Чумчуқ ё лайлак?
Зоҳир
(Тағйири масир аз «Чумчуқ ё лайлак?»)
«Чумчуқ ё лайлак?» – ин бозӣ дар лаби ҷӯй ва дарёчаҳо сурат мегирифт. Бачаҳо ду нафар дар лаби ҷӯй нишаста, яке аз онҳо ба кафи худ об мегирад ва аз дигарӣ мепурсад: «чумчуқ ё лайлак?». Ҳарифаш «лайлак» ё «чумчуқ» мегӯяд. Сипас бачаи аввалӣ обро ба ҳаво партофта бо кафаш мезанад. Агар қатра-қатра шуда, пош хӯрад, он гоҳ онро «чумчуқ» мегӯянд. Агар об ба пораҳои калон тақсим шавад, «лайлак» меноманд. Агар пешгӯии ҳарифаш рост ояд, навбати бозӣ ба ҳариф мегузарад. Дар ноҳияи водии Ҳисор фаъол аст.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шермуҳаммадов Б. Назми халқии бачагонаи тоҷик. Д., 1973.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 210