Jump to content

Ёдгор Исмоилов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ёдгор Исмоилов
Ёдгор Ҳофизович Исмоилов
Таърихи таваллуд 17 ноябр 1966(1966-11-17) (57 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Ҷоизаҳо Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали ҷашни бахшида ба 70-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ,

Ёдгор Ҳофизович Исмоилов (тав. 17.11.1966, д. Рарзи н. Айнӣ) — таърихнигор, номзади илмҳои таърих (2019). Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ёдгор Исмоилов хатмкардаи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (1992). Фаъолиятро ба ҳайси омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи омӯзишгоҳи № 58 -и шаҳри Душанбе (1992—1994), ассистенти кафедраи таърихи Ватан: давраи қадим, асрҳои миёна ва методикаи таълими таърих ва ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (солҳои 1994 −1999), муаллими калони кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (солҳои 1999—2014), муаллими калони кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи донишгоҳи мазкур (солҳои 2014—2017) идома додааст. Аз соли 2017 то ҳол дар шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва назорати электронӣ донишгоҳ ба ҳайси сармутахассис таҳлилгар фаъолият дорад. Дар мавзӯи «Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии АИ ИҶШС дар Тоҷикистон (солҳои 1924—1941)» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.

Мукофот ва ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  • медали ҷашни бахшида ба 70-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ,
  • медали «Сипоснома аз номи халқи афғон»,
  • нишони «Ҷанговар — интернатсионалист»,
  • Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. .
  • Саҳми академик Аҳрор Мухторов дар ташаккул ва инкишофи катибашиносӣ дар Тоҷикистон. Д., 2014. (монография)
  • Катибаҳо гувоҳномаи таърих. Д., 2018. (монография)