Ёҳу

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ёҳуҳо
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ

Ёҳу (Larus) — як навъ паррандаи обист. Дарозии танаш 17—55 см, вазнаш 0,55—2,5 кг. Қаноташ дароз, думаш кутоҳ, нӯлаш одатан зарди чангакшакл, пойҳояш сиёҳ, сурх ё зард (панҷаҳои пешаш нардаи шиноварӣ доранд); пару болаш зичи сертибит (бештар сафед). Ранги Ёҳу вобаста ба синну сол ва мавсим тағир меёбад. Дар сохили баҳр, дарё ва кулҳо зиндагӣ мекунад. Шиноварӣ хубест, барои гирифтани туъма чуқур ғута мезавад. Ёҳуҳо дар шахҳоӣ соҳил, найзор, буттаву дарахт ва ё лона сохта, 1—4 дона тухм мегузоранд (тухмашон якранг ё хол-хол), Аа тухм чуҷаи патдор мебарояд. Ё чуҷаашро то паррончак шудан мехӯронад. Дар Тоҷикистон 5 намуди Ёҳуҳо дар ҷазира ва сохилҳои дастнораси Зоркӯл, Яшилкӯл, Қарокӯли Помир (Ёҳуи сарсиёҳ — Larus ichtyetus ва Ёҳуи сарбур — Larus brunnicephalus), ҷариҳои соҳили кӯлу обанборҳои сунъӣ ва поёноби дарёхо (Ёҳуи нуқрагун-Larus argentatus, Ёҳуи кабуд —Larus canus ва Ёҳуи кӯли — Larus ridibundus) маскун аст. Ҳашарот ва кирминаиҳо, нармбаданҳо, мушу каламушро хӯрда, ба хоҷагии қишлоқ фоида меорад. Ёҳу моҳӣ (асосан моҳиҳои камаҳмият) низ мехӯрад.

Ёҳу

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Integrated Taxonomic Information System (ингл.) — 2011.
  2. IOC World Bird List Version 6.3 — 2016. — doi:10.14344/IOC.ML.6.3
  3. World Bird List (ингл.): IOC World Bird List — 6.4 — IOU, 2016. — doi:10.14344/IOC.ML.6.4

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Абдусалямов И. А., Фауна Таджикской ССР, т. 19, ч. 1,
  • Птицы, Душанбе., 1971;
  • Степанян Л. С, Cocтав и распределение птиц фауны СССР, т. 1—2, М., 1975:
  • Птицы, Москва-, 1883.