Jump to content

Ёркасӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад ибни Амр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ёркасӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад ибни Амр
Иттилооти инфиродӣ
Вироиши Викидода

Ёркасӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад ибни Амр (асрҳои 10-11) — адиб, муҳаддис, шореҳи китоби «Ма­қомот», аз шогирдони Абулқосим Ҳакими Самар­қандӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ дар Самарқанд таълим гирифта, ривояти ҳадис мекардааст. Абулбадеъ Мансур ибни Му­ҳам­мади Самарқандӣ соли 1021 дар Самарқанд аз ӯ истимоъи ҳадис кардааст. Дар ривоят яке аз машоихи Ёркасӣ Абусаъид Муҳаммад ибни Абдуллоҳ аш-Шумонӣ буда, аз тариқи ӯ ба ғайр аз ҳадис боз китобҳои «ал-Фиқҳу-л-акбар» ва «ал-Олим ва-л-мутааллим»-и имом Абуҳани­фа­ро ривоят кардааст.