Ёрии Хуросонӣ
Зоҳир
Ёрии Хуросонӣ (? — 1570, Бухоро) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Давраи кӯдакӣ ва ҷавониаш дар Ҳирот гузашта, дар мадрасаҳои ҳамин шаҳр таҳсил кардааст. Аз ҷавру бедодгарии сафавиҳо, низоъҳои мазҳабӣ ва таъқибот фирорӣ шуда, ба Бухоро омад ва то охири умр дар ин шаҳр умр ба сар бурд. Мувофиқи маълумоти тазкиранигор Нисории Бухороӣ («Музаккиру-л-аҳбоб»), Ёрии Хуросонӣ девон доштааст, ки дар он ғазалҳо, қасидаҳо, рубоиҳо, мухаммасҳояш фароҳам омада будаанд. Мавзӯъҳои ашъораш ишқ, шикоят аз беадолатиҳо, панду андарз, тарғиби ахлоқи ҳамида ва ғайра мебошанд. Забони ашъораш содаву равон аст.
Байти зер ба қалами ӯ тааллуқ дорад:
Чун зи маънӣ нест холӣ ошиқи суратпараст,
Пай ба маънӣ мебарад ошиқ ба ҳар сурат ки ҳаст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ёрии Хуросонӣ // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.