Ёдгори Балхӣ
Зоҳир
Ёдгори Балхӣ (форсӣ: یادگار بلخی; қарни XVII) — хаттот ва хушнависи форс-тоҷик. Яке аз саромадони хатти насх ва настаълиқ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар хатти настаълиқ шогирди хаттоти номии замонаш Муҳаммадҳусайни Кашмирӣ буд. Аз ҷиҳати нафосат ва зебоии хат ӯро «Миралии сонӣ» номидаанд. Ёдгори Балхӣ дар китобхонаи Абдулазизхон (хони Бухоро) хидмат кардааст (1645-80). Аз осори ҳунари хаттотии ӯ як нусхаи девони Ҳофизи Шерозӣ боқӣ мондааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ёдгори Балхӣ / А. Нуров // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.