бошанд. Яъне, аз Бухоро дуртар ронданд, табъид карданд. Агар ин тахмини мо дуруст бошад, тавон гуфт, ба Маскав, ба таҳсил фиристода шудани Аббос Алиев як навъ ҷазо барои ташкили шӯриши зидди пантуркизм буд. Чунончи Икромӣ мегӯяд, пас аз ин намойишу шӯриш қариб ҳамаи мактабҳои Бухоро ба забони тоҷикӣ – ба забони модарии аҳолии шаҳр гардонда шуд. Ин як пирӯзии бузург буд, ки Аббос Алиев ва намойишгарон ба даст оварданд. Вале ин пирӯзӣ дер напоид. Ҳукуматдорон дар андак муддат кам - кам боз мактабҳои Бухороро ба забони ӯзбекӣ гардонданд. Маълумоте ҳаст, ки соли 1924 – дар охири соли мавҷудияти Ҷумҳурияти Халқии Шӯроии Бухоро як мактаби тоҷикӣ боқӣ намонда буд, ҳамаро ӯзбекӣ карда буданд.»

[1]

Дараҷаи I
Дараҷаи II
Дараҷаи III
Дараҷаҳои Ордени Ситораи Сурхи ҶХШ Бухоро. Дараҷаи I - ордени «Ситораи зарин»

Соли 1922 мактаби олии ҳизбӣ ва сиёсии «Красная профессура»-и назди КМ ВКП (б)-ро хатм кардааст. Соли 1924 Ҷумҳурияти Халқии Шӯравии Бухоро барҳам хӯрд. Бухороро ба импиротурии болшавикӣ илҳоқ карданд. Бо марзбандии миллии Осиёи Миёна, соли 1924, Ҷумҳурияти Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон ва дар ҳайати он Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис шуд. Аз Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Исфара ва ғайра, мардумоне, ки касбу кори гуногун доштанд, ба Душанбе омадан гирифтанду бештари онҳо мақсад доштанд, ки Тоҷикистон бисозанд. Бисёре аз тоҷикгароёни Бухоро, касоне чун Абдулқодир Муҳиддинов ва Аббос Алиев ба Тоҷикистон омаданд. Абдулқодир Муҳиддинов нахустин сарвазири Тоҷикистон – раиси Шӯрои комиссарони халқӣ, Аббос Алиев якумин вазири маорифи Тоҷикистон – комиссари халқии маориф шуд. Муовини вазир Аббос Алиев устод Лоҳутӣ буд.

«Он солҳо, ки вазири маориф буд, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон, ки нав шакл мегирифт, ширкат дошт. Барои таъсиси якумин маҷаллаи Тоҷикистон «Дониш ва омӯзгор» бисёр давутоз кард ва соли 1926 сармуҳаррири он буд. Инчунин, нахустин рӯзномаи Тоҷикистон «Бедории тоҷик» бо ширкати фаъолонаи ӯ таъсис ёфт. (Дар ин бора ниг: Пайванди Гулмуродзода. Маорифпарварӣ ва низоми нави ҷаҳон. – Душанбе: Ирфон. 2006. – с. 152-158). Шӯҳрат Саъдиев мегӯяд: «Ӯ чун рӯзноманигори оташсухан бо мақолаҳои рӯзмаррааш дар ҷумҳурӣ машҳур буд»

[1]

Дар муборизаи зидди босмачиён, маъракаи маҳви бесаводӣ ва инқилоби маданӣ иштирок намудааст. Дар пурсишномаи мазкур Аббос Алиев навиштааст, ки аз соли 1927 то 1936 узви Шӯрои шаҳри Тошканд буд. Яъне, шояд, то тобистони соли 1927 дар Тошканд будаасту баъдан, ба Маскав рафта бошад ҳам, узвияти ӯ дар Шӯрои шаҳри Тошканд ҳамчунон идома доштааст. Ш. Саъдиев дар бораи таҳсили Аббос Алиев дар Институти шарқшиносии Маскав андак батафсил сухан рондааст, ки «дар ин солҳо ӯ ҳамчун донандаи забонҳои халқҳои Осиёи Миёна, арабӣ, туркӣ, урду ном бароварда, забонҳои русӣ, лотинӣ ва инглисиро низ аз худ мекунад». Зиёда аз ин, Ш.Саъдиев порае аз назарнома (изҳори назар)-и академик В.В.Струверо дар бораи Аббос Алиев дар солҳои таҳсили ӯ дар Институти шарқшиносии Маскав овардааст, ки аҷаб баҳои баланд дар бораи дониши Аббос Алиев аст. Дар мақолаи Ш.Саъдиев омадааст:

«Шарқшиноси машҳур академик В. В. Струве дар бораи ӯ менависад: «Профессор Аббос Алиевро ман аз соли 1929 мешиносам. Ӯ дар таҳқиқи илмиву тарҷумаи хати қадимаи оромӣ (мехӣ) иштирок мекард ва аз фанни «Таърихи мамлакатҳои Шарқи қадим» дарс медод. Тадқиқотчии боистеъдоди тоҷик барои хидматҳояш дар тарҷумаи хати қадимаи мехӣ ду маротиба аз ҷониби роҳбарият қадршиносӣ гардид»

(Ш.Саъдиев. Аввалин нозири маорифи Тоҷикистон // «Адиб», 2004. - № 6, - с. 68).

Забони оромӣ забони кӯҳнаи мурда – забони даҳум аст, ки Аббос Алиев то расидан ба синни 32-33 омӯхтааст. Ин ҳам муҳим аст, ки дар солҳои таҳсили олӣ дар ҳамон Донишкадаи Маскав аз таърихи Шарқи қадим дарс ҳам мегуфтааст. Пас, санаҳои асосии зиндагии Аббос Алиев, тартиби замонии рӯзгори ӯро аз нимаи даҳаи бист то нимаи даҳаи сӣ ба ин тарз метавон таъйин кард:

  • Солҳои 1924-1927 – вазири маорифи Тоҷикистон;
  • Солҳои 1927 -1930 – таҳсили илм ва кор дар Институти ховаршиносии Маскав;
  • Солҳои 1930 – 1936 – устоди Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (САГУ, Тошканд) ва Дорулмуаллимини тоҷикон

(Тошканд).

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ менависад:

«Ин аст, ки Аббос Алиев аз тоҷикон якумин донишманде буд, ки ба унвони профессорӣ расид. Абдуррауфи Фитрат хеле пештар аз Аббос Алиев унвони профессорӣ дарёфт, лекин Фитрат худро турк ба қалам дода, ба сифати як донишманди ӯзбек соҳиби ин унвон гардид. Аз ин рӯ, мо на Фитрат, балки Аббос Алиевро нахустин профессори тоҷик ба шумор меоварем»

.[1]

Солҳои 1935-1939 бадарғашавӣ (дар натиҷаи тӯҳмати милатгароёни ӯзбек) ҳамчун "миллатчии буржуазӣ". Дар рисолааш Муҳаммадҷон Шакурӣ қайд намудааст, ки дар мақолаи Ш.Саъдиев порае аз тарҷумаи ҳоли Аббос Алиев оварда шудааст, ки сабаби зиндонӣ шуданашро эзоҳ медиҳад. Аббос Алиев навиштааст:

«Дар Ӯзбекистон ман боз ба «абарқудратон» рӯбарӯ шудам… Сабаби ба ҳабс гирифта шуданам навиштани асаре буд, ки дар он ман ғалату камбудиҳои китоби Раиси Шӯрои нозирони ҶШС Ӯзбекистон Файзулло Хоҷаевро, ки ба инқилоби Бухоро бахшида шуда буд, фошу танқид карда будам»

. (Ш. Саъдиев. Аввалин нозири маорифи Тоҷикистон // «Адиб», 2004. - № 6. – с.68).

Аббос Алиев баъд аз озодшавӣ аз бадарға, Ӯзбекистонро тарк намуда ба ш. Сталинобод кӯчидааст. Ӯ солҳои 1939/40-1947 касби омӯзгориро пеша намуда, ба ҳайси профессор, мудири кафедраи таърихи Шарқи Қадим ва халқҳои ИҶШС, декани факултети таърих Донишкадаи давлатии педагогии ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко фаъолият намудааст ва ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ дарс гуфтааст. Соли 1947 ӯ соҳибӣ унвони илмии доктори илмҳои таърих - аввалин доктори илм аз байни тоҷикон гардидааст. Солҳои 1948-1958 Аббос Алиев Тоҷикистон тарк намуда фаъолияташро дар мактабҳои олии шаҳрҳои Бишкек, Владикавказ, Днепропетровск, Алмаато давом додааст. Дар ш. Алмаато соли 1958 дафн карда шудааст.

Мероси илмии Аббос Алиев[вироиш]

Аббос Алиев ҳамчун олими таърихшиноси мамлакатҳои Шарқ ҳанӯз дар солҳои сиюми асри гузашта ном бароварда буд. Асарҳои илмиаш «Таърихнигории Шарқи қадим» (соли 1933) ва «Таърихи халқҳои Осиёи Миёна» (соли 1935) сазовор қадршиносӣ гардида, ба қарори коллегияи Нозироти маорифи ИҶШС ва комиссияи аттестатсионии Русия ба А. Алиев соли 1947 дараҷаи илмии доктори илми таърих дода шудааст. Солҳои мибаъда ӯ боз даҳҳо асару мақолаҳои илмӣ навиштааст. Аз нахустин тарҷумон ва муҳаррирони осори классикони марксизм-ленинизм буд. Муаллифи як қатор асарҳои илмӣ оид ба таърихи тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Миёна мебошад. Ба қалами ӯ тарҷумаи зиёда аз 60 асари асосгузорони марксизм – ленинизм ба забони тоҷикӣ низ тааллуқ доранд.

Хизмати таърихии А. Алиев[вироиш]

Аз ҳаёт ва эҷодиёти илмии А. Алиев чунин бармеояд,ки ӯ:

- дар муборизаи инқилобии зиддиамирӣ хизмат намуда барои ҷорӣ намудани давлатдории шӯравӣ дар Ҷумхурии Халқии Бухоро хизмати арзандае намуда лоиқи мукофоти олӣ «Ситораи тилло»-ӣ ҶХБ гардидааст;

- аз байни тоҷикон ӯ яке аз аввалин аъзоени ҳизби коммунист (аз соли 1917) буда то охири умр ба ғояҳои он содиқ мондааст ва дар фаъолияти хеш онро амалӣ намудааст;

- ӯ аввалин Вазири маорифи Тоҷикистон буд ва дар тартиб додану амалӣ намудани нахустин Қонуни маориф - Деклартсия «Дар бораи ҷорӣ кардани таҳсилоти умумумии меҳнаткашон» саҳми хешро гузоштааст;

- ӯ таъсисдиҳанда ва муҳаррири аввалин нашрияи вазорати маориф маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор», инчунин рӯзномаи «Бедории тоҷик» мебошад;

- ӯ аввалин профессори тоҷике буд, ки дар нахустин мактаби олии Осиёи Миёна – Донищгоҳи Осиёимиёнагии ш. Тошканд (1933-1935) дарс дода соҳиби чунин унвони олии илмӣ гардидааст;

- ӯ авалин шахсест, ки аз байни олимони тоҷик барои саҳми илмиаш дар ҷодаи таърих соҳиби дараҷаи олии илмӣ - доктори илм шудааст.

Ҳаёт ва фаъолияти ибратомӯзи вазири аввалини маорифи Тоҷикистон, нахустин профессор ва доктори илм, омӯзгор Аббос Алиев – яке аз поягузорони давлати Тоҷикистон ва маорифи тоҷик абадӣ дар саҳифаҳои таърихи миллат боқӣ хоҳад монд.

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

  • Муҳаммадҷон Шакурӣ. Аббос Алиев. - Душанбе, 2012
  • Саъдиев Ш. Аввалин вазири маорифи Тоҷикистон//«Адаб» маҷаллаи илмӣ-методии Вазазорати маорифи ҶТ, 2004, № 6 (66), С.67-68
  • Саъдиев Ш. Поягузори маорифи Тоҷикистон//"Масъалаҳои маориф", 2009, № 5-6, с. 3-6

Эзоҳ[вироиш]